Дар арзҳои дӯстӣ

Самараи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон

№10-11(4272-4273) 26.01.2021

Сафир

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ҳиндус­тон соли 1992 робитаҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуд. Вақте ки ба таърихи ҳамкориҳои ҳар ду кишвари дӯст назар  меафканем, мебинем, ки муҳтавои он хеле самарабахшу созанда аст.

Соли 1995 Ҳиндустон барои сохтмони  Корхонаи дорусозии «Ajanta Pharma» дар шаҳри Душанбе 5 миллион доллари ИМА қарз пешниҳод кард. Ҳангоми ташрифи Сарвазири Ҳиндустон Атали Биҳари Ваҷпай ба Тоҷикистон (соли 2003) Ҳукумати Ҳиндустон қарзи мазкур ва 3,37 миллион доллар фоизи онро  ҳамчун кумаки бебозгашт ба кишвари дӯсти Тоҷикистон  интиқол дод. Соли 2005 бо кумаки Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе корхонаи коркарди меваю сабзавот ба маблағи  600000 доллар ба истифода дода шуд.

Соли 2006 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо кумаки Ҳиндустон Маркази иттилоотии  техникӣ ба номи Бедил мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2011 бошад, бо маблағи 750 000 доллар Ҳиндустон Маркази мошинсозии муосирро ба истифода дод.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти энергетика низ назаррасанд. Ширкати «BHEL» ва Корпоратсияи гидроэнергетикии миллии Ҳиндус­тон куҳантарин неругоҳи барқи обии Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1»-ро, ки соли 1936 сох­та шудааст, соли 2012 таҷдид карданд. Баъди ин иқтидори неругоҳ бештар шуд.

Лоиҳаи таъсиси синфхонаҳои компютерӣ дар 37 мактаби Тоҷикистон, ки зимни сафари Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди моҳи июли соли 2015 эълон шуд, моҳи августи соли 2016 ба маблағи 602701 доллар пурра амалӣ гардид.

Бо кумаки Ҳукумати Ҳиндус­тон роҳи Душанбе — шаҳраки Айнӣ пурра навсозӣ ва мумфаршу чароғон карда шуд. Ҳоло бо кумаки Ҳиндустон сохтмони роҳи  канории «Дарвозаи ғарбии Душанбе — маҳаллаи Чортут» оғоз ёфтааст.  Ин роҳ ҳашт  қатора буда, паҳноии он 50 метрро дар бар мегирад.

Моҳи январи соли 2021 ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд компютеру таҷҳизоти техникӣ ҳамчун кумаки дӯстона тақдим карда шуд.

Ҳамкориҳои Ҳиндустону Тоҷикистон дар бахши тандурус­тӣ ва кумакҳои башардӯстона хеле назаррасанд. Соли 2018 Ҳукумати Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ мошини «Ёрии таъҷилӣ» ҳадя намуд, ки онҳо ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо супурда шуданд.

Солҳои 2001- 2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба маблағи 5 миллион доллар озуқаворӣ ёрӣ расонида шуд. Моҳҳои январ — феврали соли 2008, ки хеле сард омад, Ҳиндустон ба маблағи 2 миллион доллар ба Тоҷикис­тон кумак намуд. Як миллион доллари он ҳамчун кумаки пулӣ ва як миллион доллари дигар  ноқилҳои барқӣ, генератор ва агрегатҳои  насосиро дар бар мегирифт. Моҳи июни соли 2009 Ҳиндустон барои рафъи  оқибатҳои  сели харобиовар дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба маблағи 200 000 доллар кумак расонид. Моҳи майи соли 2010 ба шаҳри Кӯлоб низ сел омад. Барои рафъи оқибатҳои он Ҳиндустон ба маблағи 200 000 доллар кумак расонид. Ҳамон сол Ҳиндустон тавассути ЮНИСЕФ, инчунин барои пешгирии бемории  полиомиелит дар ҷанубу ғарби Тоҷикис­тон 2 миллион вояи зидди полиомиелит дастрас намуд. Моҳи сентябри соли 2015 барои кумак ба сокинони аз сел зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт ба маблағи 100 000 доллар ёрии башардӯстона расонид.

