Аз нишастҳои матбуотӣ

Тоҷикистон ва Олмон: 29 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ

№27 (4289) 27.02.2021

Коллаж Тадж и Гер 2Дар арафаи Рӯзи истиқрори робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон хабарнигорамон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо перомуни робитаҳои ҳар ду кишвар ва дурнамои ҳамкориҳо дар давраи баъди буҳрони коронавирус суҳбат намуд, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Лутфан мегуфтед, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон чӣ таърих доранду дар кадом сатҳ қарор?

- Олмон кишварест дорои захираҳои бузурги молиявию истеҳсолӣ, зарфиятҳои инсонӣ ва фанновариҳои муосир. Вокуниш дар давраи пандемия ва бархӯрд бо паёмадҳои буҳрони коронавирус иқтидори онро бори дигар собит намуд. Коронавирус, ҳамчунин, нуқтаҳои заъфи кишварро мушаххас намуда, имкони ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳоро, масалан, дар самти таъмину интиқоли маҳсулоти мавриди ниёз ва ғайра, низ ҳувайдо кард. Табиист, ки кишварҳои зиёд дар талоши роҳандозии ҳамкорӣ бо ин давлат мебошанд. Ҳоло Олмон бо 195 давлат робитаи дипломатӣ дорад. Дар шаҳрҳои Берлин ва Бонн сафоратхонаи 159 кишвари дунё, аз ҷумла, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вуҷуд доранд. Онҳо, дар маҷмӯъ, фаъолияти ҳаррӯзаро баҳри муаррифии кишварҳояшон ва зарфияти онҳо ба роҳ мондаанд, то дар мадди аввал имкониятҳои Олмонро дар тезонидани суръати чархаи иқтисоди мамлакатҳояшон истифода баранд.

Робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон 28 феврали соли 1992 шурӯъ гардидаанд. Соли 1993 Олмони Федеролӣ дар шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони тозаистиқлол дар шаҳри Бонн сафоратҳояшонро ифтитоҳ намуданд ва соли 2000-ум миёни кишварҳо алоқаи ҳавоӣ барқарор шуд.

Назаре ба таърих нишон медиҳад, ки пажӯҳишгарон ва шоирону сафарноманависони олмонӣ ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва мардуме, ки дар минтақаи ҳозираи Осиёи Миёна мезистанд, ҳанӯз дар асрҳои миёна таваҷҷуҳ доштанд. Ҳароина, нахустин тарҷумаҳои «Авесто», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, эҷодиёти Саъдиву Ҳофиз, Сино, сафарномаҳои Помиру Алай, ченкуниву харитакашиҳои заминӣ (террес­тривӣ) ва пиряхомӯзӣ дар Аврупо, бахусус, аз ҷониби олмониҳо анҷом дода шудаанд. Ин таваҷҷуҳ баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низ идома ёфт. Солҳои 60-уми асри гузашта асарҳои адибони тоҷик ба олмонӣ тарҷума гардиданд. Дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҳумболду Бамберг ва Тюбинген забонҳои эронӣ, аз ҷумла, забони тоҷикӣ, таълим дода мешуд. Инчунин, солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо нафар ҷавони тоҷик дар Олмон таҳсил ва ё такмили ихтисос намуданд. Диаспораи тоҷикони Олмон, тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло тахминан 10000 нафарро ташкил медиҳад. Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ройтлинген аҳди бародаршаҳрӣ вуҷуд дошта, чойхонаи тоҷикии шаҳри Берлин дар рӯйхати тарабхонаҳои хоса қарор дорад.

Дар Тоҷикистон низ ҳузури фарҳанги олмонӣ ҳамеша эҳсос мешуд. Шиносоӣ бо фарҳанги аврупоӣ, бахусус, олмонӣ, ҳанӯз дар хурдсолӣ бо мутолиаи афсонаҳои бародарон Гримм оғоз мегардид. Ҳанӯз дар ёд дорам, ки овони донишҷӯӣ аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ҷаридаву маҷаллаҳои олмонӣ дастрас мекардем. Ҳатто дар шаҳри Душанбе мағозаи бузурги китобҳои олмонӣ вуҷуд дошту дар шабакаи радио барномаи махсус ба забони олмонӣ садо медод. Ҳазорҳо нафар ҷавон замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарзамини Олмони Шарқӣ адои хизмат намуда, то ҳол таассуроти нек доранд. Ва ниҳоят, то барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон 32000 нафар олмонӣ зиндагӣ мекарданд, ки аз ин шумора 25000 нафар бо забони олмонӣ суҳбат менамуданд. Онҳо нафароне буданд, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар иштирок доштанд. Илова бар ин, дар Тоҷикистон чанд оромгоҳи олмониҳо вуҷуд дорад. Ин ҳама, дар маҷмӯъ, омилҳои «дипломатияи оммавӣ» ба ҳисоб мераванд, ки бидуни ихтиёр ва ё ҳадафҳои ғаразнок ба якдигарфаҳмӣ ва омезиши беҳтарин хислату хусусиятҳои фарҳангиву тамаддунсози мардуми ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд.

- Воситаҳои муҳими робитаҳои ҳар ду кишвар кадоманд?

- Миёни Тоҷикистону Олмон абзорҳои муҳими робитаҳои дуҷониба вуҷуд доранд. Пеш аз ҳама, робитаҳои ҳар ду кишвар солҳои нахустини соҳибстиқлолӣ дар шакли мубодилаи академикӣ ва робитаҳои фарҳангӣ оғоз гардиданд. Олмон дар раванди таҳкими сулҳ ба Тоҷикистон дар барқарор намудани иқтисоди баъдиҷангӣ мусоидат намуд. Аз соли 2003-юм миёни кишварҳо шарикии рушд вуҷуд дошта, ҳар сол дар Душанбе ва Берлин гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ баргузор мегарданд. Ин абзор соли гузашта ба сатҳи дигар, яъне шарикии ­бисёрҷониба бароварда шуд.

Дар доираи ин ҳамкорӣ садҳо мактаби ибтидоӣ, беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ ба шакли шарикӣ сохта ва ё мавриди таҷдид қарор гирифтанд. Тавре маълум аст, гидроэнергетика барои кишвар аҳамияти муҳим дошта, мутаносибан сохтани неругоҳҳо ва бахусус, амнияту бехатарии онҳо, ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат қарор доранд. Басо рамзист, ки яке аз баландтарин неругоҳи хурди барқи обӣ  НБО «Тоҷикис­тон» дар ноҳияи Мурғоб, НБО «Себзор» дар Шоҳдара маҳз дар шарикӣ бо Олмон сохта шуданд ва дар марҳалаи бунёдкорӣ қарор доранд. Таҷдид ва муосиркунонии Неругоҳи барқи обии «Норак», аз ҷумла, аз ҷониби ширкати олмониву австриягии «Андритс гидро» амалӣ шуда истодааст, ки бузургтарин интиқлодиҳандаи таҷҳизоти муосири гидроэнергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Бар илова, миёни кишварҳо дар самти таълими муҳоҷирон ва беҳтар намудани даромади онҳо, мусоидат ба такмили қонунгузории суди ҳакамӣ (арбитражӣ) дар Тоҷикистон, мусоидат дар мубориза бар зидди коррупсия ва таҳкими марзҳо, сохтани кӯпрукҳо ва бозорҳои наздисарҳадӣ (бо Афғонис­тон), такмили ихтисос, табодули таҷриба дар соҳаи тиб, мусоидат ба кашф ва истихроҷи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ғайра ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда шудаанд. Ҳамчунин, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Бундестаги Олмон робитаҳои хуби анъанавиро ба роҳ монда, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият доранд.

Дигар абзори муҳими робитаҳои дуҷониба гуфтушунидҳои сиёсӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳар сол дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар Душанбе ва Берлин баргузор мегарданд. Яке аз даврҳои гуфтушуниди сиёсӣ чанд моҳ қабл баргузор шуда, самтҳои асосии робитаҳои ҳар ду кишварро мушаххас намуд.

Айни замон дар мамлакат Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, Бонки рушди Олмон, ДААД ва Бунёди Ҳаннс-Зай­дел фаъолият намуда, ширкатҳое назири «Siemens», «Andritz Hydro», «Bosch», «Mercedes», «Willo russ» дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ машғули коранд ва ё нахустин иқдомҳои тиҷоратиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Ва ниҳоят, ҳар ду кишвар дар доираи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ», «Осиёи Марказии сабз», сиғаи С5+Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи фароминтақавии ПАТРИП низ ҳамкорӣ доранд.

Бо дарназардошти пешниҳоду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсисёбии СММ иброз гардиданд, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон тасмим дорад, бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳамкориро барои рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус, инчунин ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи олами вуҳуш ба роҳ монад.

- Айни ҳол тоҷирони кишвар бештар аз кишварҳои Чин, Россия ва Туркия молу маҳсулот меоранд. Баҳри ҷалби ҳар чӣ бештари доираҳои соҳибкории Олмон иҷрои кадом корҳо дар нақшаанд ва чаро ҳузури доираҳои сармоягузории Олмон то ҳол дар Тоҷикистон ночиз аст? Ё пандемияи коронавирус ба робитаҳои анъанавӣ таъсир гузошт?

- Иштибоҳ хоҳад шуд, агар гӯем, ки тоҷирони кишвар бояд танҳо ва маҳз аз Аврупо молу маҳсулот ворид намоянд. Ҷои шубҳа нест, ки маҳсулоти Аврупо аз лиҳози сатҳу сифат ҳанӯз ҳам аз молҳои истеҳсоли дигар минтақаҳои дунё бартарӣ ва афзалият доранд. Вале ин сифати баланд нархи худро дошта, бар замми ин, масофаи қобили мулоҳиза миёни ҳар ду кишвар ва мавҷуд набудани инфрасохтори логистикӣ, бахусус, ширкатҳои мухобиротӣ, ба боз ҳам бештар шудани арзиши маҳсулот таъсир мерасонанд. Бо дарназардошти арзиши истеҳсолии баланди маҳсулот ва қобилияти харидории аҳолии кишвар ҳар як тоҷир бояд қазоват намояд, ки аз куҷо маҳсулоти бозоргир ва барои харидор дастрас ворид намояд. Гардиши савдо миёни ҳар ду кишвар соли равон зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил дод. Ин рақам бо дарназардошти имконоти мавҷуда кам аст.

Тавре огаҳед, бо ташаббуси Сарвари давлат соли гузашта Барномаи саноатикунонии Тоҷикистон қабул гардид, ки мутобиқи он дар дохили кишвар бояд истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шавад. Ин, бешубҳа, иқдоми заруру саривақтӣ ва дар самти татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» муҳим ба ҳисоб меравад. Агар ба рақамҳои оморӣ назар андозем, Тоҷикис­тон аз содирот дида, ду баробар бештар аз хориҷи кишвар воридот мекунад, яъне, барои воридсозии молҳои мавриди ниёз сармояи бузурги пулиро ба хориҷ мебарорем.

Ҳамчунин, бо дарназардошти бозори хурди истеъмолии Тоҷикистон ва мавҷудияти рақобати истеҳсолӣ дар минтақа, бахусус, бозорҳои кишварҳои бузург, зарур аст, маҳз молу маҳсулоти баландсифат дар дохили кишвар истеҳсол гардад, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ, инчунин, дар беруни он низ бозоргир бошанду самаранокии корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин карда шаванд.

Шарти асосии рақобатпазирии корхонаҳо, дар баробари менеҷменти пешрафта, пеш аз ҳама, доштани таҷҳизоти муосир ба ҳисоб меравад. Яъне, ашёи хом бо технологияҳои муосиру барои ҳифзи муҳит безарар коркард шуда, маҳсулоти ниҳоӣ бояд талаботи харидорро қонеъ созад.

Ба маҳзи ин омил Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамоиши соҳибкорони ҳар ду ҷониб бо доираҳои гуногуни Олмон дар музокирот қарор дорад. Cоли равон Тоҷикистон маротибаи нахустин дар Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзии «Ҳафтаи сабз» иштирок намуда, самтҳои асосии бахши кишоварзиро муаррифӣ намуд. Ҳоло тасмим дорем, соли равон дар Форуми тиҷоратии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пешниҳодкунандагони таҷҳизоти муосир ва аз дигар минбарҳои мавҷуда низ зарфиятҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намоем. Бешубҳа, барои баромадан ба бозорҳои Аврупо душворӣ ва монеаҳои хеле зиёд вуҷуд доранд. Даҳҳо созишномаву муқаррарот бояд имзою риоя ва заминаҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Умед дорем, ки воридшавии кишвар ба «Афзалиятҳои гумрукии Аврупо-GSP+» шонси бештари баромадан ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла, Олмонро, ба миён хоҳад овард.

Кишварҳои шарику доираҳои иқтисодии онҳо интизори бардош­та шудани маҳдудиятҳои иҷтимоии дар робита ба пандемияи коронавирус ҳастанд, ки мутаассифона, як сол боз дар Олмон низ идома доранд.

Таъкиди шумо дар бобати таъсири эҳтимолии коронавирус ба фаъолияти минбаъдаи доираҳои иқтисодӣ саривақтӣ аст. Бешубҳа, паёмади коронавирус дар асл бузург буда, он бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Зарарҳои то ҳол ба иқтисоди кишварҳои Аврупо расидаи пандемияро мутахассисон бештар аз паёмади буҳрони молиявии солҳои 2010-ум меҳисобанд. Буҳрони коронавирус дар асл бахши хусусии кишварҳои Аврупоро ба ҳолати ногувор овардааст, ки паёмади он метавонад варшикастагии садҳо ҳазор корхонаи хурду миёна гардад.

Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар марҳалаи баъдибуҳронӣ аз кишварҳои ҳавасманд, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои тиҷоратӣ талаботи бештарро интизоранд. Ин ҳамкориҳо минбаъд бояд ҳама ҷанбаро ба инобат гирифта, дар баробари худсармоягузорӣ, бо дарназардошти безарарии фаъолияти тиҷоратӣ ба муҳити зист, истифодаи технологияҳои муосир, имкони пардохти ғайринақдӣ, дастрасӣ ба зерсохторҳо ва логис­тика, мавҷудияти занҷираҳои истеҳсолӣ ва ғайра амалӣ гарданд. Танҳо дастрасӣ ба захираи табиӣ ё истеҳсоли маҳсулоти ибтидоӣ гарави тиҷорати мутақобилаи бобарор буда наметавонад. Тарҳи лоиҳаҳо зарур аст, ки бо дарназардошти бозорҳои минтақа ва инфрасохтори мавҷуда пешниҳод гарданд. Масалан, агар соҳибкори тоҷик ба сармоягузори олмонӣ дархости маблағгузории пурраи корхонаи муштараки истеҳсоли батареяҳои қӯрғошимиву кислотадор ё резинаи автомобилро кунад, пас бешубҳа, ба нокомӣ дучор хоҳад шуд, чун бозори маҳсулоти якумӣ ба туфайли батареяҳои насли нави литиионӣ дар ҳоли касодшавӣ буда, талабот нисбат ба истеҳсоли резинаҳо хеле баланд аст. Вале агар шумо корхонаи истеҳсоли хокаи хушки шафтолуву олуболу барои саноати атриёт ва ё аз донаки зардолуву бодом барои соҳаи қаннодӣ марсипан истеҳсол карданиеду саҳматон 50 фоизро ташкил намуда, ба соҳибкор кафолати баъди 4 сол баргардонидани сармояи гузоштаашро таъмин кунед, пешниҳоди шуморо шояд мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор диҳанд.

Вазъи кунунӣ талошҳои аз пештара бештарро тақозо мекунад, ки берун аз имконоту зарфияти намояндагии дипломатӣ мебошад. Бо дарки вазъи кунунӣ ва паёмадҳои коронавирус ҳар як субъекти хоҷагидорро зарур аст, ки дар самти вусъати ҳамкориҳо кӯшиш ба харҷ диҳад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бояд ҳамеша дар тарғиби афзалиятҳо бошанду равзанаи ягонаи сабти ширкатҳо, афзалиятҳо, сабукиҳои андозӣ қатъиян риоя гарданд. Алҳол сармоягузори аврупоиро бояд муътақид сохт, то ки аз миёни 195 давлат маҳз соҳибкори тоҷикро шарик интихоб намояд.

Доираҳои иқтисодиву тиҷоратии Аврупо аз соҳибкори хориҷӣ имкониятҳои иловагӣ интизор хоҳанд буд. Аз ҳама муҳим, эътимод. Ин ва дигар омилҳои муҳим бояд дар гуфтушунидҳои мус­тақим ҳамеша дар мадди назар қарор ёбанд.

- Ман баъди чор маротиба иштирок кардан дар Намоишгоҳи байналмилалии ITB «Berlin» ба хулоса омадам, ки Тоҷикистон то ба ҳол барои сармоягузорону сайёҳони хориҷӣ пурра муаррифӣ нашудааст. Аммо чун олмониҳо ба сайру саёҳат таваҷҷуҳи бештар доранд, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо мақсади муаррифии захираҳои туристӣ баҳри ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба бозори туристии кишвар боз кадом корҳоро ба анҷом расонидан мумкин аст? Андешаи Шумо дар арафаи баргузории 87-умин намоишгоҳи ITB «Berlin» чист?

- Сайёҳӣ айни ҳол давраи бениҳоят душвори буҳрониро пушти сар дорад. Хурӯҷи пандемияи коронавирус ва эълони маҳдудиятҳо, лағви ITB «Berlin 2020» ва садҳо намоишгоҳи дигар чанд рӯз пеш аз баргузориашон ба ин бахши саноат зарбаи шадид зад. COVID-19 мавҷудияти cадҳо ҳазор ширкати сайёҳиро дар Аврупо зери суол гузошт.

