Гаҳе дар лаҳзаҳои ҳузну ҳирмонҳо, гоҳе дар нафастангиҳои рӯзгори нобасомон, ғоте дар авзои нишотмандиҳои нодиру ноёфт ин як лахти муассир аз як чомаи мисли нову нами чашмаҳои кӯҳсорон ширин дар ҳавои ҷонбахшои лолоии модар ё дар навои ҷонсӯзи «Ман доғ»-и даравгарону хирманкӯбҳои ризқбахшои рустозодаи рустонишини озодаи озодипарасти пуштапарварди заҳматқарин, аз айёми дуродури беғаши бачагиҳо фарои гӯшаш чун аламшинга мезанад, дарунсӯяшро мешӯраду меангезад, ки боз ҳам чун одати дерина хиёлан то ба хиттаи Пуштароғи барояш ошно ҳиҷрат мекунад.
Ин дафъа ҳазорҳо фарсаху фарсанг дур аз ватангӯшаи худ Тоҷикистони биҳиштосо дар мулки ғурбату ғарибӣ дар кишвари Мозамбики қораи қадимаи Африқо дар ангезаи ғолу мағоли хӯвораталабии кӯдакони мардуми таҳҷоии сияҳпӯсти ситорасӯхтаи гирифтори балои фақру бенавоӣ чун ин пораи таронавора наҷво кашид, фурсату фосилае чанд ба кунҷи хилват нуҳуфт бурд, то ғами андсолаи мерос аз рӯзгори сахти бачагиашро бигиряду бимӯяд. Ва пеши дидаҳои маҳзун манзараи хайрбоди хомӯшона бо зодбум-рустои Қалъаи Ҳусайни булукоти Пуштароғи ноҳияи Сангвор, мисле ки дар навори симо падид омад, ки ламолам аз эҳсоси яъсу навмедиҳосту шикасту рехтҳо. Он рӯзи дар назараш тираи тарки деҳаю хонадони падарӣ гуфтанро, ки дасташ дар панҷаи корозмудаю заҳматсудаи шахшули гарму нарми амакаш дар қайди шалдарди ҷонгазои тоқатфарсои иродашикан, аз олами бачагиҳо оҳиста-оҳиста по бурун мекашид, бо ғаризаи зотӣ кайҳо бӯ бурда буд, ки бозгашташ ба диёри кӯҳпечи барӯманди баландноми Вахёи қадамҷои на ғалатам, маскану маъману мадфани ҳазрати Бурхи валӣ, дастикам даҳсолаҳо ба таъхир хоҳад уфтод. Аз ҳама беш дили кӯчаки ӯ ба вазъи харобу хазони модараш Идимоҳ месӯхт, ки шикгирифтаю сокит ба сӯяш дида дода буд.
- Дар ин авзои ҳассос андешае яке дар дилам ҷӯш хӯрд, то ба як силтав ё бо кадом як карашмаю кирди ғофилгиру ҳуққабозию ҳилласозии дигар худро аз амакам канда, мисле ки чиликдангалбозони шикастхӯрдаи қария зу мезанаму таковару ҷуфтакпар ҷони дар ҷуволамро то паропушта кашида, дар оғӯши ҷангалистони дастнахӯрдаи ғови гирду ванои зодбум фаромӯши одаму олам нуҳуфт меҷӯям. Вале дар як чашмзад ин ормон дар дилам бо дарки дарди давонопазири поям ормонӣ гардид. Ва ба худ гуфтам: «Хок бар сарат, Қиём! Туи нимтана куҷову ҳурбаву ҳеваи фирор куҷо?» Амакам Расо Шоев маро ба ташхиси тиббию табобат ба маркази ноҳияи Сангвор (он вақт Тавилдара) овард, аммо духтури чорагари бечора баъди ташхису тағбина нотавониашро дар илоҷи маризии ман ба гардан гирифта, ангушти ишораро ба самти Шифохонаи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) ихтисос дод, — аз ёдҳои дерину пешин саргузашти талховаашро, ки дар ин гетии горӣ роқими сарнавишт дар баробараш рақам зада буд, азёд мегуфт Қиём Асоев, ки дидаҳои хирабини маҳзунаш машки об мешуд.
Дилаш дуруст гувоҳӣ дода буд. Ташхису табобат дар Шифохонаи ноҳияи Рашт ба дардаш нахӯрд, чаро ки маризӣ ҷиддӣ буду давои тӯлонии тибби муосир ва ҳам мудохилаи шифокорони сабукдасти баландихтисосро тақозо мекард. Амаку бародарзодаи рӯҳшикастаи навмед раҳ ба раҳу ҷода ба ҷода ба самту сӯи маркази кишвар шаҳри Душанбе (он вақт Сталинобод) ҳаракат менамуданд. Табибони ҳирфаии донистакори дардшинос ҷойбуди давою дармонашро Шифохонаи маризиҳои устухон, ки дар мавзеи хушманзараи Харангони Варзоб воқеъ буд, муқаррар карданд. Дар бағали табиати афсункору фараҳбор се сол тахтабанди болину бистари беморию маҳруми дидори хешу табору бародару биёр, як дами беғамро надид. Роҳати рахту нӯшханди бахт аз ӯйи бемор ту гуфтӣ барои ҷовидона дар сари қаҳр паси кӯҳи Қоф шаҳриёрӣ баргузидааст, ки на нафасе ромишро мешинохту на лаҳзае осоишро. Дигар ӯ буду таҳаммулу бурдборӣ ба рӯзгори мардкуши сифлапарвар, анде ки аз чанголи дарди музмин ҷон ба саломат барад. Сахт дард мекашид, вале пеши худ мардонаю қатъӣ қавлу қасаму қарор кард, ки саҳлу сабуку сокит сару тан ба мурдан нахоҳад супурд. Ба қасди наҷот аз ин вазъи ноҳинҷор талошу муборизаро бешу болову беҳ аз ҳарвақта барои худ одату оин намуд. Аз даргоҳи Яздону бузургворони хоки Вахё хостори мадад худро таскину тасалло медоду товотов. Табибони масъули машғули дармону давои ӯ, бо эътино ба рӯҳу равони матинаш, иродаи оҳанинаш, разми разинаш ба қасди пирӯзӣ бар деву дади то бас гуфтан бераҳми одамихори беморӣ, дар баробараш сад дар сад дови раҳоиро аз ин марази нодаво ҳадсу фол мезаданд, ки ба гоҳи сарошеб гардидани соли сеюми касалкашӣ пиндори шифокорони ҳозиқ пӯшинаи воқеият ба тан пӯшид.
Ҳоли Қиём андак чи ки хеле беҳ шуд, то ба он ҷое, ки ӯро ба Табобатгоҳу осоишҷои дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор таҳвил доданд, ба он оҳангу қасд, ки дар баробари тамдиди табобат аз таҳсил низ нашъаи дигар бигирад. Навиди фараҳфизоро дар ҳавои такаллуми боэътимоди парасторони сиҳатӣ чун бишнид, дар имтидоди фосилаю фурсати дастикам сесола, аммо дар мизони замонсанҷию гоҳшумории инфиродии ӯ фаротар аз қарнҳо, бори нахуст ба худ болид, на танҳо бо далели рӯ ба беҳӣ ниҳодани саломатӣ ба ҷиҳати ҷисмонӣ, балки ба низ аз он, ки дови рафъи нуқси маънавиашро дар мисоли хонишу саводомӯзию донишандӯзӣ дар дабистон ҳамакнун дубора дар меорад. Воқеан, то дар банди ин маризии музмини саъбу сахт сангин уфтодан ӯ дар мактаби маҳаллӣ ба ҷиҳати донишомӯзию таълиму тадрис аз ҷамъи шарикдарсон пешхезу пешгому пешоҳангу пешбин меомад. Ин, ки гаҳу ногаҳ кирду карашмаҳои булъаҷабаш, шуъбадабозию шӯхшангиҳои бачагонааш, амсоли аз тавила раҳо кардани хару хингали мардум ё аз тӯру қилаку қафасу болонҳои барниҳодаи сайёдону шикоршиканҳои бераҳм сар додани кабкҳои дарию мурғҳои даштӣ, оҳую нахчир, моҳию дигар анвои сайдҳо барои масъулини дабистону сарварони хонаводааш мушкил пеш меовард, дуруст аст. Аммо ин ҳама аъмоли нозебу ношоямро бо завқу шавқи доништалабии ҳамвора талофӣ мекард. Хуш ба ҳоли Фирдавсии Тӯсӣ, ки ҳазору анд сол пеш дурри сухан судаю суфта, то бад-ин осо давопанди муассиреро гуфта: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ки дар мисоли Қиём-ин бачаи кӯҳистонии ҳамватанаш бори дигар чун садҳо ҳазор пайт дар саройи сипанҷ амалан исботи худро ёфт. Чӣ фоли неку чӣ лаҳзаи муқбилу чӣ довидеринтизори мусоиде, ки ҳамакнун ӯ боз аз нӯшаву нашъати хонишу дониш, аз ин малҳами ҷисму ҷон, осоиши рӯҳу равон дар дабистони дараи Алмосӣ ба қадри кофӣ бархӯрдор хоҳад буд.
Баъди гузора гардидани фурсати табобату фосилаи тадрис ӯро ба Хонаи бачагони шаҳраки Норак фиристоданд. Миёни ҳамсолон ба бӯи лингаки лангаш як кам эҳсоси ҳиҷолат менамуд. Аз як нигоҳи мармуз ё бишнидани ҳарфу ҳиҷои бадоҳатану бидуни ҳадафи муайян баргуфтаи кадом як нафари шартакигӯе ҳам, мисле ки девори намкаш онро ба дил наздик мегирифту маъюсу малул мегардид, вале ба талқини ҳикмати «Боз моем, ки мардем, бародар, бархез» худро таскину тасалло медоду заъфу нуқси равониашро пеши касу хасе на ифшо мекард, на иқрор.
Бо хонишу дониши чун амвоҷи дарё дам ба дам даманда иззати озодагию шарафмандиашро ҳифз мекард. Дур аз остону нишемани падарӣ ва маҳруми истеъмои ҳарфу ҳикматҳои раҳомӯзи модар тамоми таҳсилу такаллумаш дар забони русӣ сурат мегирифт. Техникуми политехникӣ (соли 1962), Донишкадаи кишоварзӣ (1977), Академияи хоҷагии қишлоқи ИҶШС-и шаҳри Москваро дар ҳамин забон ба поён расонд. Маҷрои минбаъдаи зиндагию кору пайкораш низ ороста ба зевари забони мазкур буд. Вале бехӣ пушаймон нест аз ин, чаро ки ҳини таҳсил дар Техникуми политехникии шаҳри Душанбе дар мисоли Гуля (Ойгул Саидмуродова) ном тоҷикдухтараки русзабони ситорагарме, на ки як ҳамсар, лобал ҳамрозу ҳамбол, ҳамҳолу ҳамсиголашро дарёфт, ки ба шарофати ӯ баъди муддати мадид бори нахуст гулбонги ҳароратомези инсони комил будан дар вуҷудаш садо дар доду варо ба ғалаёни меҳру муҳаббат кашид. Воқеан, ин духтарак низ баъди вафоти падараш, ки сарварии Театри ба номи Пушкини шаҳри Ленинободро (Хуҷанди ҳозира) бар дӯш дошт, дар ятимхонаҳо ба камол расида, забони модариашро фаромӯш карда буд.
- То ифшои муҳаббат ба ӯ сад дашту дамани чуну чароҳоро пушти сар кардам. Пас аз андешаву сиголишҳои пинҳонии тӯлонӣ алфози ё ҳаёт ё мамот дар дил таваккал карда, дар қимори зиндагӣ ҳама буду набудамро вом ниҳодам. Агар ӯ посухи рад медод, уболашро ба гардани пойи лангам андохта, баъд аз ин ҳаёт дар дунёи равшан бароям берангу бӯ, бенуру бенамуд будӣ. Ин издивоҷ маро дуболо тушу тавону мадоро бахшид, ки воқеан инсони комил ҳастам, -қисса мекунад Николай Асоевич.
Оре, Николай Асоевич, ин афрӯза дар баробари ному насаб солҳои бешуморе на танҳо ба исми муқаррариаш, балки ба мухотабаш табдил ёфту шиносномаи шинохту муаррифиаш гардид. Чӣ дар муҳити хонаводагӣ, чӣ дар ҷойҳои гуногуни кор ҳама бо эҳтиром Николай Асоевич садояш мекарданд. Ва лафзу лаҳни модарияшро ҳам дар вусъати рӯзгори тавил худноогоҳ аз зеҳну зикраш фурӯ ҳишт. Аммо ба гоҳи номгузории тифлон ғаризаи модарзодӣ ӯву ҳамсарашро водор сохт, то исмҳои тоҷикӣ биҷӯяд. Фарзандонашро Дилбару Гулнора ном ниҳод. Духтаронаш ҳар ду Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, яке дар ватани бобоияш Тоҷикистону дигараш дар хориҷ аз кишвар барои ҳифзи тандурустии мардум заҳмат мекашанд. Гулнора низ бо шавҳараш Фурқат аз даҳшати даргириҳои шадиди солҳои 90-уми қарни мозӣ, ки мулки тоҷикро ба хоку хун мекашид, рӯ ба ҳиҷрати Финляндия ниҳоданд. Аз илми тиб азбаски асою муттако доштанду ба ҷиҳати ирсӣ зеҳни вирою ақли расо, дар фосилаю фурсати на чандон тӯлонӣ дар кӯи ғурбату ғарибӣ ҳам, барои худ ҷойгоҳи сазовор оростанд.
