(Идома аз шумораҳои гузашта)
– Вот это да… Молодцы, ребята!
Бачаҳо чун бозёфтро аз таҳхона берун оварданд, лейтенант ба урдугоҳ тавассути бесим (ефтечка) тамос гирифт ва ба фармондеҳи калон, полковник Грачев муждаи дарёфти ғанимати ҷангро бо овози мутантан, ном ба ном расонд: якчанд автомат Калашников, силоҳҳои инглисии «БУИР», ду-се сандуқ тир ва озуқа…
Зимнан, лейтенант аз кошифони аслии анбор, полковник Еремеев, тарҷумон ва раҳкушояш тамҷид намуд ва гуфт: «здорово воюют ребята».
Дар миёни озуқаи бадастомада чанд қуттӣ дорувор ва як лингча чормағз низ пайдо шуд. Сарбозҳо даҳони тубраи чормағзро боз карда, ба шикастани ҷилду ҷавидани мағзи чормағзҳои калон сар карданд. Ман ҳам ду дона бардошта, байни кафҳо гузоштам ва силтав зада ҷилд (пӯчоқ)-и чормағзҳоро ҷанг андохтам: зӯр беҷонро шикаст ва он ҳам бисёр осон. Дар кафи шахшӯли коркӯфтаам на мағзи чормағз, балки донаҳои сап-сафеди марворидро мебинам; шабеҳаш дар боғоти ватани ман, Тоҷикистон низ ҳаст. Онро ба хотири нозукиву нафисии ҷилдаш ё сафедии мағзаш «коғазӣ» меноманд. Тамъаш бамаротиб лазизтар аз ҳалвои кунҷити Намангон аст.
Сарбозон бо дастури командирашон чанд маркаби сарҳӯйи атрофро оварданд. Ғанимати ёфтшударо якҷо бо сандуқу лингчаҳо ба пушти урёни маркабҳо бор карда, ба самти ситод роҳӣ шуданд.
Ман сарбози ситабри чорпаҳлу, ҳамшаҳрии душанбегиям Наримон Каюмарсовро муаззаф карда гуфтам:
– Ефрейтор Наримон! Ҳамин ним лингча чормағзро бару дар ягон ҷо баҷо соз. Ҳамин ки ҷӯраҳои наздикат аз дигар самтҳо ҷамъ шуда омаданд, ба онҳо тақдим кун. Як-ду каф барои Шербакови мо ҳам нигаҳ дор. Вай ошиқи чормағз, ба гуфти худаш «греческий орех» аст.
– Фаҳмидам, рафиқ капитан!, – Даст ба чакка бурд ба нишони итоат Каюмарсов ва ҳамроҳ бо чанд тан сарбоз савори маркаби пурбор роҳи урдугоҳро пеш гирифт.
Ҷанговари набарди зидди Олмон, ҳамдеҳаи ман бобои Одина ёд аз пайроҳаи ҷангӣ карда мегуфт: дар ҷанг ҳар фарде роҳи худ, вазифаи худ ва сарнавишти худро дорад. Мо, бо ёдоварии ҳамин нукта аз бобо, ба манзили «бумбакидорамон»-у «таҳковӣ»-и акнун тиҳӣ аз ҳама гуна аслиҳаву маводи хӯрданӣ (аз ҷумла, чормағзҳои коғазии садафгуна) дар дил падруд гуфта, пояи кӯҳи бовиқори рӯбарӯямонро нишон гирифта, азми идома додани амалиёт намудем. Ҳоло то ғуруби хуршед як-ду соате дар ихтиёр ҳаст; тановули як каф-ним каф чормағзи «коғазӣ» андаке мадори дилҳо шуд.
– Пас, амалиётро идома бояд дод, – назди полковник гапкалонӣ кардам ман. Машварати аҷулонаи маро Сергей Михайлович бо як калом: «на чёрт нам нужно вся это суета» барбод дод.