Моҳи майи соли 2020 Ҳиндустон бо мақсади мубориза ба COVID — 19 ба Тоҷикистон 50000 дона ҳаби HCQ ва 100 000 дона ҳаби парасетамол, илова бар ин, 4,6 тонна дигар  лавозимоти тиббӣ кумак расонид. Моҳи июл бошад, боз аз Ҳиндустон 800 кило давою ашёи тиббии дигар ба Тоҷикистон оварда шуд.

Боварӣ дорем, ки робитаҳои Ҳиндустону Тоҷикистон боз ҳам бештар густариш ёфта, ба нафъи  мардуми ҳар ду кишвари дӯст равона хоҳад шуд.

Таҷлили рӯзи ҷумҳурӣ дар «Кишвари афсонаҳо»

????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????????Мардуми кишвар аз қадимулайём бо сарзамини Ҳиндустон робитаи фарҳангию тиҷоратӣ доранд. Дар ин диёри бостонӣ диданиҳои қобили таваҷҷуҳ зиёд аст: табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ, олами бойи набототу ҳайвонот, ҷашн­ҳои бошукӯҳ, ғизоҳои лазиз ва мардуми самимиву меҳмоннавоз.

Ҳанӯз соли 1612 британиягиҳо дар «Кишвари афсонаҳо» нахустин ширкатро бо номи «Ост-Индия» таъсис доданд. Сарватҳои табиии ин мулки зархез таваҷҷуҳи мустамликадорони англисро ҷалб намуд ва онҳо сол то сол ҳузурро васеътар карданд. Ниҳоят, соли 1858 Британияи Кабир Ҳиндустонро пурра мустамлика намуд.

Гарчанде мустамликадорон ба шаҳрҳои калони Ҳиндустон хати роҳи оҳан кашида, корхонаҳои саноатӣ сохта бошанд ҳам, сарвату дороии сарзамини пурфайзро ғорат мекарданд. Аҳволи мардуми таҳҷоӣ торафт вазнинтар мешуд. Дар натиҷа, ватандӯстони Ҳиндустон зери роҳбарии пешвои мардумӣ Маҳатма Ганди ва сарвари Конгресси миллии Ҳиндус­тон Ҷавоҳирлаъл Неҳру муттаҳид шуда, барои озодии мулк камар бастанд. Пас аз муборизаҳои тӯлонӣ 15 августи соли 1947 Ҳиндустон истиқлолият ба даст овард. Баъди ду ҳафтаи эълони он Кумитаи махсуси таҳияи Конститутсияи Ҳиндустон таъсис ёфт. Моҳи ноябри соли 1949 Конститутсия қабул шуда, 26 январи соли 1950 ба ҳукми амал баромад. Ба ин муносибат дар Ҳиндустон 26 январ Рӯзи ҷумҳурӣ (Repuвliс Day) эълон шуд, ки он ҳар сол хеле бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

1Чорабиниҳои идона асосан дар майдони «Раҷпатҳ»-и пойтахти Ҳиндустон — шаҳри Деҳлӣ доир мегарданд. Пас аз табрикоти роҳбари мамлакат ва маросими ҷоизасупорӣ ба шахсиятҳои хизматнишондода паради бошукӯҳ баргузор мегардад. Барои тамошои он ҳамроҳи президент сарварони иёлатҳо низ меоянд. Дар баробари техникаи низомӣ мероси фарҳангии гӯшаҳои Ҳиндустон низ намоиш дода мешавад. Санъаткорон ва раққосон ба ҳозирин ҳунар пешкаш менамоянд. Тавассути чархбол ризокорон (волонтёрон) ба болои тамошобинону иштирокчиёни парад гули садбарг мепошанд. Парад бо ҳунарнамоии каскадёрҳои дучархасавор ба итмом расида, баргузории он мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад.

Чорабиниҳои идона се рӯз идома меёбанд. Дар доираи ҷашни Рӯзи ҷумҳурӣ фестивали рақси миллӣ, намоиши даст­овардҳои иёлатҳо, мусиқии классикию муосир баргузор мегардад.

Ба маросими идона сафирони мамлакатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалии муқими Деҳлӣ низ даъват мешаванд.

Дар Ҳиндустон бисоз

make_in_india15-20 сол пеш тасаввур кардан душвор буд, ки иқтисодиёти Ҳиндустон аз ҷиҳати Маҷмӯи миллии маҳсулоти дохилӣ (баъди Хитой ва ИМА) ҷойи сеюмро ишғол мекунад.