Ҷиҳати дарки аҳамияти сайёҳӣ барои Аврупо зарур мешуморам баъзе аз рақамҳоро мисол биёрам. 10 фоизи ММД-и Иттиҳоди Аврупо то ба миён омадани коронавирус аз ҳисоби сайёҳӣ ба даст меомад. Дар Аврупо 2,4 миллион ширкати сайёҳӣ вуҷуд дошта, 23 миллион нафар аҳолӣ маҳз дар ҳамин соҳа машғули кор буданд. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ зарари пандемияи коронавирус ба саноати туризми Аврупоро тахминан 840-1000 миллиард евро ҳисоб намудааст.

Соли 2020 қарор буд зиёда аз 50 ширкати сайёҳии Тоҷикистон барои муаррифии хизматрасониҳояшон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии ITB «Berlin 2020» ба Берлин сафар кунанд. Мутаносибан Кумитаи рушди сайёҳии кишвар дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бархе аз чорабиниҳои муаррифӣ, форуми соҳибкорони бахши сайёҳӣ ва баргузории намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва китобҳои ба тозагӣ таҳияшударо дар доираҳои сайёҳии Олмон ба нақша гирифт. Мутаассифона, бинобар сар задани пандемия лағв гардиданд.

Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар асоси арзёбиҳои анҷомдода изҳор доштааст, ки бахши сайёҳии байналмилалӣ дар натиҷаи таъсири буҳрони коронавирус соли равон ба пасттарин нуқтаи авҷ дар 50 соли охир расид. Пайдо шудани ваксина ҳам, агар вазъро тағйир диҳад, аммо беҳбудии вазъи бахши сайёҳиро танҳо метавон аз соли 2022 эҳсос намуд. Тавре маълум аст, маҳдудиятҳои сайру сафар дар кишварҳои Аврупо ҳанӯз ҳам аз байн бардошта нашуда, дурнамои он то замони пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо ваксина номушаххас боқӣ хоҳад монд. Олмон нисбат ба кишварҳои дунё маҳдудиятҳои сафар ҷорӣ карда, аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки бе зарурат ба хориҷи кишвар сафар накунанд. Қисмати зиёди шаҳрвандони он соли гузашта ва эҳтимол имсол низ ба саёҳати дохилӣ бартарӣ дода, мураххасиро дар дохили ватан гузаронанд. Ин мисолҳо на ба маҳзи эҷоди шубҳаву нобоварӣ, балки ба хотири дарки воқеият оварда шуданд, то соҳибкори тоҷик тавонад зарфияту тавоноияшро самаранок истифода барад.

Вале, новобаста ба ин, дар ҳар як буҳрон шонсҳои нав нуҳуфта аст. Бо такя ба назарсанҷиҳои анҷомёфта, қисми зиёди саёҳаткунандагон, бо эҳтимоли зиёд, на ба мавзеъҳои саёҳати оммавӣ, балки бештар ба кишварҳои дорои туризми экологӣ, мавзеъҳои оромтар, саёҳат дар деҳот ва кӯҳсорон бартарӣ хоҳанд дод.

Тоҷикистон низ, ки бо такя ба изҳороти Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат, бинобар пандемияи COVID-19, беш аз 170 миллион доллар зарар дидааст, шонси хуби ҷалби сайёҳонро баъди бартараф шудани буҳрони пандемияи коронавирус хоҳад дошт, агар баъзе аз корҳои лозимӣ қаблан роҳандозӣ карда шаванд.

Ба туфайли сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Сарвари давлат ва тасмимҳои Ҳукумати кишвар соли равон дар самти содагардонии равуои хориҷиён ба ҷумҳурӣ баъзе аз қарорҳои саривақтӣ қабул гардиданд. Ин ҷо ман метавонам аз пешниҳоди раводидҳои бисёркаратаи сайёҳӣ то 60 рӯз ва ё дигар навъи раводидҳои дарозмуддат барои собиқ шаҳрвандони тоҷик ва сармоягузорон мисол орам.

Иттиҳодияи ширкатҳои сайё­ҳии Олмон (DTV) зимни омӯзиши бозорҳои ояндаи сайёҳӣ ба чунин хулоса омад, ки таъбу завқи сайёҳ, ҳамчунин, интизориҳои ӯ нисбат ба мавзеи саёҳатӣ ва ширкати хизматрасон тағйир ёфтаасту кишварҳоро зарур аст, ки мутаносибан бахшҳои туризмро мутобиқ намоянд. Ба ақидаи ин ниҳод, рақобат дар бозорҳои сайёҳӣ оянда бештар хоҳад шуд ва танҳо кишварҳо ва ширкатҳое пирӯз хоҳанд гардид, ки сари вақт барои муосиркунонии ин бахш сармоягузорӣ намуда, фаъолияти минбаъдаро бо дарназардошти эҳтиёҷи воқеии мизоҷон ва воқеияти кунунӣ ба роҳ монанд. Коршиносон «рақамикунонии соҳаи туризм»-ро гарави асосии ояндаи он меҳисобанд.