Полковники дамдузд ва бепарво ба амалиёту ғаниматаш ногаҳон туфиду шиғаб зад. Дастури бозгашт ба ситодро дод. Пешниҳодаш қобили қабул буд: то ба манзил мерасем, ки офтоб паси кӯҳҳо фурӯ меравад. Сонӣ, ба ҷуз ҳамон таҳтули мухтасари оғози кутали Тезин ва як каф чормағзи таҳковии манзили бумбакидор, ноне ба даҳон набурдаем ҳар се. Мо коре ба сарбозони часпону чаққон ба кори худ ва фармондеҳи лоғари дарозашон надорем. Онҳо низ хӯҷаину фармондеҳи мо нестанд. Дастури полковник баҷост: ба урдугоҳ бояд баргашт.
Омадем. Дар канортаре аз ситоди урду Зобитро назди бору бунҳо гузошта, рост назди командири дивизия Грачев ва ҷонишинаш Бачаров шитофтем. Онҳо аз қабл ба «Кобул-2»-и мо робита доштанд. Дӯстон ва ҳаммаслакони ошно ба утоқашон – дохили вагон хонданд моро ва дастҳомон фишурда, аз натиҷаи амалиёт изҳори хушнудӣ намуданд. Ана, дар ҳамин лаҳза «коскодёри калон» – командири ману полковник Еремеев – майор Шербаков низ аз сафар, аз он паҳлуи Тезин баргашт. Ӯ вориди вагон шуд. Чеҳраи зардинаи моил ба сафедиаш аз таъсири партави офтоб ё шояд кӯфти роҳ лоласон арғувонӣ гаштааст. Табассуми латиф шуои арғувонии рӯи Шербаковро фузунӣ мебахшид.
– Егорович, ба бачаҳоят ташаккур бигӯ, – пас аз саломуалейки самимиву фишурда ба Шербаков рӯ овард Грачев, вале нешханди ногаҳонӣ зад ба ӯ, – онҳо имрӯз беҳтар аз ту ҷангиданд, натиҷааш – олӣ.
– Ну даёшь, Сергеевич!, – барошуфт майор аз шӯхӣ ва кам наомад. – они же мои воспитанники… Разве не знаешь?
Э-ҳа, қариб буд раъду барқи хандаи ҳама дару девори вагон ва дастгоҳҳои мухобиравии онро ларзонад. Шербаков ҳолу аҳволи Зобитро ҷӯё шуд ва мо, «тарбиятдидагонаш»-ро пас аз гуфтугӯи мухтасар бо Грачев табрик кард. Фармондеҳи дивизия моро назди худ ба хӯроки шом даъват намуд.
– Мо аввал шиками «дух»-амонро сер кунем, сонӣ навбати худамон, – гуфт Шербаков.
Бо Зобит шоми мухтасаре иборат аз консерву нону чой сарф намуда, баъд баргаштем ба вагон. Воқеан, мизи ғизои фармондеҳи калон ғанитар аз суфраи мо буд ва он чӣ ки ҳайрати моро афзуд, вуҷуди сабзавоти тару тоза: кабудиву помидору бодиринг ва анвои меваҳои тар буд. Ба фармуди Бачаров, ин ҳама нуқлу неъмат имрӯз аз Тошканд, аз тариқи ҳавопаймо аввал ба Кобул, баъд ба Тезин омад. Дӯстон дар Ватан бо ёди моянд. Ман як мушт чормағзи коғазӣ рӯи миз гузоштам. Ҷангсолорон дарафтоданд ба савғоҳои «манзили бумбакӣ».
– Вот это самая лучшая находка, – чормағзи нуқрагинро рӯи каф гузошта, нимшӯхиву нимҷиддӣ лутфе кард Павел Грачев.
