Бо ҳамин ном 12-уми апрели соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи конфронс қайд кард, ки баргузории чорабинии мазкур дар сатҳи нишастҳои коршиносӣ ва таҳлилӣ бори нахуст набуда, ин гуна чорабиниҳо пайваста байни ниҳодҳои зеҳнии ҳар ду кишвар доир мегарданд.
Ӯ афзуд, ки чорабинии мазкур идомаи мантиқии талошҳои муштараки роҳбаронии ҳар ду кишвар ва муносибати дӯстонаю хайрхоҳонаи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди муштарак ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории конфронси муштарак бо Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ ва таҳлилҳои олимону коршиносон марбут ба масъалаҳо ва муҳокимаи дурнамои пешбурди муносибатҳои иттифоқӣ, таҳлили муфассали вазъ ва ҷараёни татбиқи барномаю санадҳои муштараки қабулшуда, ҷустуҷӯи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки кишварҳо мебошад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зимни суханронӣ доир ба вазъи муосири муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои стратегии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамкориҳои ҳар ду давлатро дар ин самт мусбат арзёбӣ намуд.
Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ҷавлон Ваҳобов робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро низ мусбат арзёбӣ намуд. Ӯ махсусан, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду кишвари ҳамсояро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт густариш ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
- Муносибатҳои сиёсию дипломатӣ, иқтисодию фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам мегарданд. Ҷониби Ӯзбекистон дар оянда низ омода аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро бо Ҷумҳурии Тоҷикистони ба мо дӯсту ҳамсоя тавсеа ва густариш диҳад, — иброз намуд Ҷавлон Ваҳобов.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов зикр намуд, ки дар давоми 32 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвари дӯсту бародар 256 санад ба имзо расидааст, ки аз ин 153 ҳуҷҷат ба панҷ соли охир рост меояд.
Дар поёни конфронс иштирокчиёни чорабинӣ як қатор пешниҳодҳои мушаххас ва амалиро оид ба таҳкими робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баён намуда, равишҳои нави ғайристандартӣ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро зарур ва муҳим арзёбӣ намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»