Бозгӯйи мушкилот

«Бочкаи борут»-и минтақа

№50 (3530) 16.04.2016

afgВақте даъватномаро ҷиҳати иштирок дар Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Афғонистони муосир. Таҳдиду хатарҳои нав» (шанбеи гузашта доир гардид) дастрас намудам, авзои кунунии ин ҳамсоякишвар ва таърихи муносиботи гуногунҷанбаи онро бо кишварамон мавриди омӯзиш қарор додам. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тӯлонитарин сарҳадро бо кишвари мо дорад. Муносиботи дипломатӣ бо он соли 1992 шурӯъ гардида, соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандиашро ба роҳандозии муносибатҳои барои тарафайн судманд миёни Тоҷикистон ва Афғонистон расман изҳор дошт. Моҳи августи соли 2003 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон ва моҳи декабри ҳамон сол сафари Бурҳониддин Раббонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифта, барои ҳамкориҳои минбаъда заминаи боэътимод гузошта шуд. Минбаъд, ҳамкориҳо дар ҳама самт ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардида, ин раванд бемайлон идома дорад. Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки Роҳбари давлати Тоҷикистон шояд ягона сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бошад, ки ба таври мунтазам, шоиста ва дар заминаи далелу арқоми асоснок аз манфиатҳои ин кишвари ҷангзада ҳимоя намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти он ҷалб намудааст. Ин нукта аз ҷониби нухбагони ин кишвар низ эътироф шуда, онҳо Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти асили мардуми афғон меноманд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Холиқназар шурӯъ гардид. Дар маърӯзаи ӯ, ки «Равандҳои ҷадид дар геополитикаи Афғонистон» ном дошт, иқдомоти Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба ҳалли мушкилоти Афғонистон матраҳ гардид.

Бино ба гуфти номбурда, соли 2009 дар ин раванд тағйи­роти геополитикӣ ба амал омад, ки аз соли 2012 як қисмаш ҷомаи амал пӯшид. Соли 2012 ҳамрадиф бо ИМА, Афғонистон бо Хитой низ шартномаи шарикии стратегиро ба имзо расонид. Х. Холиқназар махсус таъкид намуд, ки агар шартномаи шарикии стратегӣ миёни Афғонистон ва ИМА-ро президентҳои ин кишварҳо ба имзо расонида бошанд, чунин шартномаро бо Чин Президенти Афғонистон бо муовини вазири амнияти иҷтимоии Хитой ба имзо расонид. Расонидани кумаки иқтисодӣ дар ин раванд масъалаи меҳварӣ маҳсуб шуда, ба шарофати сармоягузории Хитой истихроҷи маъдан ва нефт дар шимоли Афғонистон шурӯъ гардид.

- Роҳбарияти Чин муътақиданд, ки роҳи ягонаи ҳалли қазияи Афғонистон дипломатӣ – сиёсӣ аст. Биноан, тамоми амалкарди онҳо аз масъалаи мазкур маншаъ гирифтааст. Дар маҷмӯъ, иқдомоти Чин оид ба масъалаи мазкур равшан ва муассир мебошад, — афзуд директори Маркази стратегӣ.

Дар идома Х. Холиқназар аз қувват гирифтани неруҳои мухолифи Ҳукумати Афғонистон ёдовар шуда, гуфт, ки бидуни дасти қавӣ ва мудохилаи беруна ин омил ғайриимкон аст. Чунин вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҷабҳаи аввали муқовимат қарор дорад, водор менамояд, ки чораҳои бетаъхир андешад.

- Барои ҳалли қазияи Афғонистон форматҳои гуногун пешниҳод шудаанд. Вале айни замон бештар формати Чин – Афғонистон – Покистон фаъолтар аст. Ба ҳар сурат, бидуни иштироки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳиндустон ҳалли он имконнопазир аст, — хулоса намуд Х. Холиқназар.

Дар суханронии мушовири Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат Шамсиддин Зардиев бештар масоили иқтисодӣ таҳлил шуд. Аз фаъолияти пурмаҳсули Комиссияи байниҳукуматӣ, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ баён шуд. Бунёди шаш кӯпрук миёни Тоҷикистон ва Афғонистон василаи тавсеабахши ҳамкориҳо ва бунёди инфрасохтори коммуникатсионӣ раванди муттасил арзёбӣ гардид.

