Фитна як фишанги қудратҳои имрӯзи султаҷӯ аст, ки барои фалаҷ сохтани эҳсосу андешаи рақибони худ равона мешавад. Фитнаҷӯён унсурҳоеанд, ки барои фазосозии қудрати манфиатхоҳон ҳамчун донаҳои нард дар фазои ҷомеаҳо андохта мешавад, то бо ҳар шакле, ки меафтад, аз ӯ манфиате ба даст оранд, новобаста аз он ки дар кадом шакл қарор дорад.
Мақолаи яке аз рӯзноманигорони рӯзномаи «Комсомольская правда» Сергей Пономарёв бо номи «Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее» (Тоҷикистон: аз карахтии шӯравӣ ба ояндаи дурахшон) аз чунин фитнакориву ҳангомаҷӯйиҳо мебошад.
Аввалин ҷумлаи таҳқиромез ва нафратангези Сергей Пономарёв ин бартариятҷӯйии нажодӣ аст, ки мисли фашистони нажодмеҳвар даъво аз авлавиятхоҳии қавми худ мекунад. Ӯ бехабар аз моҳияти инсонӣ даст ба таҳқири миллатҳои дигар задааст, бехабар аз он ки худ ва миллати худро ба истеҳзо кашида, даррандасифатии худро ошкор сохтааст.
Образҳои Равшан ва Ҷамшед, ки аз образҳои рамзию мусбати мардуми тоҷик аст, мутаассифона, аз тарафи мазҳаканигорони рус барои таҳқири муҳоҷирони Осиёи Марказӣ истифода мегарданд. Ин таҳқир ва фитна буда, то ба ҳол идома дорад ва рӯз то рӯз кинаю адовати байни миллатҳоро аланга мезанад. Акнун он образи мусбате, ки аз мардуми рус дар зеҳнияти тоҷик ба вуҷуд омада буд ва ҳамчун як қавми меҳрубону дилсӯз ва пешсаф пазируфта мешуд, ба як образи истеъморгар ва бадтар аз фашистони мардумхор табдил шуда истодааст. Чунин зеҳниятсозӣ ва фазосозии фитнаи рӯзноманигорону ҳаҷвнигорон оқибати харобкории муносибатҳоро ба вуҷуд оварда, фазои қудрати иттилоотии Россияро ба нобудӣ хоҳад расонид. Дар шароити имрӯза, ки Аврупо, Амрико ва дигар шарикони стратегии онҳо рӯз то рӯз таҳриму фишорҳоро ба болои Россия зиёд месозанд, боз аз дохил чунин фитнаангезоне ҳастанд, ки бо чунин иқдомҳои душманони Россия ҳамсӯ шуда, аз кишварҳои дӯсту ҳамшарик душман сохта, фазои буғранҷ ва маргборро рӯи қудрати Россия таҳмил месозанд.
Агар мо ба вазъи геополитикӣ ва геосиёсии қудрати Россия дар даҳ соли охир нигоҳ кунем, хоҳем дид, ки чӣ гуна бо чунин фитнакориву фитнаангезӣ рӯзноманигорону ҳаҷвнигорон фазои ҷудоихоҳиву русбадбиниро дар Украинаи ҳамтабори славянӣ ба вуҷуд овардаанд. Натиҷаи чунин амалҳои зишт буд, ки таҳримҳову фишорҳо рӯи миллат ва қудрати рус роҳандозӣ шудааст ва он рӯз дур нест, ки қудрати байналмилалии Россияро дар ҳоли фалаҷшавӣ қарор диҳад.
Пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чунин фитнаҳову дурӯғпароканиҳо, ба мисли русбадбиниву нобоварӣ ба қудрати рус ба вуҷуд омада буд, ки оқибат боиси аз ҳам рехтани шӯравӣ ва ба чунин вазъ гирифтор шудани Россия гардид. Яъне, Россия дар ҷангҳои иттилоотию кибернетикӣ ҳам аз дохил ва ҳам аз берун бо дасти чунин фитнаангезон, ба амсоли Пономарёв, рӯз то рӯз заиф шуда, бохтҳои навбатиро дар минтақаҳо интизор аст.
Рӯзноманигор ҷиҳати зоҳирии муҳоҷиронро таҳқиромезона тасвир намуда, пӯшидани либосҳои дӯхти чиноиву урупоиро боиси паст гардидани шарафи инсонӣ донистааст.
Пеш аз он ки ин рӯзноманигор ҷиҳати зоҳирии муҳоҷиронро баррасӣ месохт, бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ мекард, ки чаро дар 70 соли шӯравӣ миллатҳо аз маҳсулоти «Маде ин Россия» истифода мебурданд, аммо имрӯз ҳама аз кроссовкаҳои «Адидас» (Adidas) ва маҳсулоти дигар кишварҳои пешрафта истифода мекунанд, на Россия? Бояд сари ин нуқта андешид, ки чаро маҳсулоти Россияро касе истифода намекунад? Ҳатто аз истифодаи он шарм мекунад. Магар ин нишонаи заъфи иқтисодиву сиёсии Россия нест?
Чаро маҳсулоти Россия, на танҳо дар берун, балки дар дохили Россия қадр надорад? Чаро як муҳоҷир аз Осиёи Миёна аз пӯшидани либосҳои бренди русӣ худдорӣ мекунад?
