Тайи чанд соли охир «фолбинӣ» аз ҷониби як идда ба ном коршиносон ба ҳукми анъана даромадааст. Ин раванд дар арафаи тағйироти кадрӣ ва рӯйдоди муҳими сиёсӣ вусъат ёфта, баъзе журналистон минҳайси «котибони матбуотӣ» андешаҳои подарҳавои нафарони мавриди назарро расонаӣ мекунанд. Агар рафту тасодуфан аз 1000 «пешгӯйӣ»-и ин «бузургон» якеаш анқариб дуруст барояд, журналистони кисагиашон аз онҳо чунон «пайғамбар» «метарошанд», ки мардуми аз асли воқеа ноогоҳ минбаъд низ «мунтазир»-и фолбиниашон мешаванд.
Ин навбат чунин тамоюлро дар робита ба қонуни авф, ки шояд дар арафаи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат аз ҷониби Президент пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул шавад, шоҳидем. Ноогоҳии ин «аллома»-ҳо аз раванди таҳия ва қабули қонун то ҳаддест, ки ба ин назаранд:«Қонуни афв, ки миёни мардум чун «авфи тиллоӣ» маъруф асту баъзеҳо бетоқатона интизориаш мекашанд, «комилан махфӣ» таҳия мешавад. Барои таҳияи қонун гурӯҳи махсус аз мансабдорони ҳукумату ҳуқуқдонҳои варзида ташкил шудааст ва онҳо барои ифшо накардани нуктаҳои асосии санад ҳушдори ҷиддӣ гирифтаанд. Қонун дар арафаи ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва фақат баъд аз имзои Президент нашр мешавад».
Ҳамрадиф бо ин, баъзе расонаҳо андешаҳоеро, аз қабили «ин санад то рӯзи имзояш аз сӯи раисиҷумҳур набояд ифшо шавад, зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, дастраси омма шудани тарҳи қонун баъзеҳоро барои содир кардани ҷиноятҳое таҳрик медиҳад, ки барои онҳо авф пешбинӣ шудааст» нашр ва пахш намудаанд.
Ба андешаи инҷониб, на дастрас шудани маълумот дар бораи лоиҳаи қонуни мавриди назар, балки «фолбинӣ»-ҳои як идда боиси ҳангомасозӣ атрофи он мегардад, зеро бо ифшои маълумот дар мавриди лоиҳаи фавқ касе «Амрикои нав намекушояд».
Дар заминаи хиради воло ва хислатҳои неки инсонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи соҳибистиқлолии мамлакат шонздаҳ маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардида, дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар низ қабул шуданаш ба ҳеҷ ваҷҳ падидаи ғайримунтазира нест, зеро он ҷашни бузурги миллӣ буда, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар арсаи байналмилалӣ эҳтиром ва нуфузи хосаи худро пайдо намудааст. Ҳамватанони азиз бояд дарк намоянд, ки ибтикороти мазкур (манзурам қабул шудани 16 қонуни авф аст) аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани меъёрҳои бунёдии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, яъне ҳаёт, қадр, номус ва шаъну шарафи инсон маншаъ гирифтааст.
Қабул ва татбиқи қонуни мазкур ҷиҳати ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон ва дигар шахсони ҷиноятсодирнамуда таъсири мусбат мерасонад. Шахсоне, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ озод мешаванд ё ҷазои онҳо кам ва сабук мегардад, аксаран ислоҳ шуда, ба муҳити оила, ба ҳаёти орому осоишта мегузаранд, аз роҳи ҷинояткорӣ ва олами ҷиноӣ даст мекашанд, ба рӯзгору оилаи худ машғул мешаванд. Ин, албатта, ба ҷамъият ва давлат низ хеле фоидаи калон дорад. Агар моҳияти қонунҳои қаблан қабулшударо мухтасар бозгӯйӣ намоем, пас ҳолатҳои зерини авфи маҳкумшудагон ва шахсони ҷиноят содирнамуда, аз қабили озод кардан аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, озод кардан аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагон масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб мешаванд.
Биноан, шаҳрвандонро мебояд ба «фолбинӣ»-и як идда дар мавриди қонуни зикршуда фирефта нашуда, қонунмеҳвар бошанд. Ба ибораи дигар, «агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун шав».
Далер Мерганов, «Садои мардум»