Пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии СҲШ

№42 (4304) 03.04.2021

Ҳафтаи сипаришуда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба баррасии лоиҳаи  Низомнома дар бораи пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии  СҲШ таҳти раёсати ҷониби Ӯзбекистон дар шакли видеоконференсия доир гардид. Иштирокчиён бо дарназардошти эрод ва пешниҳодҳои воридшуда лоиҳаро баррасӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар Саммити Бишкек (2019) Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки минбаъд дар чорчӯбаи СҲШ ҳар сол яке аз шаҳрҳои кишвари раисикунандаи созмон «Пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии СҲШ» эълон карда шавад. Ҳадаф аз таҳия ва қабули низомнома истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ ва мероси фарҳангиву таърихии давлатҳои аъзои СҲШ аст.

www.scosummit2021.tj