Соли 2020 ҳиссаи Ҳиндустон дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ба 3,28 дарсад баробар шуд, ки ин нишондиҳандаи ҳафтум дар ҷаҳон аст. Барои муқоиса саҳми Федератсияи Россия барин кишвари паҳновар дар ММД-и ҷаҳон 1,98 дарсад буда, аз рӯйи ин нишондиҳанда ҷойи 11-умро ишғол мекунад.

Ҳиндустон кишвари аграрӣ — индустриалии дорои саноати пешрафта ба ҳисоб меравад. Мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ, энергетика, саноати сабук ва химия пуриқтидор бахшҳои соҳаи саноати Ҳиндустон ба ҳисоб мераванд. Дар шаҳрҳои Варанаси истеҳсоли локомотивҳои қатора, Мумбай ва Калкутта  муҳаррик, Ченнай-вагон, Бангалор — ҳавопаймо ва Вишакҳапатнам киштиҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст.

Ҳиндустон бо куртаю матоъҳои пахтагинаш  машҳур аст. Дар мамлакат 750 фаб­рикаи бузурги истеҳсолкунандаи матоъҳои пахтагин мавҷуданд. Коркарди чарм низ дар он ҷо хуб ба роҳ монда шуда, дар соҳаи истеҳсоли маснуоти он се миллион нафар бо ҷойи кор  таъминанд ва ҳар сол ба маб­лағи 3-4 миллиард доллар масолеҳи чармӣ содирот мекунанд.

Бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли ватанӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди 25 сентябри соли 2014 ташаббуси (Make In India)  «Дар Ҳиндустон бисоз»-ро эълон кард. Дар ин барнома ҷалби  сармоягузориҳои мустақим, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандкунии технологияҳои инноватсионӣ, рушди захираҳои меҳнатӣ ва осону  содагардонии таъсиси ҷойҳои нави кор пешбинӣ шудааст.

Бо шарофати ташаббуси болозикр бояд ҳиссаи сохтори истеҳсолӣ аз 16 дарсади соли 2014 то ба 25 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 расонида шавад. Ташаббус 25 сохтори иқтисодиёт, аз автомобилсозӣ то технологияи иттилоотро дар бар мегирад. Аз сентябри соли 2014 то моҳи марти соли 2016 дар доираи  он ба Ҳиндустон 77 миллиард доллар сармоя ҷалб шуд.

«Дар Ҳиндустон бисоз» се ҳадафи бузургро ба миён гузоштааст:

- суръати рушди саноати коркардро ҳар сол 12-14 дарсад афзудан;

- то соли 2022 дар саноати коркард 100 миллион ҷойи нави кор таъсис додан;

- ҳиссаи саноати коркард дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро то соли 2022 ба 25 дарсад расонидан.

Дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ оид ба содагардонии тиҷорату соҳибкорӣ (2019)  омадааст, ки Ҳиндустон дар  муқоиса ба соли 2017- ум 23 зина боло баромада, миёни 190 кишвар ҷойи 63-юмро ишғол намуд.

Ширкатҳои машҳури хориҷӣ ба ин ташаббус ҳамроҳ шуда, ба сармоягузорӣ шурӯъ намуданд. Аз ҷумла,  миллиардери маъруф Илон Маск тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли электромобили «Тесла»-ро дар Ҳиндустон ба роҳ монад. Гурӯҳи «BK Modi» бошад, дар наздикии шаҳри Муродобод корхонаи истеҳсоли электробус месозад. «Генерал моторс», «Kia», «PSA» барин ширкатҳои номӣ низ бунёди корхонаҳои мошинсозӣ дар Ҳиндустонро ба зимма гирифтаанд.  Ба зудӣ самараи «Make In India»-ро ҷаҳониён хоҳанд дид.

Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи марказӣ

13 январи соли 2019 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он ба ташкили платформа барои таҳкими ҳамкориҳо байни Ҳиндус­тон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои сиёсат,  амният, иқтисоду савдо,  шарикии рушд, самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Муколамаи дуюми Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ 28 октябри соли 2020 дар формати рақамии видео-конфронс таҳти раисии вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар баргузор гардид. Дар он вазирони корҳои  хориҷии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба ҳайси даъватшудаи махсус иштирок дошт.

Вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сандуқи қарзии аз ҷониби Ҳиндустон пешниҳодшавандаро ба андозаи як миллиард доллари ИМА, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки рушд дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст, истиқбол намуданд.

Онҳо, инчунин, пешниҳоди Ҳиндустонро дар бораи расонидани кумаки грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои таъсири рушди баланд дар ҷамоатҳо (HICDP), барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ  ҷонибдорӣ карданд.

Ширкаткунандагони муколама аҳамияти роҳандозии пайвастшавии роҳҳоро барои рушди тиҷорат ва густариши равобити байнимардумӣ миёни Ҳиндустон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъкид карданд. Онҳо ҳавасмандиро дар рушди минбаъдаи  имкониятҳои транзитӣ ва нақлиётии кишварҳо, такмил додани шабакаи логистикии минтақа ва пешбурди ташаббусҳои муштарак оид ба ташкили долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ иброз намуданд. Дар ин замина, вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшишҳои Ҳиндустонро барои навсозии зерсохтори бандари Чобаҳор дар Эрон, ки он метавонад пайванди муҳим дар робитаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ миёни бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ гардад, қадр карданд.

Ширкаткунандагони чорабинӣ иштироки Афғонистонро дар Муколамаи Ҳиндустон ва  Осиёи Марказӣ истиқбол  намуда, даъват карданд, ки низои он дар асоси принсипи раванди сулҳ таҳти сарварии Афғонистон ҳал карда шавад. Вазирон ҳавасмандиро ба таҳкими ҳамкорӣ барои рушд ва таҷдиди иқтисодии Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои  инфрасохторӣ, энергетикӣ, транзит ва нақлиёт изҳор намуданд. Онҳо ҷумҳурии муттаҳид, соҳибихтиёр ва демократӣ гардидани Афғонистонро дастгирӣ карданд.

Ширкаткунандагон ба мувофиқа расиданд, ки баргузории мулоқоти солонаи Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказиро  бо иштироки Афғонистон бо навбат дар Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ идома хоҳанд дод.

 

Бузургтарин маъракаи эмкунӣ дар ҷаҳон

COVID19: Vaccination to newbornЧанде пеш Ҷумҳурии Ҳиндус­тон ба бузургтарин маъракаи  ваксинакунӣ аз бемории COVID — 19 оғоз намуд. Ҳукуматдорон  мақсад гузоштанд, ки 300 миллион нафар сокини мамлакатро ба эмкунӣ фаро гиранд. Ин қариб баробари аҳолии ИМА мебошад. Дар нахустин рӯзи эмкунӣ ба 165714 нафар вояи ваксина гузаронида шуд.

Ҳоло дар Ҳиндустон ба ду намуди ваксина барои эмкунӣ иҷозатнома дода шудааст. Яке аз онҳоро Донишгоҳи Оксфорди Британия ихтироъ намуда, истеҳсолкунандааш «Astra Zeneka» мебошад. Дуюмашро Ширкати ҳиндустонии «Bharat Biotech» истеҳсол мекунад.

Бояд гуфт, ки истеҳсоли ваксина дар Ҳиндустон собиқаи дерина дорад. Ҳанӯз солҳои 60-уми асри ХХ якчанд ширкати давлатӣ ба истеҳсоли ваксина оғоз намуда буданд. Сипас, ширкатҳои навовари хусусӣ ин сохторро навсозӣ намуда,  иқтидорашро ба миллиардҳо доллар расониданд. Ширкатҳои биофармасевтикии Ҳиндустон худро ҳамчун истеҳсолкунандаи ваксинаҳои стандартӣ нишон дода, истеҳсоли ваксинаҳои мураккаб, аз қабили зидди менингит, Н1 N1, гемофилия, зуком ва ғайраро ба роҳ монданд. Ихтироъ ва истеҳсоли ваксинаҳо ба муқобили ротавирус ва энсефалити японӣ собит намуданд, ки Ҳиндустон дар бахши  коркарди ваксинаҳои даст­рас дар сафи пеш ҷой гирифта истодааст.

