Ман аз соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунам ва шоҳиди он ҳастам, ки сол то сол дастоварду комёбиҳои мамлакат афзун гардида, Тоҷикистон ба сӯи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳои он симояшонро дигар карда, дилработар мегарданд. Агар шахсе 10-15 сол пеш меҳмони шаҳри Душанбе шуда бошаду имрӯз боз меҳмон шавад, гумон мекунад, ки ба шаҳри дигаре омадааст. Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи «Наврӯз», иморати 22-ошёнаи хуштарҳи «Душанбе-плаза», Беморхонаи бисёрсоҳавӣ, меҳмонхонаҳо, иморатҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, гулгашту хиёбонҳои дилкушо ва ғайра ба ҳусни пойтахт ҳусни тоза зам намудаанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон рушди соҳаи энергетикаи обӣ мебошад. Тавре Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «…дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар мамлакат 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст. То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» (300 мегаватт) ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолии мамлакатро бо барқ хеле беҳтар мегардонад».
Тоҷикистон то давраи соҳибистиқлолӣ дурдасттарин ҷумҳурии шӯравӣ ба шумор мерафт. Танҳо тавассути Ӯзбекистону Қирғизистон роҳи баромад дошт. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Миёни Тоҷикистону Афғонистон аз болои дарёи Панҷ 6 пули замонавӣ сохта шуд, ки роҳро ба Афғонистону Покистон ва Эрон боз кард. Баъди ба истифода додани роҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой густариш ёфт. Танҳо дар соли 2015 қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохтаву барқарор карда шудааст.
Тайи солҳои собистиқлолӣ дар мамлакат 190 километр роҳи оҳан бунёд гардид. Дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуд. Амалишавии лоиҳаи мазкур пойтахти мамлакатро тавассути роҳи оҳан ба яке аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурӣ-Хатлон пайваст намуд, ки дар оянда барои пайвастшавӣ ба роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон замина мегузорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Академияи илмҳои педагогӣ (ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) таъсис ёфт. Ҳамчунин, соли 2014 дар ҷумҳурӣ Маркази миллии тестӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи Истиқлолият солгарди мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675- солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 680 ва 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 100-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ва ғайра таҷлил гардиданд, ки боиси баландшавии маънавиёт ва худшиносии миллӣ гардиданд. Тайи ин солҳо баҳри муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб ва 3000-солагии Ҳисори Шодмон бо иштироки ҳазорон нафар меҳмони хориҷӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Баргузории чунин чорабиниҳо таваҷҷуҳи оламиёнро ба Тоҷикистон бештар намуд. Чунончӣ, соли 2015 ба Тоҷикистон 414000 сайёҳ ворид шуд, ки дар муқоиса ба соли 2014-ум 94 фоиз бештар аст. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии туристӣ Тоҷикистон дар соли 2015 аз ҷиҳати рушди соҳаи туризм баъди Парагвай дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Чунин дастовардҳо дар замони соҳибистиқлолӣ хеле зиёданд. Маҳз Истиқлолият барои дар арсаи байналмилалӣ маъруф шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шароит фароҳам овард. Имрӯз Тоҷикистон бо бисёр кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.
25-солагии Истиқлолияти давлатиро барои ҳар як сокини Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо сулҳу оромии бардавом, тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори пурфайзу бобаракат ва саодатмандӣ орзу менамоям.
Эмсал Коч, сардори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии Фонди «Диалоги АвруОсиё»