Ноҳияи Тоҷикобод ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, сол то сол симояшро тағйир медиҳад. Имрӯзҳо агар кас вориди маркази ноҳия — шаҳраки Тоҷикобод гардад, дигаргуниҳои онро зуд пай мебарад.
Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2018 — 2020» гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, амалисозии барнома тадриҷан вусъат меёбад.
Тибқи иттилои раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо, маблағи барнома 117,6 миллион сомониро ташкил дода, 182 лоиҳаро дар бар мегирад. Он бо мақсади расидан ба рушди устувор дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» таҳия шудааст. То имрӯз се лоиҳа ба маблағи 680000 сомонӣ пурра амалӣ шуда, татбиқи ҳашт лоиҳа, ки маблағи умумиашон 802000 сомонӣ мебошад, идома дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ талош намуда, мекӯшад, ки амалисозии лоиҳаҳо бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шавад. То охири соли 2018 татбиқи ҳафт лоиҳа аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар назар аст ва он барои бо ҷои кор таъмин намудани сокинон мусоидат хоҳад кард.
Тавре раиси ноҳия гуфт, таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоатҳои деҳот низ шурӯъ гардидааст. Соли гузашта бо дастгирии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия бо USB — модемҳо таъмин ва ба шабакаи интернет пайваст гардиданд. Айни ҳол муросилоти ҳуҷҷат ва мукотибот тавассути почтаҳои электронӣ ба роҳ монда шуда, барои кор дар доираи Барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам аст.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»