Таҳкими таҳқиқоту ихтирои ваксинаҳо аз ҳисоби ҳамкориҳои фаъол бо беҳтарин истеҳсолкунандагони сатҳи ҷаҳонӣ яке аз  афзалиятҳои соҳа ба шумор меравад. Барномаи  муштараки амал дар самти коркарду истеҳсоли ваксина миёни Ҳиндустону Амрико, Барномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ бо Департаменти  биотехнология, ICMR ва Институти миллии ҳифзи тандурус­тии ИМА дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун барномаи дуҷонибаи  намунавӣ эътироф шудааст. Ҳамин гуна барномаҳои ҳамкорӣ бо Норвегия, Франсия, Австралия ва Финландия амал мекунанд. Ҳукумати Ҳиндустон пайваста ҷараёни коркард ва  таҷрибагузаронӣ бо ваксинаҳоро дастгирӣ мекунад. Ҳиндустон барои дар соҳаи ваксинакунӣ пешвои ҷаҳонӣ шудан иродаи сиёсӣ ва имконияти зиёд дорад.

Барои интиқоли ваксинаҳо нақлиёти махсуси дорои сардхона зарур аст. Дар Ҳиндустон 27000 нуқтаҳои дорои чунин сардхонаҳо ва шабакаҳои хизматрасонӣ  амал мекунанд. Онҳо дорои таҷҳизоти инноватсионие мебошанд, ки бо неруи барқ, газ ва ё керосин кор карда метавонанд.

Ҳамчунин, кормандони соҳаи тандурустӣ хона ба хона гашта, ваксинаро тавассути таҷҳизоти махсуси  изолятсионӣ ба эҳтиёҷмандон дастрас мекунанд.

Истеҳсолкунандагони бузурги ваксина, ба монанди Serum Institute, Bharat Biotech, Panacea Bioteсh, Sanodis Shanta Bioteсh, Biological E, Hester Biosciences ва Zudus Cadila, дар маҷмӯъ, имкон доранд, ки соле 8,2 миллиард вояи ваксинаҳои гуногун истеҳсол намоянд. Пажӯҳишгоҳи  подзаҳри шаҳри Пуна аз калонтарин истеҳсолкунандагони ваксина аз ҷиҳати вояҳои фурӯхташуда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ширкати «Bharat Biotech» 16 номгӯи  ваксина, аз ҷумла муқобили зукоми Н1 N1, ки соли 2009 боиси пандемия шуд, истеҳсол мекунад.

Институти подзаҳри Пуна дар ҷаҳон нахустин шуда ваксинаи зидди ротавирус истеҳсол кард, ки сардкунии доимиро талаб намекунад. Ҳамчунин, ниҳоди зикршуда ваксинаи зидди менингит барои истифода дар қитъаи Африқоро таҳия намуд, ки  арзон буда, метавонад то 4 рӯз бидуни сардкунӣ ва ҳатто бидуни сандуқчаи яхдор интиқол ва  нигоҳдорӣ шавад. Дигар ваксинаҳои таҳиякардаи ширкатҳои биофарматекии Ҳиндустон вояҳои зидди домана, гепатит «В» ва ғайраро дар бар мегиранд. Ҳиндустон тавонист ваксинаи «Ротавак»-ро истеҳсол ва ба  фурӯш барорад, ки арзиши он нисбат ба нархи бозориаш  дар соли 2013 қариб 15 маротиба камтар аст. Имкониятҳои Ҳиндустон дар самти эмкунӣ ва дар муддати кӯтоҳ даст­рас кардани ваксинаҳои бехатару арзон аз ҷониби созмонҳои глобалии тандурустӣ борҳо  истифода шудаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Ташаббус оид ба ваксина, Бунёди Гейтс аз Ҳиндустон яклухт ваксина дастрас мекунанд.

Ҳиндустон ба ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳатҳои қавии ваксинаи зидди пандемияи COVID — 19 ро пешкаш менамояд. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди зимни  ифтитоҳи маъракаи ваксинакунии аҳолии Ҳиндустон эълон намуд: «Мо боварӣ дорем, ваксинаҳои Ҳиндустон ва тавоноиҳои истеҳсолии мо ба манфиати  тамоми башарият хизмат мекунанд».

Матолиби саҳифаро муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзнома Сайфиддин СУННАТӢ омодаи чоп намуд.