1 июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Кӯдакон ба ҳама меҳрубонӣ арзандаанд, аммо дар оянда чизеро мунтазир бояд шуд, ки ба онҳо айёми тифлию наврасиашон додаем

№61 (3698) 01.06.2017

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо Қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон аз ноябри соли 1949   ҳар сол 1 июн ҷашн гирифта мешавад.

Кӯдакон муъҷизаю доди худовандӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин ҳисобида мешаванд. Айёми кӯдакӣ давраи ширинтарини ҳаёти ҳар як инсон маҳсуб ёфта, вуҷуди кӯдакон аз ҳиссиёти зишту мағшуш орӣ мебошад. Кӯдакон зеҳни тоза, хотираи қавӣ ва муҳимтар аз ҳама, дили поку беолоиш доранд.

Дар табиат тамоми ҷонзоди рӯи олам насли худро дорад ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт, нигоҳубину навозиш, ғамхорӣ ва парвариш менамояд, зеро дар ин давраи ҳаёт он қудрати худро ҳимоя кардан надорад. Фаҳми баду нек, зиёну манфиат ва хатарро намеравад. Гоҳо мебинем, ки хурдтарин паранда ё ҳайвон ба хотири ҳифзи чӯҷа ё бачаи худ бо душмани аз худаш даҳҳо маротиба пурқувваттар задухӯрд мекунад ва ҳатто ҷони худро нисор менамояд.

Мутаассифона, дар муқоиса бо ҳайвоноту парандагон, инсон нисбат ба фарзандон бепарвоӣ, бетаваҷҷуҳӣ, ҳатто бераҳмӣ зоҳир менамояд. Дар ин бобат мисоли зиёд овардан мумкин аст. Алалхусус, дар замони мо ҳодисаҳои номатлуби азобу шиканҷа додан, савдо кардани фарзандон ва ҳатто ба қатл расондани онҳо аз тарафи падару модарон ба мушоҳида мерасад.

Ҳеҷ кӯдак бо хоҳиши худ ба дунё намеояд. Сабаби аввали ба дунё омадани фарзанд Худованд, баъд аз он падару модар мебошанд. Бинобар ин, нисбат ба қисмати ояндаи фарзандон набояд хунукназарӣ кунем ва онҳоро ба ҳукми тақдир ҳавола намоем. Мутаассифона, вазъ дар ин бобат на дар он сатҳе қарор дорад, ки бояд бошад. Дар бадбахтии кӯдакони бечора гоҳо падарон ва гоҳе модаронро гунаҳкор карданӣ мешаванд. Дар асл, аксар ҳолат гуноҳи ҳар ду тараф мебошад, ки аз ғуруру такаббури ноҷо, хислату рафтори манфӣ, носабурию кӯтоҳандешӣ, ҳатто аз баҳсҳои ночиз фарзандони хурдсол худро қурбони беандешагиҳо менамоянд, ки дар натиҷа рафтору амалҳои ношоистаи волидон дар сурати ранҷу азоб ба кӯдакони бегуноҳ бор мегардад. Ба ин, пеш аз ҳама, мо — калонсолон гунаҳкор ҳастем. Чунки ҳам дар таълими фарзандон коҳилию хунукназарӣ зоҳир намуда, тарбияи даркориро дода наметавонем, ҳам «қарз» — и падару модарӣ адо мекунем гуфта, бе тайёрӣ хеле барвақт ба зиндагии мустақилона гусел мекунем. Умед ба он мебандем, ки чун зиндагӣ ба сарашон бор шуд, ақлашон медарояд. Ҳол он ки ақл, шуур худ аз худ ташаккул намеёбад.