Бо ташаббусу такопӯ, мақсаду маромҳои неку, ба сози пешварони забардасти номҷӯ дар заминаи малакаю маҳорату масъулиятшиносии касбӣ ҳамакнун Шифохонаи қиёфаҷарроҳии хусусии худро дар шаҳри Туркои кишвари мазкур таъсис доданд, ки феълан фаъолияти пурсамар дорад. Аз соли 1994 дар ин мамлакат ба сар мебаранд. Ба қавле, ба муҳити маҳаллӣ хӯ гирифтаанду ба иқлими мутафовуташ аз Тоҷикистон обгардиш шудаанд. Мақоми шаҳрвандиро низ дарёфтаанд. Ҳанӯз ҳавасу ҳавои баргашт ба ватанро надоранд, илло ки ба суроғу хабаргирии волидайни худ ё ба қасди тафреҳу фароғат. Дар ин маврид пандвораи мазкури шоири борикназару шаккаршикани адабиёти оламгири форсу тоҷик Сойиби Табрезӣ: «Ороми ватан суди сафарёфтаро нест», метавонад ҳамчун далели ҳақбаҷонибишон дар тасмими худ хидмат кунад. Ва боз муҳимтар аз ҳама ин аст , ки Гулнораю Фурқат ба гунаи як ҳамватану ҳамтабор меросбари дастмӯзаҳои илмии табибони дастони тоҷик Закариёи Розию Бӯалӣ Сино мубаллиғу муаррифгари тибби муосири тоҷик дар миёни мардуми финоӣ рисолати хешро анҷом медиҳанд. Ҳубби ватан ҳамчун ҳадиси саҳеҳ дар сувайдои дили онҳо маъману маскан бигзида, ки аз пешрафтҳои мардуми тоҷик сар ба гардун месоянд дар ғояти ифтихор. Чаро ки ниҳоли решапайванду парвардаи ҳамин хоку обу оташу боди муқаддаси мамлакати муҳташами мардумпарвари тоҷиканд. Ва ҳам ба он хотир, ки падари бузургвори Гулнора дар обёрию ободонию мазраазеб гардондани даштҳои доғи минтақаи гуногуни хиттаи Хуталон ва бунёди иншооти тавлиди неруи барқи Сангтӯдаю Роғун умре заҳмат кашидаю соҳиби шаъну шарафу шону чанд мансабу мартабаву ҷоизаву унвон амсоли Ирригатори хизматнишондодаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ИҶШС, ордени «Дӯстии халқҳо» ва ифтихорномаҳои дохилию хориҷӣ гардидааст. Дар пасманзари ин набиштаҳои мухтасар диловарию фатҳу кушоишҳои бенадиду беназир дар арсаи меҳнату заҳматҳои ҳирфаии як тан мутахассиси варзидаи тоҷики пуштароғии соҳаи об ниҳон аст, ки зикраш ба таври фишурда ҳам касро дар ғояти ҳайрату шигифт мегузорад. Нақши дастони муъҷизакору маҳсули зеҳнию фикрии Қиём Асоевро ба ҳайси устои қаторию муҳандиси соҳибтаҳсилот, саркори бинокорон, сардори Колоннаи механиконидашудаи рақами 13, сарвари Раёсати сохтмонии «Яванводстрой», муовини роҳбари Сарраёсати «Тоҷикводстрой»-и Вазорати хоҷагии ИҶШС, муовини директори Раёсати «Роғунсохтмон» дар иншооти азамати гидротехникии оҳуни Ёвон, обмӯриҳои зеризаминии «Парчасой», «Лойқасой», бунёди пойгоҳҳову таҳияву тадвини хатти ноижаҳои обёрии заминҳои синабирёни водии Ёвону Ғозималику Бешкенту Қарадуму Данғара, эҳдоси неругоҳҳои барқи обии «Роғун»-у «Сангтӯда-1», садҳо иморати фарҳангию маишӣ, биноҳои истиқоматию идорӣ дар минтақаҳои гуногуни маъмурию ҷуғрофӣ, на ки як дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз сарзамини мо низ имрӯзҳо метавон мушоҳида кард, ки ба манфиати мардуму мамлакат мехӯранд.
