- Дар парламенти Туркия миёни вакилон аз Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёт (ҲАТ) ва Ҳизби мухолифи халқӣ-демократӣ (ҲХД) баҳсу мунозираҳо ба муштзанӣ табдил ёфт, — иттилоъ дод ширкати телевизионии НТВ. Ҳангоми муҳокимаи ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи мамлакат, вақте намояндагони ҲХД кӯшиши маҳкам кардани минбарро карданд, намояндагони ҲАТ хостанд пеши роҳи онҳоро гиранд. Дар натиҷаи бархӯрд чанд нафар ҷароҳат бардошта, бинии ҷонишини сарвари Ҳизби адолат ва тараққиёт Фатих Шахин ва якчанд курсию баландгӯякҳое, ки вакилон ба тарафи якдигар ҳаво доданд, шикаст.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА