Аз ҳаёти парлумонҳои ҷаҳон

Парлумони Ӯзбекистон афви зиндониёнро тасдиқ кард

№131 (3611) 18.10.2016

Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо пешниҳоди Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон, афви зиндониёнро бахшида ба Рӯзи Конститутсия, ки 8 декабр таҷлил мешавад, тасдиқ кард.

Бар асоси он занони зиндонӣ, онҳое, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят камтар аз 18 сол доштанд, мардони аз 60-сола боло, шаҳрвандони хориҷӣ ва зиндониёни маъюб озод хоҳанд шуд.

 Таҳияи А. САМАНДАР