Сухани бе далел қурб надорад

№37 (3674) 08.04.2017

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки 23 марти соли равон дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон тақрибан 50 нафар фаъоли сиёсӣ ва мухолифини тоҷик тазоҳурот намуда, баҳри ҳимояи собиқ адвокат Бузургмеҳр Ёров баёнияи эътирозӣ қабул намудаанд. Дар он омадааст, ки гӯё ба Бузургмеҳр Ёров бар ивази ҳимоя накардани аъзои ҲНИТ озодӣ пешниҳод шуд, аммо номбурда «ҳамчун ҳимоятгари асил ва ватандор» онро рад намуд.

Ҷиҳати бо адвокат таъмин намудани  гумонбаршаванда, айбдоршаванда ё судшавандаҳо ҳар моҳ ба Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо дархости мақомоти тафтишотӣ ва судӣ дохил мешавад. Тибқи талаботи қонун, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки адвокат ва ёрии ҳуқуқии ройгонро таъмин менамояд. Барои ҳимояи Бузургмеҳр Ёров низ бо дархост адвокат Муаззама Қодирова сафарбар гардид.

Аз ҷониби мақомоти тафтишот ҷиҳати озод намудани Б. Ёров дар ҳолати ҳимоя накардани аъзои ҲНИТ ягон хел пешниҳод нашудааст, зеро Б. Ёров узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набуд. Дар ҳолати мавҷуд будани чунин пешниҳод мақомот бояд бо роҳбарияти собиқ Коллегияи адвокатҳои «Сипар» мувофиқа мекарданд.

Дар гузориши зикршуда, ҳамчунин омадааст, ки адвокат Муаззама Қодирова сабабҳои аз ҳимояи Бузургмеҳр Ёров даст кашиданро ба хабарнигори радиои «Озодӣ» таҳти фишор қарор гирифтан шарҳ додааст. Ба ҳамин сабаб маҷбур шудааст, ки тавассути шаҳри Москва ба яке аз мамолики аврупоӣ биравад.

Аз даври оғоз намудани ҳимояи Бузургмеҳр Ёров ман ба Муаззама Қодирова гуфта будам, ки ҳимоя ва мустақилии адвокатро давлат кафолат додааст. Бинобар ин, ҳуқуқу уҳдадорияшро ҷиҳати ҳимояи Б. Ёров бояд дар доираи қонун ба роҳ монад. Ҳамчун раиси Иттифоқи адвокатҳо ҳимояи манфиатҳои М. Қодироваро дар тафтишот ва суд кафолат дода будам. Новобаста аз тавассути дархост, яъне ёрии ҳуқуқии ройгон расонидан, аз ҷониби хешовандони Б. Ёров ҳаққи хизмати ҳармоҳаи М. Қодирова пардохт мешуд. Ҳангоме ки имконияти  пардохти ҳаққи хизмати М. Қодирова маҳдуд гардид, кӯшиши даст кашидан аз парвандаро кард. Аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо ба ӯ талаботи қонунии ҳатмӣ будани иштирокаш ёдрас карда шуд, зеро мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ҳангоми ворид шудан ба парванда адвокат ихтиёран аз ҳимоя даст кашида наметавонад. На давлат, на мақомот ӯро бартараф карда наметавонанд. Ба истиснои он ки худи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз адвокат даст накашад. Адвокат М. Қодирова дар ҷараёни ҳимояи Б. Ёров дар тафтишот ва суд ба ман ҳамчун раиси Иттифоқи адвокатҳо чанд маротиба барои тафсир додани баъзе аз меъёрҳои қонун муроҷиат намуд. Агар нисбат ба М. Қодирова ва зерҳимояи ӯ Б. Ёров ягон хел фишор ҷой медошт ва ӯ ба мақомоти назораткунанда боварӣ намедошт, ба ман мегуфт. Расман изҳор мекунам, ки нисбат ба ӯ ҳеҷ гуна фишор ҷой надошт, чунки ман ҳимояи манфиатҳои ӯро ваъда дода будам.

Ҳамчунин, М. Қодирова зимни ибрози назар ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки «Додгоҳ ба ӯ барои истифодаи диктофон дар ҷараёни ҳимояи ҳуқуқҳои Б. Ёров иҷозат дод, вале дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳангоми аз ӯ дарёфт кардани диктофон санад тартиб дода, ӯро дастгир карданд. Аз ин рӯ, ночор Тоҷикис­тонро тарк намудааст».

Ба ғайр аз талаботи қонун, муассисаҳои махсус қоидаҳои дохилии худро доранд, ки риояи онҳо ҳатмист. Шахсан ман ҳангоми ворид шудан ба бинои дилхоҳ суд мисли дигарон телефонамро ба навбатдор  месупорам. Дигар ин ки суд ҳуқуқи истифода бурдани таҷҳизоти мобилию техникиро танҳо дар мурофиаи судӣ иҷозат дода метавонад. Ба дохили муассисаҳои ислоҳӣ даровардани таҷҳизоти техникӣ қатъиян манъ аст. Новобаста аз ин, ба чунин муассисаҳо даровардани диктофон вайрон кардани қоида  буда, барои дастгир кардан ё мавриди муҷозоти ҷиноятӣ гардидани адвокат асос шуда наметавонад. Бинобар ин, аз рӯи инсоф нест, ки баҳри манфиатҳои шахсӣ Муаззама Қодирова ҳамчун адвокат худро  қурбонии сиёсӣ нишон диҳад.

Саидбек НУРИДДИНОВ,

раиси Иттифоқи адвокатҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон