Зимни машварати назди раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо, ки бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма сурат гирифт, дар робита ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 роҳбари ноҳия вазифа гузошт, ки барои ғанӣ гардонидани фонди осорхонаи навтаъсис мардуми ноҳия кумак расонанд.
- Ёдгориҳои таърихӣ дар водии Рашт, аз ҷумла дар ноҳияи Тоҷикобод камшуморанд, — гуфт Нодираи Маҳмадисо ба хабарнигори «Садои мардум». Аммо ин маънои онро надорад, ки дар Тоҷикобод ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд нест. Тоҷикон дар масири таърих на танҳо дар водиҳо, балки дар кӯҳистон низ кӯшку қалъа, мазору марқадҳои зиёд бунёд намудаанд.
Дар баъзе аз маъхазҳои таърихӣ, аз ҷумла дар китоби «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров оид ба дар асрҳои XI — XII мавҷуд бадани Қалъаи Лаби Об бо истеҳкомҳояш ишора рафтааст.
Солҳои 80 — уми асри гузашта, ҳангоми васеъ намудани заминҳои корам дар қисмати шимолии деҳаи Гулистон махзане ёфт гардид, ки аз қӯрхона, қабрҳои сафолин, устухонҳои одамон, кӯзаҳо ва ороишот иборат буд. Мувофиқи баҳои муҳаққиқон, ашёи номбурда ба асрҳои миёна мутааллиқ аст ва маълум мешавад, ки дар ин сарзамин аз қадим тоҷикон зиндагӣ доштанд.
Соли 1986, зимни тахту ҳамвор намудани ҷойи бинои Литсейи касбӣ — техникии ноҳия 9 кӯзаи калони дарозиашон зиёда аз думетра дарёфт гардида, соли 1979 зимни кушодани роҳ дар наздикии деҳаи Ғанишоб табарчаи мисине ёфт шуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008 «Дар бораи таъсиси мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ» комиссияи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия аз рӯйи сарчашмаҳои хаттӣ, нақлу ривоятҳои мардум аниқ намуд, ки дар ноҳия шаш ёдгорӣ дар шакли бино ва се ёдгорӣ дар шакли манзара мавҷуд мебошад.
Вақти он расидааст, ки ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои замони муосир ҳифз карда шавад. Аз ин лиҳоз, ташкилу таҷҳизондани осорхона (музей) — и таърихӣ — кишваршиносӣ тақозои замон аст.
- Дар осорхона на танҳо ёдгориҳои куҳан, балки ёдгориҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳуҷҷат, мукофотҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар мерос бояд ҷамъ оварда, барои насли фардо чун мероси фарҳангӣ нигоҳ дошта шавад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Нодираи Маҳмадисо.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»