Дар замони шӯравӣ миллати рус ҳамчун бародар мояи ифтихор ва ҳатто рафтораш шоистаи таҳсин буд. Мардум ба он пайравӣ мекарданд ва дар ҳамкорӣ бо онҳо, чи хеле ки муаллиф мегӯяд, заводҳову фабрикаҳои зиёд сохта шуд. Аммо имрӯз чӣ шуд, ки мо аз миёни ин миллат нафареро пайдо намекунем, то чунин робитаҳои судмандро барқарор кунад? Фаромӯш набояд кард, ки чунин бартариятҷӯйиву такаббур ба манфиати Россия нест, балки хиёнат ба Россия аст, на ба дигар кишварҳо. Мо хуб медонем, ки низоми демократӣ низоми мардумсолорӣ буда, дар он мақом ва шарафу номусу ҳайсияти инсон авлавият дорад. Паст задан, таҳқир намудани як миллат ба муносибатҳои муштараки байнидавлатӣ халал ворид сохта, ҳисси бадбиниву кинаву адоватро боло мебарад ва оқибатҳои ногуворро дар пай дорад.
Чунин муносибатҳо ва бартариятҷӯйиҳо боиси ифротӣ шудани муҳоҷирони тоҷик гашта, хатари терроризму экстремизмро тавсеа мебахшад. Вақте муҳоҷирони тоҷик дар Россия таҳқир мешаванд ва наметавонанд худро ҳамчун инсон эҳсос кунанд, ҳатман ба гурӯҳҳои ифротиву ҷиноӣ рӯ оварда, бо куштану ғорат кардан ва даҳшатафканӣ чунин бархӯрдҳоро ҷуброн месозанд. Шояд решаи пайвастшавии аксари нафарони тоҷикистонӣ ба ДИ дар чунин муносибати баъзе аз неофашистони рус бошад. Ин хатар рӯз то рӯз афзун хоҳад гашт ва на танҳо ба Тоҷикистон, балки барои Россия низ хатарзо хоҳад буд.
Мавзӯи дигари ин матлаб шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба чунин ҳоли табоҳ расидани мардуми пасошӯравӣ мебошад. Давлати шӯравӣ на ба дасти тоҷикон ва миллатҳои дигар, балки ба дасти шовинистони рус шикаста шуд. Акнун онҳо дар пайи шикастани Россия мебошанд.
Табдили номгузорӣ магар боиси бадномкунии рус мегардад? Миллати тоҷик магар ҳуқуқ надорад, ки тарзи номгузории худро дошта бошад? Бояд Сергей меандешид, ки чаро давлати шӯравӣ дар тӯли мавҷудият номҳои маҳаллии ҳар кишварро, аз ҷумла худи Россияро, барои манфиатҳои идеологӣ тағйир дод? Барои ҳувиятсозӣ осори гузаштаро сӯзонд, хароб кард ва ба нестӣ расонд. Миллати тоҷик баъди ҷанги дохилӣ он чиро, ки боқӣ монд, оҳиста- оҳиста аз нав таъмир кард, аз нав сохт ва дар оянда низ хоҳад сохт. Чӣ номи мавзеъҳо ва чӣ номи одамон барои ҳувиятсозии ҳар миллат муҳим аст ва ҳеҷ рабте ба таҳқиру тавҳини миллати дигар надорад.
Ин рӯзноманигори ҳарзагӯй навиштааст, ки чиноиҳо тоҷиконро дар кишвари худ «гастербайтер» кардаанд, вале худ магар боре андеша накардааст, ки дар Россия ҳазорҳо ширкати амрикоиву урупоӣ ва чиноӣ вуҷуд доранд, ки русҳоро кор мефармоянд ва баъзан ба ивази як шиша шароб. Аз мизони чунин тартиб, магар рус дар кишвари худ «гастербайтер» нест?
Муаллифи иғвогари ин мақола бояд донад, ки таҳқири муҳоҷирони тоҷик таҳқири миллат ва давлати рус аст, ки дар муносибат ба инсон чунин бархӯрдҳои ваҳшиёна дорад. Пономарёв ва ҳаммаслаконаш, ақаллан як бор аз муҳоҷирони рус, ки ба Урупо ҳиҷрат мекунанд, пурсон шаванд ва донанд, ки чӣ тавр бояд бо муҳоҷир муносибат кард?
Ҳазорҳо шаҳрванди тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои муҳофизати Россия ҷон бохта, кишвари паҳновари шӯравиро, ки Россия марказаш маҳсуб меёфт, аз фашистони мардумхор ҳимоят карданд ва дар бунёди сохтмони шаҳрҳои Россия саҳми зиёд гирифтанд. Онҳо намедонистанд, ки баъдан ин кӯрзеҳнҳову намакношиносон худ ба фашист табдил меёбанд.
Мо агар нуктапардозиву айбҷӯйӣ кунем, ҳазорҳо айбу камбудӣ, чӣ дар ҷомеаи тоҷик ва чӣ дар ҷомеаи Россия пайдо мекунем, аммо инсони оқил ба ҷойи таҳқир бояд аз пайи ислоҳи камбудӣ бошад.
Аз Ҳукумати Тоҷикистон низ дархост мекунем, ки муҳоҷирони тоҷикро ба дигар кишварҳои дӯсту шарик фиристонад ва ҳамзамон, як консепсия доир ба роҳҳои ҳалли алтернативии мушкилоти муҳоҷират таҳия карда, муҳоҷирати кориро бо дигар кишварҳо ба роҳ монад, то аз таънаҳои душманони дӯстнамо барканор бошем ва аз хатари даҳшатафканону ифротгароён эмин бимонем.
Ёрмуҳаммад НИЁЗОВ, пажӯҳишгар, номзади илмҳои фалсафа