Рӯзе, ки ба ноҳияи Тоҷикобод сафари корӣ доштем, дар маркази Ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев — деҳаи Зарафшон раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо бо фаъолон ва ҷавонони деҳот бобати шарҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ дошт.
- Як даври вохӯриҳоро ба анҷом расонида, даври дуюмро шурӯъ намудем, — гуфт Нодираи Маҳмадисо. Дар суҳбати онрӯза ваҳдат — шоҳсутуни устувори бақои давлат, соли 2017-Соли ҷавонон, рушди соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ масъалаҳои меҳварӣ буданд.
Бо ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав дар таърихи миллат боз мешавад, зеро дар кишвари азизамон дигаргуниҳои чашмрас ба вуҷуд меояд. Аҳли ҷомеа Сарвари давлатро дӯст медоранд ва мехоҳанд дастуру супоришҳояшонро сари вақт иҷро кунанд.
Аммо нотавонбинҳое ҳастанд, ки комёбиҳои моро нодида мегиранд, вале мардуми кишвар як бор ба доми фиреб афтода, азоби зиёд кашиданд. Мамлакат хароб шуд. Хазина холиву миллат сарсону саргардон. Ҳамин нукта дар Паёми Пешвои миллат хеле хуб таҳлил шудааст: «Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».
Вазифаи мост, ки ҳақиқатро ба сокинони ноҳия бо забони сода фаҳмонем, то онҳо дарк кунанд, ки танҳо ваҳдат, сулҳу оромӣ барои рушди босуботи мамлакат замина мегузорад.
Соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудани Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонон боварӣ дорад. Ман ҳам аз зумраи ҷавонони саодатмандам, ки Пешвои миллат бовар карда, роҳбарии як ноҳияро супориданд.
Ҷои таассуф аст, ки ҳанӯз дар байни ҷавонон нафароне ёфт мешаванд, ки ба доми фиреби хоинони миллат афтода, ба пайроҳаи нобудӣ қадам мегузоранд. Итминони комил дорам, ки агар онҳоро бо ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон хубтар ошно карда тавонем, ҳеҷ гоҳ аз ҷомеа ҷудо нахоҳанд шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониашон оид ба рушди соҳибкории хурду миёна иброз назар намудаанд. Дар Паёми имсола низ ин масъала аз мадди назар дур намондааст: «Бо ин мақсад бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкорони истеҳсолиро, ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем ва ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар эътибори бештар дода, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем ва аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем».
Дар ноҳия барои рушди соҳибкории хурду миёна шароит фароҳам аст. Пешравиҳо дар ин самт ба назар мерасанд, вале ҷалби бештари аҳолӣ, хоса заноне, ки соҳиби касб нестанд ва таълими онҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддат метавонад ба манфиати мардум бошад.
Чун дар ноҳия кишоварзӣ соҳаи асосист, бояд дар ин самт низ корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Солҳои пеш минтақаи Тоҷикобод макони истеҳсоли картошкаи хушсифат ба шумор мерафт. Метавонем аз ҳисоби заминҳои бекорхобида масоҳати заминҳои киштбобро васеъ намоем. Картошкапарварони ноҳияро лозим аст, ки маданияти истифодаи заминро хубтар аз худ кунанд ва дар интихоб намудани тухмии хушсифат дақиқназар бошанд.
Мардуми ноҳияи Тоҷикобод Паёми имсоларо амиқ омӯхта, барои дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат содиқона талош хоҳанд кард, — гуфт дар хотимаи суҳбат Нодираи Маҳмадисо.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»