Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз 27 феврали соли ҷорӣ ба хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе парвозро дубора оғоз менамояд. Дар ин бора котиби матбуотии ширкати мазкур Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, афзуд, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва вуруди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.
Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Пекин рӯзҳои душанбе соати 1640 ва сешанбе соати 330 шабона тариқи ҳавопаймои Боинг 757 – 200 сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соату 30 дақиқа, аз Пекин ба Душанбе 6 соату 40 дақиқа буда, арзиши чипта дар ҳар ду самт 1 ҳазору 748 сомониро ташкил медиҳад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»