Соли 1988-ум Қиём Асоевро бо эътино ба сатҳи баланди тахассусӣ ва таҷрибаи корӣ ба Москва даъват намуда, дар вазоратхонаи марказ як ҳайати эъзомияеро иборат аз 18 тан коршиноси риштаи муҳандисию обёрӣ таҳти роҳбарии ӯ мураттаб карданду ба кишвари Мозамбики қораи Африқо фиристоданд. Дастикам 4 сол онҳо дар ин мулки ғарибӣ заҳмат кашиданду лоиҳаи шодоб намудани 1000 гектар замини киштро аз рӯдхонаи дар олам машҳури Лимпопо анҷом доданд. Дар ин кор низ маҳорату малакаи касбиро дар ҳаллу фасли ҳар мушкил бо камоли кордонӣ истифода мебурд. Зердастонаш, ки намояндаҳои миллатҳои гуногун буданд, ба супоришҳои ӯ фармон мебурданд, чаро ки дар ҳама масъалаи ҳирфаӣ ба ҷиҳати касбӣ тавонмандии раҳбари худро медонистанд. Дар баробари онҳо мутахассисони Италия ва Португалия низ фаъолияти мушобеҳ мебурданд. Миёни фиристаҳои Иттиҳоди Шӯравию давлатҳои дигар ба наҳве рақобати пинҳонии ҳирфаӣ мерафт. Мутаассифона, тавонмандии техникаҳои дар ихтиёрдоштаи дастаи Қиём Асоев ба онҳо баробар намеомад, ки вазъи мазкур аз шикасташон дар ин рақобат дарак медод. Вале мутахассиси соҳибиродаю бозаковати тоҷик ғайричашмдошти ҳама илоҷи ин мушкилро пайдо кард. Дар ибтидо тайи 6 моҳ забони португалиро то ҷое балад гардид, ки тарҷумонро аз ифои вазифа мураххас намуда, ҷаласаю машваратҳоро худ дар ин лисон мегузаронд. Забони португалиҳою итолиёиҳоро ба ин васила ёфту экскаватору булдозерҳои онҳоро дар мавридҳои зарурӣ ройгону муфт истифода мебурд. Ин тадбир имкон фароҳам сохт, то рисолати худро қабл аз рақибони хеш дар сатҳу сифати баланд анҷом диҳанду бо сари баланду дили пур ба Ватан баргарданд.
Мӯйсафед аз фарзандонаш Гулнораю Дилбар, навасаҳояш Сабинаю Ясмина, ақрабою пайвандони пушти падарию модарӣ, бавижа додараш Юсуф Шоев, шогирдони бовафо, дӯстони қадрдон, ҳамкорону ҳампешаю ҳамшаҳриҳои ба ҷону дил баробар, сахти сахт миннатдор асту шукргузор, ки танҳояш намегузоранд. Вагарна баъди сари ҳамсар муддате таку тоқа ҳаёт ба сар бурда, дар қабзаю қайди шиканҷаҳои равонии одамхор афтода буд. Чанд фурсату фосилае, ки дар суҳбат бо ин инсони наҷиб будем, манзилашро маҳруми меҳмон наёфтем.
Боре ӯ дар ҳузури меҳмонон дар бораи таассуроти тару тозааш аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлобу пазироии самимии мардум аз Сарвари баргузидаи худ, ки тавассути гузориши зиндаи телевизионӣ тамошо карда буд, бадоҳатан бо як ҷаҳон ихлосу самимият ибратангезу пандомӯз қисса карду зимнан иқрор омад: «Маҳз суханҳои раҳомӯзи ин фарзанди фарзонаи меҳану миллат буд, ки дар парниёни рӯъё дар қораи Африқо ба суроғам расиду маро ба асли худ бозпас овард. Ин рисолат насиби мардони Худодод аст». Ҷамъи ҳозирин, ки намояндагони минтақаву музофоти гуногуни маъмурии кишвар буданд, ба тақвияти ин гуфтаҳо аз бихрадию арҷгузории Пешво ба арзишҳои пурғановати миллати хешу мероси фарҳангии ниёгон, сиёсати созандагию ободкориҳо, ғамхориҳои рӯзафзун дар ҳаққи мардуму ба суди меҳан аз дидаю шунидаҳои худ қисса карданду Сарвари давлати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро сано хонданд. Аммо ин иқрори қаҳрамони мо зидахли ангезаи ба асли худ бозгаштан барои банда куллан мармузу махфию ноифшо монд дар ин маҷлис. Суҳбат чун ба хатми худ расиду нишеманаш аз меҳмонон тиҳӣ, аз сари лутфу ниёз тафсилоти рӯйдодро аз Қиём Асоев хостам. Ӯ калобаи суханро дар дуки хотираҳо ба ин шеваю шигирд ришт: «Дар ноҳияи Данғара миёнаи солҳои 80-уми садаи гузашта ба кори бунёди иншооти обкашӣ машғул будам. Рӯзе як тан аз роҳбарони хоҷагии кишоварзии маҳаллӣ аз ман хоҳиш кард, то барояш ба қадри муайян лӯлаҳои обкашӣ дастрас намоям. Дар алфозаш самимияту садоқати хидмат ба мардуми хоҷагиаш ва дастрасии об ба мазрааҳои кишоварзӣ эҳсос мешуд. Ҷозибаи суханаш, одоби волои муошираташ маро моту мабҳут кард. Чун фурсат даст дод, аз Душанбе як мошини пуриқтидорро пур аз лӯлаи интиқоли об намуда, раҳ ба сӯи ноҳияи Данғара ба ҳаракат овардем. Аммо бар асари як тасодуми тасодуфӣ бори мошин ба дараи кӯҳӣ ҷар шуд. Аз ин ҳодиса роҳбари хоҷагиро чун дар ҷараён гузоштам, ӯ бо як табассуми самимонаю соф гуфт: «Аҳсану сад аҳсан, тоҷики асил будаӣ, ки хоҳиши маро дар замин нагзоштӣ». Аз ин арҷгузории самимона барои хидмати нобасомону нимкораам дар хиҷолат афтодаму бо талошу такопӯ тавассути техникаҳои пуриқтидор ноижаҳоро аз дараи кӯҳӣ берун кашида, то анбори хоҷагӣ таҳвил додам. Ба дил ангоштам, ки ӯ низ як тан аз фарзандони арҷманду баиқболи зодаю парвардаи модари тоҷик асту симои нуронӣ ва ҷозибаи суханаш аз ояндаи рӯшану рахшо башорат медиҳад. Дар ин ҳадсу фоли худ дилам ба ғалат нарафта будааст, ки ҳамакнун ин фарди фарзона то ба сатҳи сиёсатпешаи мумтозу дақиқназару дараҷаю рутбаи давлатмадори фароҷаҳонӣ расида, ҳамчун Президенту Пешвои баргузидаи меҳану мардум аз манофеи умдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пуштибонӣ мекунад. Дар аввалин рӯзҳои будубоши худ ба ҳайси роҳбари мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ зимни сафари кории тӯлониам дар кишвари Мозамбики Африқо дар хобам ӯ падид омаду гуфт: «Ту тоҷики асил будаӣ!» Мушавваш аз рахти хоб хестам. Орому сокит таъбири хобамро ҷустам. Ба ҷуз ин ки арзишмандтарин ҷавҳари ҳастиам — забони ноби модариамро бохтаам, гузориши дигаре барои рӯъёи худ, ҳазор бор ҳам, ки бо дидаварӣ кофтам, наёфтам. Шарм доштам аз тоҷик будану нотоҷикии худ. Дар ин ангеза мисли ғаввосе ба қаъри бебуни дарёи бекарони хотираҳои рӯзгори бачагиҳои худу деҳкадаам ғуттазанон аз садафи лаҳну гӯиши модарӣ дона-дона марворид кашида, ба хазинаи луғавиам меандӯхтам. Ба зудтарин фосилаю фурсат мани ғофили гумгашта ба васли асли худ расидам. Аз ин рӯйдоди ширину шево бештару беҳтар Гуляҷони шаҳшақоиқи мазраи сабзи дилам мешукуфту меболид, ки худи ман…».
Ин бувад ба ҳукми муште аз хирвор, ки ҳосилашро аз хирманҷои зиндагиномаи пурбаракати пури гандуми тоҷики асил Қиём Асоев кавсан гирифтем.
Холмаҳмад МАВЛОН, рӯзноманигор