Тибқи иттилои РИА «Новости», Президенти Туркия Реҷаб Тейиб Эрдуғон ба қонуни лағви дахлнопазирии вакилони парлумони Туркия имзо гузошт.
«Президент Қонун «Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Туркия»-ро барои нашр ба дастгоҳи Сарвазир ирсол кард», — гуфта мешавад дар хабар. Баъди чоп дар нашрияҳои расмӣ қонун мавриди амал қарор мегирад.
Зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур аз 550 вакил 376 нафар ба тарафдории он овоз доданд. Қонун асосан аз ҷониби ҳизби ҳокими Туркия — Адолат ва рушд дастгирӣ пайдо кард. Намояндагони Ҳизби демократии халқӣ, ки ба он курдҳо шомиланд, мухолифи қабули қонуни мазкур ҳастанд. Онҳо бовар доранд, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани ин қонун вакилон — намояндагони ҳизби онҳо ба ҷурми тарафдорӣ аз ҳизби мамнуъэълоншудаи коргарии Курдистон аз ҷониби ҳукумат гунаҳкор дониста, таъқиб карда мешаванд.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»