Соли 2024 дар ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 301 миллиону 239 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 10 миллиону 979 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия соли 2024 барои таъмини амнияти озуқаворӣ 3343 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 29 679 картошка, 6464 сабзавот, 6304 мева, 2216 гӯшт ва 121 тонна асал истеҳсол намуда, дар фаровонии бозорҳои мамлакат саҳм гузоштаанд.
- Дар баробари ин, бунёдкорӣ ва корҳои созандагӣ ривоҷ ёфта,тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёду барқарорсозии 101 иншоот дар назар аст. То имрӯз 50 иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд,- иттилоъ дод раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода.
Д. МИРЗО,
«Садои мардум»