Таъмин шудан бо оби ошомиданӣ ва полезӣ барои сокинони сайёра масъалаи мубрам гардидааст. Яке аз ташаббускорони асосии ҳалли масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба бартараф намудани мушкилот андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи сарварони мамолики оламро ҷалб карданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода бурдани обу замин чораҳои зарурӣ андешида, ба таъмири каналҳои ноҳия, ки таъмирталаб буданд, шурӯъ карданд.
Сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Илҳомуддини Саидҷон зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ноҳия 11 канал мавҷуд буда, тавассути онҳо 1600 гектар замин обёрӣ мегардад. Айни замон 7 канал, аз ҷумла Сари пул, Дараи Нушор, Фатҳобод, Сабзазор, Сафедоб, Кӯли калон, Кӯли мирзангӣ коршоям буда, 4 канал - Капалӣ, Себистон, Дашти боқӣ ва Полезак ба таъмири пурра эҳтиёҷ доранд. Чанде пеш канали 8 — километраи Сари пул, ки солҳо боз ба таъмир ниёз дошт, бо истифода аз техникаҳои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҳашарҳои умумии мардуми деҳоти «Нушор» ва ба номи Шогадоев таъмир шуд. Айни замон бо истифодаи техникаҳои ин идора ва ҳашар дар канали Дараи Нушор бо дарозии 19, 5 километр ва канали Сабзазор бо дарозии 14 километр кор идома дорад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик барқарорсозии каналҳои Сафедоб ва Кӯли калон низ оғоз гардад.
Бино ба гуфти масъулин, хароҷоти таъмири каналҳои мазкур аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонӣ барои дастрас намудани об ва шахсони саховатпеша амалӣ шуд. Муҳимтар аз ҳама, дар заминаи иқдоми зикршуда 435 гектар замини солҳо бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дохил гардида, майдони кишти ғалла, картошка ва дигар зироатҳои полезӣ зиёд мегардад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»