Маълумоти пешниҳоднамудаи муо­вини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, полковник Шараф Эгамов қобили таваҷҷуҳ буд. Номбурда зикр намуд, ки бинобар дар чорроҳаи манфиатҳои геополитикии кишварҳои  абарқуд­рат қарор доштани кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ ба онҳо зиёд шудааст, давлатҳои манфиатдор дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави таъсиррасонӣ ба онҳо мебошанд. Амалиёти ҳарбии Федератсияи Россия дар Сурия ин равандро тавсеа бахшида, давлатҳои манфиатдорро водор намуд, ки нақшаи истифодаи ҷангиёни ДИИШ-ро комилан дигар созанд. Дар ин замина, интиқол ва истифодаи онҳо дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон, амалӣ шуда истодааст. Воқеаҳои охири вилоятҳои Қундуз ва Бадахшони Афғонистон далели возеҳи ин гуфтаҳост.  Тибқи суханони номбурда, дар ин вилоятҳо аъзои гурӯҳҳои ифротии «Толибон», «Ҷундуллоҳ», «Ансоруллоҳ» ва ғайра мавҷуданд. Миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ низ буда, бо фаро расидани мавсими гармо хавфи гузаштани онҳо ба мамлакатҳояшон ва амалӣ намудани фаъолияти тахрибкорона аз эҳтимол дур нест. Гуфта шуд, ки давоми ду соли охир шумораи ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон бамаротиб зиёд гардида, айни замон зиёда аз 6500 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки тайи 15 соли охир, яъне пас аз воридшавии неруҳои Эътилофи байналмилалӣ ба Афғонистон, истеҳсоли маводи мухаддир 50 баробар афзудааст.

Корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, полковник Исроил Файзов дар мавзӯи «Таҳлили таҳдиду хатарҳои асосӣ аз Афғонистон» суханронӣ намуд.  Бино ба гуфти ӯ, вазъият дар Афғонистон рӯз то рӯз муташанниҷ шуда истодааст. Масъалаи мазкур хеле нигаронкунанда аст, зеро амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Хитой аз вазъияти Афғонистон вобастагӣ дорад. И. Файзов иброз намуд, ки зуҳури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аз соли 1978 – замони ворид гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки он шурӯъ гардида, то имрӯз бемайлон идома дорад. Аз ҳамон айём ин кишвар ба майдони бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ва дар ин замина рӯи кор овардани гурӯҳҳои экстремистӣ гардидааст. Барои мисол, ҳаракати «Толибон» дар оғоз ҳаракати қабилавӣ маҳсуб меёфт ва бар зидди тоҷикон, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо равона шуда буд. Баъдтар, бо кумаки хоҷагони хориҷиашон ин гурӯҳ фаъолияташро тавсеа бахшида, аксар маврид ҳамчун абзор истифода мешавад. Далели возеҳи ин суханон сарпечӣ намудани «Толибон» аз иштирок дар раванди музокироти сулҳ буда метавонад. Тибқи маълумоти номбурда, танҳо дар соли 2015 зиёда аз 200000 сокини Афғонистон кишварро тарк кардааст.

Директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Маҳмадов аз он ёдовар шуд, ки Афғонистон баробари Япония истиқлолият ба даст оварда буд. Вале имрӯз сатҳи пешрафти ин кишвар бо Япония аслан қобили қиёс нест. А. Маҳмадов эътироф намуд, ки сатҳи ватандӯстии мардуми Афғонистон воқеан ҳам хеле баланд аст, вале бо ин ҳама онҳо натавонистанд дар ҷодаи миллатсозӣ комёб шаванд.

- То замоне ки ин кишвар майдони бархӯрди манфиатҳо боқӣ мемонад, барқарории сулҳу субот имконнопазир аст, — гуфт номбурда.

- Мактабу маориф омили асосии муътадилсозии вазъияти Афғонистон буда метавонад. Шояд баъзеҳо ба ин пешниҳод бо назари шубҳа нигаранд, вале воқеият чунин аст. Аз насли давоми сӣ соли охир дар ин кишвари ҷангзада ба воя расида, ки танҳо автомати Калашников ва истеҳсоли маводи мухаддирро василаи таъмини зиндагӣ медонад, чиро умедвор метавон шуд? — андешаашро асоснок намуд маърӯзачӣ.

