Лоиҳаи ин санадро Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои 2020-2021 раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад, таҳия кардааст.
Дар матни санад Маҷмаи умумии СММ ба фаъолияти СҲШ дар соҳаи таҳкими сулҳ ва амният баҳои баланд дода, онро муҳимтарин созмони минтақавӣ арзёбӣ кардааст. Фаъолияти давлатҳои аъзои СҲШ, мутобиқи Шартномаи дарозмуддати неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ аз 10 августи соли 2007, ба минтақаи сулҳи пойдор, дӯстӣ, шукуфоӣ ва ризоят табдил додани фазои СҲШ равона шудааст. Маҷмаи умумии СММ ёдовар мешавад, ки дар қатъномаи 71/14 кӯшиши кишварҳои аъзои СҲШ ҷиҳати мусоидат ба субот ва ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ба инобат гирифта шудааст. Дар ин замина, ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тсиндао (9-10 июни соли 2018), инчунин, нишасти нуздаҳум дар Бишкек (13-14 июни соли 2019) ва ҷаласаи бистум таҳти раёсати Федератсияи Россия (10 ноябри соли 2020) дар шакли видеоӣ зикр шудаанд. Дар санад, инчунин, ба талошҳои кишварҳои аъзои СҲШ барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм баҳои баланд дода шудааст. Дар ин робита, аҳамияти Протоколи ҳамкорӣ байни Маркази минтақавии зиддитеррористии (ММЗТ) СҲШ ва Созмони Милали Муттаҳид (UNODC), ки 22 июли соли 2012 ба имзо расидааст, зикр гардидааст. Инчунин, ҳамкории хуб ва созандаи ММЗТ СҲШ ва Раёсати зиддитеррористии СММ, аз ҷумла, бо Маркази зиддитеррористии СММ бо мақсади татбиқи Стратегияи умумиҷаҳонии зиддитеррористии СММ таъкид мегардад.
Бо эътирофи нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо маводи мухаддир ва бо дарназардошти натиҷаҳои сиюмин иҷлосияи махсуси Маҷмаи умумӣ оид ба проблемаи ҷаҳонии маводи мухаддир (Ню-Йорк, 19-21 апрели соли 2016), Маҷмаи умумии СММ аз СҲШ даъват мекунад, ки ҳамкориро дар ин самт идома диҳад.
Инчунин, аз ҷониби Котиботи СҲШ имзо шудани ёддоштҳои тафоҳум бо ЭСКАТО ва ЮНЕСКО дастгирӣ ёфтааст. Кӯшишҳои СҲШ барои рушди ҳамкорӣ бо дигар ташкилоти минтақавӣ, ба монанди СААД, ИДМ, АСЕАН, СВМДА ва ЭКО, инчунин, бо КБСС зикр гардидаанд. Изҳори итминон шудааст, ки таҳкими ҳамкории СҲШ ва СММ ва сохторҳои он ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусоидат мекунад. Бо дарназардошти нуктаҳои зикршуда, Маҷмаи умумӣ ба Котиби генералии СММ пешниҳод мекунад, ки бо истифода аз форумҳои мавҷудаи байниидоравӣ ва форматҳо, аз ҷумла, муколамаи солонаи интерактивии сатҳи баланд байни Котиби генералии СММ ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ ва ғайра машваратҳои мунтазам идома диҳад.
Маҷмаи умумии СММ тасмим гирифт, ки зербанди «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай»-ро дар банди «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавӣ ва ташкилоти дигар»-и рӯзномаи муваққатии иҷлосияи 77-ум шомил кунад.
Дар сомонаи интернетии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021, ҳамчунин, қайд шудааст, ки аз 2 декабри соли 2004 СҲШ дар Маҷмаи умумии СММ мақоми нозирро дорад. 5 апрели соли 2010 Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ байни котиботи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид. Қатъномаҳои зерини Маҷмаи умумии СММ оид ба ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул шудаанд: 64/183 аз 18 декабри соли 2009, 65/124 аз 13 декабри соли 2010, 67/15 аз 19 ноябри соли 2012, 69/11 аз 11 ноябри соли 2014, 71/14 аз 21 ноябри соли 2016 ва 73/334 аз 30 августи 2019.