Баъд мо ба бистари хоб, ба оғӯши тубраҳои хеш баргаштем. Ёди он шаби маҳтобӣ ва чодари ба ситораҳо гулдӯзишудааш дар дами пирӣ ҳам аз осмони хотирам пок намешавад. Калонҳо дар вагон, сарбозҳо дар хаймаҳо ғунудаанд. Мо, руфақои чоргонаи ҳамсафар танҳои аз кӯфти роҳ шарҳа-шарҳаамонро чун корд дар ғилоф – даруни тубраҳои хоб андохта, занҷири тубраро то гулӯ боло бурда, зери осмони соф қаторак дароз кашидем. Аз қуллаи кӯҳ садои парокандаи тирпаронӣ бар дили зебои шаб гоҳу ногоҳ неш мезад: он ҷо сарбозони «занҷири зинда» дар ҳифзи моанд. Аммо дар замин, дар паҳлуи рости ман полковник Еремеев, ки ду-се қадаҳ аз хони ғании командир дар гулӯ рехта буд, чунон ба хоби амиқ рафтааст, ки бонги хурру пуфаш ба гӯшҳо ғализтар аз садои тиру тӯп мерасад. Тубраву худро ба азобе ғеҷонда- ғеҷонда канортар рафтам, аз ӯ дур шудам ва дубора рӯ ба ошноёни деринаам: осмону моҳу ситораҳояш овардам. Бо ҳама таҷаммулу зебоии шигифтбарангезашон боз ҳам бепарвову бегонаанд ба сарнавишти бани одам ин «ошноёни ман». Мехоҳам бо синони нигоҳ бишкофам дили сахти сангашонро. Бидонам, чиҳо нуҳуфтааст он ҷо.
Дар кӯдакӣ, дар кӯҳистони шабеҳи кӯҳҳои Тезин, пушти бом, дар оғӯши биҳиштии модар ғунуда, дуздакӣ аз чашми ӯ чашми ҳасрат ба чодари рангини ҳамин моҳу ситораҳояш дӯхтаам. Баъдан, дар наврасӣ, дар шабдаравҳои пурҳаёҳӯи кӯҳистон ё пешопеши падар ҳини ба шабчаро баровардани рамаи гӯсфандони колхоз моту маҳбути чашмакзании ахтарон ва маҳви лабханди беғаши моҳи шаби чаҳордаҳ будаам… Баъдан, дар бистари гарму баъзан сарди шаҳрҳои кӯчаку бузург, аз Душанбеву Хуҷанд то Маскаву Киев ва Теҳрону Тифлису Прага ва Руму Риёзу Маккаву Мадина аз оинаи тирезаи манзили зист ё балкони ғурфа сари пурсавдои ман афрошта ба само, ба сӯи ҳамон «ошноён»-и бетараҳҳумам будааст. Бетараҳҳум ба ин хотир, ки чунонки қаблан гуфтам, зери боли бетафовутии онон миллионҳо сол ба ин сӯ наҳангон дар уқёнусҳо, палангон дар бешаҳо, одамон дар рӯи замин хуни гарми ҳамзоти хешро ваҳшиёна мемаканд, шиддати зулм ҳар рӯзу ҳар моҳу ҳар сол, аз ин қарн то ба он қарн ба авҷи аъло мерасонанд, садои нолаи мазлумонро золимон дар гулӯяшон хафа мекунанд… Осиёи истибдод аз маҷрои анҳори хуни заъифони бедифоъ мечархад, миллионҳо сол инҷониб. Аммо ҳамин моҳ, бадр аст ё ҳилол, зери чатр аст ё савори абр бо беэътиноӣ пузханд мезанад ба осиёву чархиши сангаш; ситораҳои шақоиқгунааш гӯё мазоҳ мекунанд бо имои шуълаи чашм ситорасӯхтагони рӯи заминро. Осмону офтобу абру боронаш пас аз тамошои қатлу куштор имсолу порсолу фардову пасфардо ба боди фано бурдаанду мебаранд хоку мағоки кушташудагони дандони тези наҳангу паланг ва теғи хунрези «ашрафи махлуқот» – ҳазрати инсонро…
Чӣ гӯяд дигар ин фақири нигоҳи ҳайрат дӯхта ба осмони Тезин, ки некутар аз ӯ ориёитаборе аз табори Фирдавсиву Мавлоно, ҳазор сол қабл аз рӯзгори мо чанг ба гардани фалак андохта, бо пармаи андеша шикофтааст дили сахти санги осмони бетафовут ба ин ҳама фаҷоеъро.
Субҳ, билохира, пардаи ҳарири шабро даронд ва ба садои пуршасти мусалсал, ки аз «занҷир»-и ба ҳам пайвастаи сарбозони камин гирифта дар ситеғи кӯҳҳо меомад, даромехта, чашми ҳайрони маро пеш аз хуфтагони паҳлуи чапу рости ман боз кард.
Мирзо ШУКУРЗОДА,
Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ, дорандаи ордени «Ситораи Сурх»