Усулҳои муосири муошират бо cайёҳон, муаррифӣ намудани хизматрасониҳо дар анбӯҳи иттилоот ва ё дубора баргардонидани таваҷҷуҳи онҳо ба пешниҳоди қаблан дидаву сарфи назаркардаашон, масалан, дар шакли ирсоли пешниҳодоти таблиғотӣ, ишора ба сомонаи ширкати хизматрасон ва ғайра аз ҷумлаи тасмимҳои ҷалби сайёҳон дар давраи баъдибуҳронӣ ба ҳисоб меравад.

Пардохти ғайринақдии мобилӣ миёни сайёҳони аврупоӣ хеле маҳбубият пайдо кардааст. Истифода аз усули «пахши як тугмача барои ҳама хизматрасонӣ» на танҳо ҳангоми харид аз ширкатҳои «Paypal», «Google», «Amazon», балки дар харидории бастаҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иловагӣ маҳбубияти бештар пайдо карда истодаанд. Қисми зиёди сайёҳони олмонӣ, тибқи назарсанҷиҳо, мехоҳанд пардохти хароҷотро дар шакли ғайринақдӣ ва тавассути барномаҳои телефонҳои мобилӣ анҷом диҳанд. Ширкатҳои ватаниро зарур аст сари ин мароми мизоҷони эҳтимолӣ андеша кунанд.

«Бо истифода аз фанновариҳои муосир омӯхтани арзу хоҳиши мизоҷ» усулест, ки аллакай ширкатҳои бузурги хизматрасонии сайёҳӣ аз он васеъ истифода бурда истодаанд. Тибқи он, ширкатҳо бо кирояи кормандони иловагӣ иттилое, ки масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба онҳо паҳн мегардад, омӯхта ва мутаносибан вокуниш нишон медиҳанд. Бо ташкили презентатсияҳо, баррасии фаврии ҳолатҳои мавҷуда ва ё эълони тахфиф ё тағйири масирҳо ва ғайра шонси мавриди таваҷҷуҳи саёҳон ва ба вуҷуд овардани эътимоди бештар нисбат ба ширкатҳо афзун хоҳад шуд. Вазъи кунунӣ аз ташкилкунандагони сайру саёҳат интизории боз ҳам бештарро тақозо менамояд ва дар ин ҷода эҷоди эътимоди қавӣ нисбат ба ширкат ва хизматрасонии он дар ҳолатҳои мабодо ҷавҳари муваффақият ба ҳисоб меравад.

Маркетинг бо усули «микроинфлюенсерҳо», то ин ки гурӯҳҳои наву нисбатан ҷавони сайёҳон аз хизматрасонии ширкатҳо огаҳӣ пайдо кунанд, кирояи нафароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводори бештар ва таъсири муайян доранд, яке аз усулҳои санҷидашудаи рушди туризм дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне нишастаанд, ки ҳаёти ҳаррӯзаи онҳоро ҳазорҳо нафар пайгирӣ менамоянд. Онҳо, ба қавле, «микроинфлюенсерон», метавонанд ба туфайли муоширати ҳаррӯза ва ҳатто дӯстона ба ҳаводоронашон маҳсулот ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳиро муаррифӣ намоянд.

Ҳамеша хушбин бояд буд. Ба ақидаи файласуфи олмонӣ Франсискус розӣ ҳастам, ки мегӯяд: «Дар ҳама гуна буҳрон муҳим он аст, ки дар худ фурӯ наравем, балки бодиққат ва барои дигарон кушода бошем». Бо кушода шудани марзҳо қарор аст, гурӯҳе аз рӯзноманигорони олмонӣ, филмбардорон, блогерҳо ва ғайра ба Тоҷикистон сафар намоянд. Қарор аст, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ВАО-и Олмон гузоришу мақолаҳои ҷолиб, филмҳои таблиғӣ ва инъикоскунандаи зарфиятҳои мамлакат таҳия ва пахш гарданд. Ватанамон саропо мавзеи дӯстдоштанист, зарур аст то онро дигарон низ бубинанд, эҳсос кунанд.

- Барои муаррифии ҳар чӣ бештари таъриху фарҳанги миллат баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳо оё ба мақсад мувофиқ аст?

- Нахустин бор Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Олмон соли 1997, сипас, соли 2000 дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии Ҳанновер «Экспо 2000» баргузор гардидааст. Олмон низ дар солҳои нахустини қарни ХХI рӯзҳои фарҳангиро дар Тоҷикистон баргузор намуд. Баргузории ҳафтаи фарҳангӣ ҳамчун абзори сиёсати хориҷӣ ва муаррифии кишвар то оғози асри ҷадид хеле муҳим ва пурсамар ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷаи воридшавии технологияҳои нав ба ҳаёти шаҳрвандон, бахусус дастрасӣ ба интернети баландсуръат, маъхазҳои аудиовизуалӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳии мардум нисбат ба фарҳангу тамаддуни дигар халқҳо афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар Аврупо кас имкон дорад, аз хона набаромада, на ин ки аз ҳунари навозандагии ақаллияте аз қораи Африқо ҳаловат барад, балки ҳатто дар сурати мавҷуд будани таваҷҷуҳ яке аз он асбобҳои мусиқии истифодашударо низ харидорӣ ва баъди чанд рӯз дастрас намояд. Чунин тарзи зиндагӣ, ки то хурӯҷи коронавирус ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми Аврупо гардид, бо сар задани пандемия хусусияти бештар касб намуда, мардум дар ҳоли мутобиқат ба дунёи маҷозӣ — виртуалӣ мебошад. Мутаносибан таблиғи кишвар, маҳсулоти он ва зарфиятҳои саёҳиаш аз доираи чорабиниҳои оммавӣ берун рафта, дар ҳоли воридшавӣ ба ҳарими ҳаёти хусусии ҳар як шаҳрванд қарор дорад. Шумо агар имрӯз мусиқиеро бо истифода аз таблаку рубоб гӯш кунед, пас пагоҳ дарҳол ҳангоми кушодани саҳифаи интернетӣ ва ё почтаи электронӣ роликҳои таблиғотии ин ё он ширкати тиҷоратиро дар бобати фурӯши тахфифноки чунин асбобҳо ҳатман дарёфт хоҳед кард, агарчи барои он ҳеҷ фармоиш надодаед.

Кишварҳои дар ҳоли рушдро мебояд, аз ин равандҳо васеъ истифода баранд, чун онҳо тақозои замон мебошанд ва ҳоло тавассути василаҳои муосири муоширатӣ ҳар як шаҳрванди дунё имкон дорад роҷеъ ба ҳунари кандакориву гаҷкорӣ, омодасозии оши палов ё чакандӯзиву гиёҳдармонии тоҷикон маълумот пайдо намояд.

Ҷиҳати мутобиқат ба ҳолати кунунӣ Сафорати Тоҷикистон дар Олмон низ дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон аз воситаҳои муосири муоширатӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, тарҷумаи филмҳои мустанад, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои алоҳида, донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ талош меварзад.

Мусаллам аст, ки муаррифии кишвар бо усулҳои ошно, он гуна, ки то ҳол медонем, яъне, баргузории чорабиниҳои зинда, шабнишиниҳо, рӯзҳои фарҳангӣ дар дигар кишварҳо бинобар сабаби коҳиш ёфтани шумораи онҳо аз зумраи ҳамоишҳои ҷолибу маҳбуб ба ҳисоб мераванду ҳеҷ як фанноварии муосир ба ҳунарнамоии зинда ва дар рӯ ба рӯи бинанда сабқат карда наметавонад. Албатта, баргузории чунин намоишҳо дар сархати фаъолияти фарҳангии намояндагии дипломатӣ қарор дорад. Мутаассифона, ташкили чунин чорабиниҳо бо дарназардош­ти масъулияти мардуми Аврупо нисбат ба самаранок тартиб додани вақти холиашон, дар баробари таъмини сатҳу сифати чорабинӣ, омодагиҳои дақиқи логистикиву замониро тақозо намуда, бар замми ин, барои буҷаи кишварҳо ва намояндагиҳо низ гарон мебошанд. Гузашта аз ин, сар задани пандемияи коронавирус муҳимияти чунин чорабиниҳоро барои муҳлати муайян ба мавқеи дуюм гузоштааст.

- Дипломатҳо, дар баробари пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳамчунин тарғибгари фарҳангу маданият ба ҳисоб мераванд. Шумо ҳамчун донандаи воқеии шароиту имконоти Тоҷикистон бигӯед, ки ҳоло аз олмониҳо чиро метавон дар ҳаёт истифода кард?

- Дар айни ҳол, метавон таҷрибаи олмониҳоро дар самти истифодабарии оқилона ва самараноки сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда мавриди омӯзиш қарор дода, аз амалисозии «иқтисоди сабз» баҳра бардошт. Истифодаи самараноки неруи боду офтоб ва гармии замин, татбиқи таҷрибаи олами ҳайвоноту наботот дар сохтмон ва гармидиҳии иншоот, истифодаи дубораи партовҳо дар истеҳсоли неруи барқ, табдили барқ ба газу гидроген ва ё баланд бардоштани самаранокии меҳнат тавассути пайдо кардани роҳҳои нави идоракунӣ таҷрибаҳое мебошанд, ки боис ба омӯзиш буда, бо дарназардошти шароити мавҷуда, имкони татбиқи онҳо дар Тоҷикис­тон мавҷуданд.

Истифодаи самараноки замин, ҳосилгирии такрорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати биологӣ тоза бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи Иттиҳоди Аврупо, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ аз ҷумлаи дигар бахшҳое ба ҳисоб мераванд, ки боис ба омӯзишанд.

Олмон дар бобати таълими дуалӣ (таҳсил ва кор), самти хизматрасонии тиббӣ, бахусус нигоҳубини пиронсолон, ҳамчунин меҳмонхонадорӣ таҷрибаи ғанӣ дорад, ки шоистаи омӯзиш аст.

Хушбахтона, солҳои охир як навъ интиқоли навовариҳои фаннӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мегардад. Тавре дар боло гуфтам, сохтани Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии зиёда аз 3600 метр аз сатҳи баҳр, ки маъмулан дар ин шароит об ях мекунад, истифодаи гармии қаъри замин барои гармидиҳии биноҳо дар мисоли муассисаи тиббии Ҳулбук, истифодаи нури офтоб дар мисоли бархе аз муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии муосир дар беморхонаҳо ва ғайра, агарчанде намунаҳои хурд бошанд ҳам, аммо бозгӯи мавҷудияти интиқоли таҷрибаи муосири Ғарб ба ҳисоб мераванд.

- Ҳамакнун бигӯед, ки вақте ба фаъолияти дусолаатон ба ҳайси фиристода назар мекунед, чӣ гуна таассурот шуморо фаро мегирад?

- Ман мутмаин нестам, ки баҳодиҳии фаъолияти дипломатӣ барои муддати муайян имконпазир бошад. Тасаввур кунед, ки сафир ё фиристода ҳангоми фаъолият дар хориҷи кишвар муддате ба таҳкиму таҷдиди кӯпруке мусоидат мекунад, ки сохтмони он кайҳо боз шурӯъ шуда, барои анҷоми он муҳлат муқаррар нашудааст. Дар ин маъракаи меъморӣ фаъолияти ҳар як сафир ба пудратчие шабоҳат дорад, ки дар сохтани он кори мушаххасеро анҷом медиҳад. Баъзан вақт амале, ки ӯ дар ин раванд анҷом медиҳад, идома ва ё қисмати ҳамон корест, ки дигаре аллакай оғоз карда ва ё баръакс, ӯ замина барои корҳои пудратчии минбаъда хоҳад гузошт. Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки меъмор баъди расидан ба миёнаҷои кӯпрук назаре ба қафо андӯхта, бинобар косташавии рангубор ё масалан, зуҳуроти табиии сарзада, дубора аз он мавқеъ шурӯъ мекунад.

Ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратии Олмон ба мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишваре дар саргаҳи тамаддунҳои гуногун, кишвари калидиву буферӣ барои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷузъи таркибии «як камарбанд, як масир», муаррифии зарфиятҳои гидроэнергетикиву кишоварзӣ, захоири табиӣ, қувваи кории мусоид ва даҳҳо масоили дигар аз ҷумлаи самтҳои фаъолияти намояндагӣ ба ҳисоб мераванд. Дар робита ба ин, бо истифода аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, албатта, тавонистем дар давоми фаъолият Тоҷикистонро дар доираҳои муайян ҳамчун «ахтари нуҳуфтаи олами сайёҳӣ» муаррифӣ кунем.

Дар фароварди суҳбат аз фурсат истифода бурда, истиқрори робитаҳои ҳар ду кишварро ба дипломатҳо, ҳамкорон, олимону донишомӯзон, мубаллиғони тамаддуну фарҳанги ҳар ду кишвар ва дигар нафарони таваҷҷуҳманд муборак мегӯям. Ба шумо низ, барои таваҷҷуҳ ва ташаббус баҳри рушду таҳкими равобити дӯстонаи ҳар ду кишвар, ки воқеан бозгӯи сиёсати дарҳои кушоди роҳбарияти кишварамон ҳаст, ташаккур мегӯям.

Суҳбаторо

Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум»