Тибқи нақша дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ чанд иншоот, аз ҷумла бинои меҳмонхона барои панҷоҳ ҷой дар маркази ноҳияи Тоҷикобод, шаш синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 — и деҳаи Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 давом дорад.
Кашидани хатти оби нӯшокӣ бо дарозии 12 километр ба деҳаи Файзбори деҳоти «Нӯшор», ба дарозии 4,5 километр ба деҳаи Лангари Шоҳи деҳоти «Лангари Шоҳ» аз ҳисоби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сохтмони чор мағоза, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ идома дошта, ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру тармими роҳҳо ба анҷом расидааст. Дар истгоҳу хатҳои интиқоли барқ низ корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба анҷом расидаанд. Метавон гуфт, ки омодагӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ба истиқболи ин ҷашни фархунда хеле хуб ҷараён дорад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»