Мушкил ва гоҳо узри асосии падару модарони бемасъулият нисбат ба таълиму тарбия ва нигоҳубину ба камол расондани фарзандон дар рӯҳияи солим надоштани шароити дурусти иқтисодӣ, набудани ҷойи кор ё маоши нокифояи сарварони оилаҳо мебошад. Доираи муайяни падарон бо баҳонаи кор ба хориҷ сафар намуда, бо ҳамин дар мулки бегона аз паи зиндагии осон мешаванд ва зану фарзандони худро фаромӯш мекунанд. Модарони зори бемаълумот, беихтисос, ки бо умеду ваъдаҳои зиёди шавҳарон хонашиниро ихтиёр кардаанд, чӣ кор карданро намедонанд. Баъзеи онҳо аз ноилоҷӣ рӯ ба бозор меоранд ё дар корхонае дар баҳои музди тамоман ночиз фаррошӣ менамоянд, ки бо он рӯзгорро таъмин кардан номумкин аст. Дар натиҷа, кӯдакон тамоман беназорат, аз таҳсил дур монда, бо доираҳои ҷиноӣ мепайванданду ба амалҳои ношоиста ва оқибаташон хавфнок даст мезананд. Ашхос ва гурӯҳҳои таассубкоре низ имрӯзҳо ошкору ниҳон фаъолият карда, аз бадбахтии кӯдакон бо мақсадҳои ифлосу ғаразнок суиистифода менамоянд. Аз онҳо дузд, қотил, муҷоҳиду террорист, таассубкорони динӣ, маргталабони ояндаро тайёр мекунанд. Ҳатто дар шаҳри Душанбе ҳодисаҳои рабудан ва беному нишон гум шудани кӯдакон ба қайд гирифта шуд, ки то ба ҳол нисбат ба тақдири чанд тани онҳо касе чизе намедонад.

Дар мавридҳои алоҳида, наврасон дар муқоиса, бо падарони бенангу номус ва бешафқат боинсофтару масъулиятшиностаранд ва ба хотири дарёфти қути лоямуте иҷрои меҳнати вазнинро ба уҳда мегиранд. Мошин мешӯянд, аробакашӣ ва хизматгорӣ мекунанд. Боз ҳам аз бечорагии онҳо корфармоёни беинсоф суиистифода намуда, маблағи ночиз медиҳанд. Дар натиҷа, наврас аз таҳсил дур монда, аз хурдӣ меҳнатзада мешавад, саломатиашро аз даст медиҳад, қобилияти инкишофи ҷисмониаш суст мегардад.

Ҳама масъулиятро ба зиммаи падару модарон бор кардан низ аз рӯи инсофу адолат нест. Падару модарони бешафқат бояд ангуштшумор бошанд.  Бисёре аз волидон омодаанд, ки барои фарзандонашон ҷонашонро диҳанд, барои хуб ба камол расиданашон шароит фароҳам оранд, вале дасткӯтоҳанд. Ҷавонписарони оилаҳои камбизоатро, ки дар муқоиса бо фарзандони мансабдорону сарватмандон дар шароити нохуби иқтисодию маишӣ ба камол расидаанд ва аксаран аз лиҳози солимӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷавобгӯ нестанд, баробари расидан ба синни ҳаждаҳ ба ёд овардани ниҳодҳои давлатӣ, чун комиссариатҳои ҳарбӣ низ мантиқан дуруст нест. Ташкилоту муассисаҳои дахлдор, аз қабили тандурустӣ, иҷтимоӣ аз рӯзи ба дунё омадани кӯдакон дар солиму бардам ба воя расидани онҳо бояд саҳмдор бошанд. Чунин тасмимгириҳо, фарқгузориҳо аз рӯи адолат буда наметавонад ва арзишҳои меҳру муҳаббат, садоқат, бародарию баробариро дар онҳо ботил мегардонад.Чунин як муносибати одилонаро нисбат ба духтарон ҳам дар назар бояд дошт, зеро онҳо модарони ояндаи миллат ҳастанд.

Ягона давраи хушбахтию осудаҳолии инсон давраи кӯдакӣ мебошад. Бо гузашти он ба гирдоби мушкилу муаммоҳои зиндагӣ меафтад. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро аз ин айёми ширин маҳрум набояд гардонид. Кӯдаконро ба дорою  нодор, сиёҳу сафед, хубу бад набояд қисмат намуд. Ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ фарзанди инсон ҳастанд.

Ба ҳар ҳолат, ба бахти кӯдакони ятиму бепарастор мактаб — интернатҳо фаъолият менамоянд, ки аз падару модарон кӯдаконро беҳтар парасторӣ намуда, таълиму тарбия медиҳанд. Таассуфангез аст, ки падару модарони алоҳидаи чор ишкелашон дуруст кӯшиш менамоянд, ки фарзандонро ба интернатҳо супоранду худро аз бори масъулият раҳоӣ бахшанд. Ногуфта намонад, ки муассисаҳои мазкур дар мавриди парваришу таълиму тарбияи кӯдакон хеле афзалият доранд. Кӯдакон дар онҳо беназорат, бесавод намонда, ба фаҳми дӯстию рафоқат дар оила мерасанд ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия меёбанд. Аммо, мисле ки ғизое ҷои шири модарро гирифта наметавонад, дар ин муассисаҳо бачаҳо аз нарасидани муҳити оилавӣ, навозишу меҳри гарми падару модар азоби рӯҳӣ мекашанд. Бинобар ин, ҳоло дар баъзе аз мамолик мактаб — интернатҳоро ботадриҷ барҳам дода, кӯдакони ятиму бепарастор ба оилаҳои хоҳишманд ба парасторӣ дода мешаванд ва давлат ба онҳо ёрдампулӣ мерасонад. Лекин ин усули ҳанӯз ноозмуда маълум нест, ки чӣ боздеҳе дорад? Мактаб – интернатҳо аз имтиҳони зиндагӣ ҳанӯз аз солҳои аввали инқилоб ва даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  гузаштанд ва намунаи олии инсондӯстӣ, раҳму шафқатро нишон доданд.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон як қатор тадбирҳо, аз ҷумла манъи истифодаи мактаббачаҳо дар мавсими пахтачинӣ, ба фароғату истироҳати солимгардонӣ фаро гирифтани онҳо дар лагерҳои истироҳатӣ, кумакҳои молӣ ба мактаб — интернатҳо, гузаронидани тӯйи суннатии писарбачаҳо, тӯйи арӯсию домодии навхонадорон аз оилаҳои камбизоат, қабул ва дар амал ҷорӣ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва монанди он роҳандозӣ мегардад. Инчунин хуб мебуд, агар қонуне ба тасвиб расонда мешуд, ки тибқи он табобати кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ройгон сурат мегирифт. Дар сайёра теъдоди кӯдакони аз ҷангу хунрезиҳои таҳмилӣ, офатҳои табиӣ, қашшоқию гуруснагӣ, бемориҳо ранҷ мебурдаю ба ҳалокат мерасида ба миллионҳо мерасад. Дар давлатҳои алоҳидаи қафомонда ақидаҳои хурофотӣ ҳанӯз ҳам пойбарҷо, кӯдакони ятиму бесарпаноҳ ба ғуломӣ фурӯхта шуда, ҳатто қурбон карда мешаванд, ки ин ҷомеаи ҷаҳониро набояд бетараф гузорад. Ҳоли зори кӯдаконро дар Афғонистони қариби чор даҳа дар гирдоби ҷанг қарордошта, дар Ироқу бархе аз мамолики арабию африқоӣ тасаввур кардан даҳшатовар аст. Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, дар ҷаҳон 246 миллион кӯдак, аз онҳо 73 миллион то 10 — солагӣ ба меҳнати вазнин машғуланд. 300000 кӯдак дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок мекунанд, 149000 нафар аз норасоии озуқа танқисӣ мекашанд, 34 фоизи кӯдакон дар зери фишор қарор доранд. 1 миллион кӯдак дар конҳои хатарноки зеризаминии Африқо ва Америкаи Ҷанубӣ дар коркарди тилло, металлҳои қиматбаҳо ранҷ мекашанд. Дар плантатсияҳои давлатҳои Аврупо 284000 кӯдак, аз ҷумла 40 фоиз духтарон меҳнати вазнин мекунанд.

Дар маҷмӯъ, аз чигунагии муносибати оила, ҷомеа ба кӯдакон муносибати онҳо ба оянда муайян мегардад. Аз онҳо чизеро интизор шудан мумкин аст, ки дар айёми тифлию наврасияшон додаем.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»