Масъалаи истифодаи захираҳои об ва норасоии оби ошомиданӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Барои дарёфти ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Барои ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тақвияти ҳамкориҳо роҷеъ ба масъалаи об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки масъулони баландпоя, олимону коршиносони давлатҳои гуногуни ҷаҳонро боз дар як ҳамоиши бонуфуз ҷамъ орад.
Аз ин рӯ, 9-11 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳама ба об ва санитария» дар назар дошта шудааст. Ташаббускорони он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Дар ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ ширкат хоҳанд кард. Афзун намудани зарфияти мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи захираҳои об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ва котиботи Ҳамоиши сатҳи баланд таъсис ёфта, корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин бора дар брифинге, ки 17 июни соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сухан рафт. Дар он намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд. Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба рафти омодагӣ ва чорабиниҳо ба Ҳамоиши сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе маълумот дод.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»