Тоҷикобод. Иштироки хонандагон дар озмунҳо ғайриқаноатбахш аст

№ 24.02.2023

Чанде пеш  раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос бо кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия  вохӯрӣ доир намуд.

Таъкид шуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф мақоми меҳварӣ дорад. Дар партави ҳамин сиёсат Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба соҳаи зикршуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Вазъи муассисаҳои таълимӣ, бартараф намудани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати боло бурдани савияи дониши хонандагон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти ноҳия мебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар вохӯрӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд, иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.

Фақерзода Қадриддин Аббос аз иштироки хонандагони ноҳия дар озмунҳои фаннӣ ва  ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” нигаронӣ намуда, дастоварди хонандагонро дар ин озмунҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард. Номбурда аз ҷумла  гуфт: “Дар фаъолияти баъзе муассисаҳои таълимӣ муваффақият ҳаст, аммо дар маҷмӯъ масъулин корро дуруст ба роҳ намондаанд”.

Ба мудирони кабинетҳои методӣ, масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъдод ва директорони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки семинарҳои омӯзишӣ баргузор карда, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани хонандагон ба олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ корро бетаъхир тадбир андешанд.

Диловари МИРЗО,

 “Садои мардум”