Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нисбат ба соли пешин 4,6 фоиз зиёд мебошад, вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар қонеъкунанда нест. Бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ оид ба беҳтар намудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».
Дар ноҳияи Тоҷикобод саҳми филиали № 20-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар пардохтҳои коммуналӣ, андоз, барқ, музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳо ва интиқоли маблағ аз дохилу хориҷи кишвар торафт назаррас мегардад.
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз тарафи роҳбарияти филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Тоҷикобод барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зимни сафари корӣ Пешвои миллат ба роҳбарияти «Амонатбонк» супориш доданд, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ барои деҳқонони минтақаи Рашт қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо шаванд. Чунин қарзҳо пешниҳод гардид, ки онро деҳқонон барои хариди тухмӣ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ва хизматрасонии техникаҳои хоҷагии қишлоқ истифода намуданд.
Соли 2020 ба 285 мизоҷ ба маблағи 2 миллиону 265 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2020 фоизи қарзҳо аз 2,5 ба 1,8 фоиз кам гардид. Онҳо аз 1 феврал барои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, картошкапарварӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, пешниҳод шуданд. Дар маҷмӯъ, соли сипаришуда барои соҳибкорӣ ба шаҳрвандон бо 1,8 ва 2,4 фоиз 1 миллиону 20 ҳазор сомонӣ қарзи кӯтоҳмуддат ва барои дастгирии муаллимони ҷавон 66 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз пешниҳод гаштааст.
Хизматрасонии идораю корхонаҳо ва аҳолӣ асосан ба зиммаи филиали № 20-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳия, филиалҳои «Ориёнбонк», «Аввалин бонки молиявии хурд» ва «Коммерсбонк» вогузор аст.
Аз суҳбат бо мутасаддиёни филиал ва мизоҷони нуқтаҳои дигари «Амонатбонк» маълум шуд, ки нисбатан кам будани нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, сифати пасти хизматрасонии интернетӣ баъзан сабабгори сари вақт қонеъ нагардондани талаботи мизоҷон мешавад. Дар сурати рафъ гардидани мушкилоти мавҷуда сатҳи фаъолият хубтар ва сифати он баландтар мегардад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»