Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти хешро танҳо ба ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохт, то ба имрӯз идома дода истодааст. Маҳз бо ташаббуси намояндагони ҳизби мазкур солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистонро буҳрони сиёсӣ фаро гирифт ва ҳатто хатари аз байн рафтани он пеш омад. Баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ, соли 1997 миёни Ҳукумати конститутсионӣ ва ҷониби мухолиф Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ҳукумати кишвар бо мақсади сулҳу субот ва оромии мардум ҷиноятҳои содирнамудаи намояндагони ин ҳизбро бахшида, барои мухолифин шароит фароҳам овард, то ки иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри инкишофи Ватан озодона фаъолият намоянд. Мутаассифона, ҳодисаҳои як соли охири кишвар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки намояндагони ин ҳизб на танҳо ислоҳ нашуданд, балки баҳри расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш тамоми чораро меандешанд ва барои онҳо Ватан, миллат, ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ вуҷуд надорад.
Нуқтаи ниҳоии ҳадафҳои ғаразноки онҳо ҳуҷуми мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири мудофиа ва яке аз иҷрокунандагони нақшаҳои ин ҳизб, ба шумор меравад. Пас аз ин фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон мамнӯъ гардид ва роҳбараш айни замон дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад. Вале, ҳамоно роҳбари ҳизби мазкур сафсата мегӯяду умед дорад, ки метавонад бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат ояд. Мусоҳибаи охирини Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаи «payom.net» далели гуфтаҳои боло мебошад.
Кабирӣ зимни ҷавоб ба саволи «Билохира Раҳмон расман ҲНИТ- ро ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам кард… Ӯ бо ин ҳарфҳо ба кӣ ва чӣ паёме мехост бидиҳад?», қайд менамояд, ки: «Паёми ин суханронӣ ҳамин аст, ки дигар сулҳу ваҳдат ва миллати ягонаи тоҷикро эътироф надоранд. Барояшон мардуми тоҷик ба ду гурӯҳ тақсим мешавад: дӯст ва душман, худӣ ва бегона, онҳое, ки ғуломона бояд итоат кунанд ва онҳое, ки бояд кушта ё зиндонӣ шаванд. Дигар ба касе раҳм нахоҳад шуд, на ба худаш, на ба хешу табор ва на ба молу мулкаш».
Аҷаб ҳазёнхонӣ мекунад ин Кабирӣ. Магар онҳое, ки аз сулҳу субот ва оромии кишвар қаноатманд ҳастанду хостори таҳким бахшидани он мебошанд, ғуломанд. Вале, тавре маълум аст, маҳз наҳзатиҳо ҳастанд, ки худро ғуломи кишварҳои бегона кардаанду амру фармонҳои онҳоро бе чуну чаро иҷро менамоянд. Имрӯз бошад, ба хотири тафриқа андохтан миёни ҷомеа маҳз чунин ақидаҳоро иброз медоранд.То ҳол ягон нафарро барои ибрози ақидааш на зиндонӣ кардаанду на ба қатл расонидаанд. Агар сухан дар бораи зиндониҳои наҳзатӣ равад, пас ҳама хуб огоҳӣ доранд, ки онҳоро барои кадом ҷурмҳо равонаи зиндон кардаанд.
Ҳатто озод шудани Зарафои Раҳмонӣ — собиқ мушовири раиси ин ҳизб ба дурӯғ будани андешаҳои Кабирӣ далолат мекунад.
Дар идома Кабирӣ қайд кардааст, ки: «Худованд ва миллат шоҳид аст, ки то лаҳзаи охир наҳзат ҳама корро кард, то ин беақлиро накунанд, касеро ба ҷанг муттаҳам накард ва ҳатто, ҷиноятҳо алайҳи сулҳу ваҳдатро ҳам ба шахсе ё гурӯҳи хосе нисбат намедодем».
Чунин ибрози ақида сари чанд вақт аст, ки аз забони наҳзатиҳо садо медиҳад. Яъне, онҳо гуфтанианд, ки то ҳол Ҳукуматро барои ҷанг муттаҳам накардаанд. Дуруст аст, ки то ҳол чунин андеша аз забони наҳзатиҳо садо надодааст. Ин танҳо ба он хотир аст, ки наҳзатиҳо то ҳол ягон мадраке барои гунаҳкор кардани Ҳукумат дар даст надоранд. Тамоми зиёнкориро дар солҳои 90-ум наҳзатиҳо анҷом дода буданд. Маҳз онҳо буданд, ки мардумро таблиғ барои ҳиҷрат ба хоки Афғонистон намуданд. Дар натиҷаи «кӯшиш»-и онҳо ҳазорҳо мардуми бегуноҳ бехонумон гардиданд. Имрӯз бошад, аз дур сафсатагӯйӣ менамоянд. Ба андешаи мо, гунаҳкории Ҳукумат дар он дида мешавад, ки сари вақт натавонист аз бадкориҳои наҳзатиҳо мардумро огоҳ намояд.
Баҳром Қодирӣ