Баъд аз сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти дӯстонаашон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санадҳои гуногуни ҳамкорӣ шодию хурсандии сокинони ҳар ду кишвари дӯст боз ҳам афзун гардид.
Зимни суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Таърих нишон медиҳад, ки зиндагии якҷоя дар фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддун омили ба ҳам наздик шудани халқҳои мо шудааст.
Гузаштагони мо дар рушди илм, назм ва насри ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Онҳо шаҳрҳо ва иншооти меъмории хусусияти тамаддунидошта бунёд карданд. Моро мероси бойи маънавӣ ва фарҳангии дар ҷаҳон эътирофшуда муттаҳид месозад.
Мероси бойи халқҳои мо ба зиммаи мо — сиёсатмадорон, вазифа мегузорад, то муносибатҳоеро, ки ниёгонамон барқарор кардаанд, ҳифз ва афзун намоем, фазои дӯстию ризоятро барои наслҳои оянда аз ҳар ҷиҳат, ба мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ, таҳким ва ғанӣ гардонем.
Асосгузори адабиёти муосири тоҷику ӯзбек устод Садриддин Айнӣ чунин гуфта буд: «Ҷомӣ ва Навоӣ дар муносибат ба мушкилоти асосии замони худ ҳамфикр буданд ва онҳоро бо дастгирии тарафайн ҳал мекарданд».
Зимнан, солҳои охир муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя низ хеле равнақ ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Раиси палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов 7 октябри соли 2019 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ дар доираи он сафар Нуриддин Исмоилов гуфт, ки сафари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишондиҳандаи муносибатҳо дар сатҳи олӣ миёни ҳар ду кишвар аст, ки ба он на танҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, балки робитаҳои парлумонӣ низ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, зикр кард: «Мо аз ин воқеият натиҷа мегирем, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайвандад. Халқҳои мо аз қадимулайём паҳлу ба паҳлуи ҳам зиндагонӣ мекарданд. Ва ин анъанаҳои ҳамсоягиву муносибатҳои дуҷониба бояд ба унвони пояи устувор барои ҳамкорӣ бошад.
Мо барои робитаҳои пурбортарин ва ҳамаҷониба бо ҳамкорони бародари тоҷик омодаем. Санадҳои баимзорасидаи байни кишварҳоямон баёнгари он аст, ки ду ҷониб ташнаи таҳкими робитаҳои дуҷониба, шона ба шонаи ҳам ниҳодану бо боварӣ гомҳои устувор бардоштан барои ба даст овардан ва расидан ба марзҳои нави ҳамкориҳо мебошанд. Дар аснод орзуҳои қадимӣ, иродаву қотеъияти халқҳои бародари мо таҷассум ёфтаанд».
Бо ибрози ризоят аз вазъияти феълии робитаҳо байни парламенти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мехоҳем зикр кунем, ки мақомоти қонунгузори мо минбаъд низ бояд ҳамчунон иқдомоти ҷиддиро барои рушди густардаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳо идома диҳанд. Боварӣ дорем, ки таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар барои боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи сифатан нав фароҳам меояд.
Гуфтан бамаврид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳама соҳа таъкид мекунанд. Боварӣ дорем, ки дар баробари болоравии ҳамкориҳои мутақобилан судманд, робитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ бо маъниву муҳтавои нав саршор хоҳад шуд.
Дар вохӯрии сарони ҳар ду давлат, ки чанде пеш дар Тоҷикистон доир гашт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд:
«Мардуми моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозад». Дар он ҳангом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуданд: «Муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд чун талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад».
Дарвоқеъ, дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, асрҳои аср боз идома меёбад.
Бахтиёр Аҳмадзода,
Файзулло Наҷмидиниён,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон