Раванди дингароӣ ба ҷараёни ҷомеаи дунявӣ мухолифат ва ба ташаккули соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ халал ворид мекунад. Роҳи пешрафт ва ягона воситаи рушду нумӯи ҳар давлату миллат таъсир нарасонидани арзишҳои динӣ ба арзишҳои дунявӣ мебошад, зеро дар ин росто, равандҳои дархӯри ҷаҳони муосир мунтазам ташаккул меёбанд. Ақидаҳои исломгароҳои ашаддӣ бошад, ба тафаккури олами муосир созгор нест.
Ҳамин буд, ки шоми 16-уми июли соли равон дар Ҷумҳурии Туркия кӯшиши табаддулоти низомӣ барои сарнагун сохтани ҳукумати феълии ин кишвар рӯи кор омад. Ин ҳодиса таҳти сарварии як қатор афсарони баландрутбаи Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия амалӣ гардид.
Вале, аз чӣ сабаб бошад, ки фирориёни Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон кӯшиши табаддулоти низомии Туркияро шадидан маҳкум намуда, онро мухолиф ба иродаи миллат ва қонунҳои Туркия донистанд. Ин дар ҳолест, ки пайравони ТЭТ ҲНИТ, махсусан, раиси Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳаводиси моҳи сентябри соли гузаштаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода рух дод, даст дошт. Он замон собиқ қумондони Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда хостори роҳандозии табаддулот буд, вале шикаст хӯрд. Дар вақти задухӯрди мусаллаҳона наздик ба 17 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ шуд, вале касе аз пайравони ТЭТ ҲНИТ онро маҳкум накард, аммо имрӯз тарроҳони воқеаи Туркияро сарзаниш мекунанд.
Бар замми ин, ҳатто наҳзатиҳои гуреза бо хушомадзанӣ «муқовимати ҷасурона ва пирӯзии мардуми Туркияро дар дифоъ аз озодӣ ва қонуният ба миллат ва ҳукумати Туркия табрик гуфта, онро нишонаи бедорӣ, ҷасорат ва худгузаштагии миллати бародар ва дӯсти Туркия» донистанд. Ба ин тариқ, ҳамақидаи ҳукумати кунунии Туркия ва ҳаракатҳои ифротию террористӣ будани худро нишон медиҳанд. Хиёнате, ки М.Кабирӣ ва Абдуҳалим Назарзода содир намуданд, боиси марги одамони бегуноҳ гашт. М.Кабирӣ, роҳбари худхондаи ТЭТ ҲНИТ бо кумаки аҷнабиён ва мансабхоҳони дохилӣ алайҳи ин марзу бум баромада, ба шӯриш бархоста буд. Он замон низ барои пайравӣ ба ақидаҳои бегонагон тарғиб бурда, баъзе аз он хоҷагони хориҷиро ба худ дӯст хонда буданд.
Дар баробари ин, вобаста ба воқеаҳои Туркия Руҳуллоҳ Тиллозода — писари Муҳиддин Кабирӣ якуякбора дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва ӯ низ чун роҳбари ТЭТ ҲНИТ амалиёти Туркияро маҳкум намуд, дар ҳоле ки шахсан дар ҳаводиси моҳи сентябр даст дошт. Мақомоти Тоҷикистон бо пахши гузорише дар шабакаҳои телевизионӣ собит кардаанд, ки Руҳуллоҳ Тиллозода як рӯз қабл аз ҳодисаи 4-уми сентябр ба Абдуҳалим Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА додааст. Акнун вай воқеаи Туркияро маҳкум мекунад, дар ҳоле ки худ пайванди террористиву ифротгаройӣ дорад.
Рустам Раҳимов