Бо шарофати рӯзноманигор Виктор Шевчук маълум гашт, ки дар баробари Гитлери рӯҳан мариз, инчунин, Гитлери солим ҳам зистааст. Ӯ фарзанди бародари падарии Адолф Гитлер - Алоис Гитлер бо номи Уилям Патрик. Писарбача ҷангара буд. Номбурда ба артиши ИМА пайвасту дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муқобили амаки худ Адолф Гитлер мубориза бурд. Бо гузашти солҳо Алоис дар ноҳияи худ аз ҷумлаи одамони маъруф гардид. Аскари тиббии қисми ҳарбӣ, корманди тиб ва ниҳоят, тоҷир кор кард.
Соли 1882 ба дунё омада, бар асари хӯрдагирии падар хеле барвақт аз хона баромада рафт. Ба дуздӣ машғул шуда, гоҳе пешхизматӣ ҳам кардааст. Соли 1907 ба Париж ва пасон ба Британияи Кабир рафт. Дар он ҷо бо Бриҷит Доулинг ном духтар хонадор шуд. Моҳи марти соли 1911 писарчаи онҳо Уилям Патрик Гитлер ба дунё омад.
Баъдан, Алоис аз Бриҷит ҷудо шуда, дубора ба Германия баргашт ва дафъаи дуюм хонадор шуд. Соли 1920 барои дузанагӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Бриҷит бо писарчааш дар Ливерпул монданд.
Уилям Патрик Гитлер то оғози ҷанг барои иқомат ба Германия рафт. Соли 1929 ӯ падари бероҳаашро вохӯрд ва ҳамроҳ ба гирдиҳамоии миллатгароён рафтанд. Дар гирдиҳамоӣ Уилям аввалин бор амакаш Адолф Гитлерро дид. Вохӯрии нахустини онҳо соли 1930 сурат гирифт.
Уилям ба Ливерпул баргашт ва дар рӯзномаҳои маҳаллӣ дар бораи амакаш Адолф Гитлер чанд мақола ҳам ба табъ расонд. Дар ин миён ба мушкилот рӯ ба рӯ ва аз кор ронда шуд. Ҳатто то соли 1932 кори дигаре наёфта, қарор дод, ки боз ба Германия, ки як хеши обрӯмандаш мезист, баргардад.
Барои такроран бо амакаш вохӯрдан Эрнст Рем ном шахсияти муътабари давлатӣ ба вай кумак кард. Аз рӯи нақли Уилям, амакаш Адолф ӯро оромона қабул ва гӯш кард. Ҳатто 500 маркаи немисӣ ҳам дод. Ҳамин тавр, Уилям дар Германия монд ва дар ширкати мошинсозии «Опел» ба кор даромад, вале баъди як сол аз он ҷо ҳам ӯро пеш карданд. Тавре ки худаш гуфта буд, ба ин норозигии амакаш боис гардид. Гап сари он меравад, ки Уилямро ба дуздӣ айбдор карданӣ буданд, вале баъдтар он айбномаро бардоштанд. Бо ин сабабҳо Уилям соли 1936 роҳ ба сӯи Англияро пеш гирифт.
Бо наздикшавии Ҷанги дуюми ҷаҳон Уилям қарор дод, ки барои хизмат ба артиши Британия гузарад, вале бо ҷурми алоқаҳои пешина бо амакаш хоҳишаш рад шуд.
Бо мусоидати рӯзноманигори америкоӣ Рэндолф Херст моҳи феврали соли 1939 Уилям бо ҳайати воизон ба ИМА сафар кард ва то анҷоми ҷанг он ҷо монд. Соли 1942 ба Президенти ИМА мактуб навишта, хоҳиш кард, ки барои дар артиши америкоӣ хизмат кардан ба ӯ иҷозат диҳад. Хоҳиши Уилям соли 1944 қонеъ шуд.
Уилям Патрик Гитлер дар ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ – баҳрии ИМА ба ҳайси сарбози тиббӣ то соли 1947 содиқона хизмат кард. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маҷрӯҳ гашт ва баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ насаби худро ба Стюарт-Хюстон иваз намуда, соли 1947 боз зан гирифт.
Ин навбат Стюарт-Хюстон ба Филлис Жан-Жак–шаҳрванди Германия издивоҷ намуд. Писари аввалини онҳо Александр соли 1949 ба дунё омад. Сонитар, онҳо боз соҳиби се писарбачаи дигар Луи, Говард Роналд Брайан Уилям гардиданд.
Стюарт-Хюстон тиҷорати худро дошт. Вай ба ташхиси намунаҳои хун барои беморхонаҳо машғул буд. Ташхисгоҳаш Брукхейвенск ном дошт ва дар бинои дуошёнаи 71 — Силвер-стрит, Патчог воқеъ буд.
Уилям Гитлер умри дароз дид ва 14 июли соли 1987 аз олам даргузашт.
Тавре мебинем, на ҳамаи Гитлерҳо одамони бад будаанд, ҳарчанд зиндагиашон чандон ҳамвор сурат нагирифтааст.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»