Профессор А. Сатторзода маърӯзаи худро, ки «Афғонистон. Аз бунбасти сиёсӣ ва низомӣ то бунбасти ҳалли қазия» ном дошт, асосан дар заминаи иқтибосҳои вобаста ба масъ­алаи мавриди назар баёнгардида ироа намуд. Ба андешаи ӯ, баъд аз хурӯҷи неруҳои Эътилофи байналмилалӣ вазъият дар Афғонистон муташанниҷтар шуда, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракати «Толибон» тақвият ёфт.

- Нафарони саршиноси ин кишвар низ муътақиданд, ки дар ин раванд ИМА, Покистон ва ҳатто баъзе масъулини вазоратҳои амният ва дифоъ саҳм доранд. Бояд дарк кард, ки «Толибон» ба ҳеҷ ваҷҳ неруи мустақил  ва ягона набуданду нестанд. Онҳо василае ҳастанд дар дасти соҳибонашон, ки онҳоро кумаки моддӣ ва низомӣ мекунанд. Биноан, то он кишварҳо низ ба музокирот ҳавасманд нагарданд, аз «Толибон» иқдомеро умеддоштан нашояд, — афзуд номбурда.

Ба андешаи устоди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Ҳ. Саидов, Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон дучори буҳрон аст. Омили нигаронкунанда он аст, ки Ашраф Ғанӣ аз ин фурсат барои бақои ҳукмрониаш истифода намуда истодааст. Коршинос аз тавсеа ёфтани фаъолияти тарғиботии гурӯҳҳои ифротӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки дар давоми якуним соли охир ҳолатҳои аз сафи полис фирор намудани кормандон тамоюли афзоишро касб намудааст, ки ба густариши корҳои ташвиқотӣ рабт дорад.  Дар ин радиф, бесарпараст (вазир) будани мақомоти кудратии ин кишвар вазъиятро боз ҳам душвортар намудааст.

- Бозингари асосӣ дар қазияи Афғонистон ИМА аст. Дигар кишварҳо, агар хоҳанд ҳам, наметавонанд дар ин раванд «саҳмгузор» бошанд. Барои мисол, нақши Чин дар робита ба масъалаи мазкур ҳеҷ вақт намоён набуду нест, зеро Чин дар сиёсати ҷаҳонӣ пассив аст. Покистон бинобар вобастагиҳояш наметавонад дар ин самт фаъол бошад, — андеша дорад коршиноси мазкур.

Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС Ҳаким Абдулло Роҳнамо дар раванди мубоҳиса вобаста ба пешниҳоди як идда ҷиҳати ба кишвари федералӣ табдил додани Афғонистон изҳор дошт, ки дар ин сурат аз ҳама бештар тоҷикони муқими Афғонистон бо бохт мувоҷеҳ мешаванд. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳолати зикршуда имкони таъсиси  ҳатто як вилоят барои тоҷикон имконнопазир  аст.

- Федерализатсия шудани Афғонис­тон ҳаргиз ба манфиати тоҷикон ва Тоҷикистон нест, — хулоса намуд Ҳаким Абдулло Роҳнамо.

Дар идома масъулини МТС, Сарраёсати Қӯшунҳои дохилии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати энегетика ва захираҳои об, ДМТ, Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонис­тон низ доир ба ин мавзӯъ суханронӣ намуданд.

Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки  мушкилоти Афғонистон ва кишварҳои ба майдони бархӯрди абарқудратҳо табдилёфта барои ҳама дарси ибрат буда, муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир аст, ки якояки мо ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои Пешвои миллат расем. Ин ҷо овардани суханони ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ шодравон Асадулло Ғуломовро бамаврид медонам. Номбурда зимни сафарашон ба ВМКБ, ки бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи Шоҳон – Зиғар, гуфта буд, ки «барои расидан ба қадри дастовардҳои мамлакат ва муътақид шудан ба сатҳи баланди зиндагии ҳамватанонамон танҳо ба он сӯи дарё (манзураш навоҳии бо Афғонистон ҳамсарҳад буд) назар афкандан кифоя аст». Ба ин суханони пурҳикмат чизе илова намуданро ҷоиз намедонам.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»