Нигаронии рӯзноманигори тоҷик аз дасисабозиҳои Сергей Пономарёв – хабарнигори «Комсомольская правда»
Изҳороти Шарифи Ҳадампур – сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар хусуси таҳқиру истеҳзо ва ришханду пичинги тоҷикон аз тарафи рӯзноманигор Сергей Пономарёв ҳеҷ касро бетараф нагузошт.
Шарифи Ҳамдампур дар изҳороташ, ки зимни як нишаст барои доираи васеи рӯзноманигорон пахш гардид, аз ҳангомаҷӯйии сомонаи «КР. PU», ки он зерсохтори «Комсомольская правда» мебошад, нигаронӣ кард.
Шӯрангезию дасисабозии пан Пономарёв дар мақолааш «Тоҷикистон: аз карахтии шӯравӣ ба ояндаи дурахшон» муносибати ӯро бо як миллати соҳибтамаддун, ки ҳанӯз дар ифшои фарҳанги антиқию ҷаҳонгираш неруҳои зеҳнӣ оҷизӣ мекунанд, собит месозад.
Ба рус будани Сергей Пономарёв шубҳа дорам. Русҳо аслан ин хел тарзи баёни андеша надоранд ва ӯ шояд аз майдамиллатҳои манқуртшуда бошад, ки ба русҳо гаравида, байни ин ду миллати некандеш нифоқангезӣ мекунад.
Ягон рус ба тоҷик нигоҳи бадбинона надошт. Агар медошт, ин қадар русҳо ба адабиёт, забон ва фарҳанги тоҷикон мароқ зоҳир намекарданд.
Мулоҳиза кунед: Чаро фарҳанги ӯзбекҳо шарқшиносони беҳтарини русро мувоҷеҳ насохт, ҳарчанд сари ҳар қадам топонимикаву этимология ва диалектҳои форсӣ дар ҳудуди имрӯзаи Ӯзбекистон ба онҳо рӯ ба рӯ меояд.
Хулосаҳои шитобкорона, андешаҳои ботил одати воқеии номбурда шудааст, ки дигар ба иззати нафс расидану вайрон кардани меъёрҳои ахлоқи байналмилалӣ, хоса инсониро намебинад.
Ӯ чеченро таҳқир намекунад, зеро ҷон ширин аст.
Изҳороти рӯзноманигори тоҷик мавқеи шаҳрвандии шахсест, ки аз диди худ сухан мегӯяд ва дар ибрози андеша аз касе бим надорад.
Як миллатро дар образи Равшану Ҷамшед муаррифӣ кардан камоли камхирадист.
Ҳарзаю тундгуфторӣ шарафи ҳеҷ миллатро боло намебарад. Муҳаққиқони зиёде ба Тоҷикистон омада, солномаю сафарномаҳо навиштанд. Сергей Пономарёв бошад, сар ба сари хар монда, расм мегирад. Шояд ӯ муҳаббати худро ба хар нишон доданист, вале табиати хар дигар аст.
Ба андешаи инҷониб, аз нашри рӯзномаи «Комсомольская правда» худдорӣ кардан лозим нест, чунки мо боз мувоҷеҳ мешавем ба ин матлаб: «Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ».
Барои як кайк пӯстинро оташ задан камоли инсоф нест. Найрангбозию шӯъбадабозиҳои пан Пономарёв бори аввал нест. Аз ин тоифа шиква кардану гиламанд шудан камоли адл нест.
Барои ӯ ҷавоби муъҷазу содабаён ин аст:
Гар баде гуфт ҳасудею рафиқе ранҷид,
Гӯ: Ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ надиҳем.
Абдухолиқи Мирзозода, «Садои мардум»