Дар ноҳияи Тоҷикобод сол ба сол масоҳати картошказор аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ мегардад. Солҳои охир картошкапарварони ноҳия бо техникаҳои ҳозиразамон таъмин гардида, аз дигар ноҳияҳои мамлакат, ки ба картошкапарварӣ машғуланд, беҳтарин навъи тухмӣ оварда мешавад.
- Аз таҷриба медонем, ки дар ноҳияи мо барои кишти картошка ҳоло фурсат ҳаст. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки имсол низ мисли солҳои пешин картошкапарварони мо ҳосили хуб ба даст меоранд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми сазовор мегузоранд, — гуфт дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома сокини деҳаи Сафедмун Мустаони Ваҳҳоб.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»