Торафт шиддат гирифтани муборизаҳои геополитикӣ амнияти кишварҳоро ба як раванди пешгӯинашаванда табдил додааст.
Давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиат гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ намуда, вазъияти ваҳимеро дар Ховари Миёна ба вуҷуд овардаанд. Мутаассифона, баъзе абарқудратҳо мехоҳанд домани ноамниҳоро васеъ карда, минтақаҳои орому босуботро ба макони ноамнӣ табдил диҳанд. Аз ин ҷост, ки чанд соли охир гурӯҳи террористиву экстремистии ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) вориди ҷумҳурии ҳамсоя — Афғонистон гардида, ҳамлаҳои хунини террористиро анҷом медиҳад. Зимни Конфронси илмию амалие, ки чанде пеш дар мавзӯи «Мушкилоти амнияти Осиёи Марказӣ: омилҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои нав» бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, масоили ба ин раванд рабтдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Онро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар оғоз бахшида, сипас намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Дар ҳамоиш ба инкишофи вазъияти ҳарбию сиёсии Афғонистон, зуҳуроти аз ин кишвар интиқолёбанда чун терроризми байналмилалӣ, ифротгаройии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»