Бар асоси моддаи 228 — и Кодекси маъмурӣ дар Қирғизистон шурӯъ аз дирӯз сиёҳ кардани шишаи пеш ва ду шишаи дари пеши мошинҳо манъ шуд. Ин қарорро Ҳукумати Қирғизистон 30 июни соли ҷорӣ тасдиқ карда буд.
Тавре котиби матбуоти Бозраси давлатии автомобилии ин кишвар Тилек Оторов ба хабарнигорон гуфтааст, барои сиёҳ кардани шишаи пеш ва ду шишаи дари пеши мошин ронанда дар ҳаҷми 2 ҳазор сом (муодили ҳудудан 200 сомонӣ) ҷарима мешавад. Агар ронанда сиёҳии шишаҳоро пок накунад, воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳ бурда мешавад.
Тавре сомонаи Ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад, сиёҳ кардани шишаҳои дари пеш ба мошинҳои хизматии президент, сарвазир, раиси парлумон ва раиси Суди Олӣ, инчунин 9 хадамоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки ба муҳофизати роҳбарияти олии кишвар вазифадоранд, иҷозат аст.
Мошинҳои интиқолдиҳандаи пул ё «инкассатсия», мошинҳои махсуси интиқолдиҳандаи зиндониён низ ҳаққи сиёҳ кардани шишаҳояшонро доранд.
Таҳия аз Интернет