Дар ноҳияи Тоҷикобод барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ таҳти сарварии муовини якуми раиси ноҳия Умаралӣ Музаффаров ситод ташкил шудааст. Тавре аз суҳбат бо номбурда маълум гардид, то сентябри соли 2016 ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016 № 130 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, ки барои бе мушкилот паси сар намудани давраи зимистон мусоидат хоҳанд кард.
Аз ҷумла, дар асоси қарори мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ аз 25 апрели соли 2016 № 127 бо қарори раиси ноҳия нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тасдиқ гардидаанд, ки мувофиқи он пешбинӣ шудааст, ки барои боз ҳам хубтар омода намудани шароити корӣ бо дарназардошти эҳтиёҷот, захираи ангиштро ба 2320 тонна, гази моеъро ба 8 тонна, ҳезумро ба 420 м3, сӯзишвории дизелиро ба 12 тонна расонда, нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъро доимӣ бо газ ва ангишт таъмин намоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ то 10 октябри соли равон 344 м3 ҳезум, 2018 тонна ангиштсанг, 12 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 5 тонна гази моеъ захира шудааст.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба фасли сармо омодагии ҷиддӣ гирифтааст. Дар ноҳия 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо фарогирии 8864 нафар хонанда амал мекунад.
Ҳангоми таътили тобистона масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо падару модарони хонандагон биноҳои таълимиро таъмиру тармим намуданд. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба ин мақсад 374 ҳазору 562 сомонӣ ҷудо шуд.
Барои таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистон 455 тонна ангишт, 406 метри кубӣ ҳезум ва 1325 литр сӯзишвории дизелӣ захира ва 192 метри квадратӣ тирезаҳои муассисаҳо шишабандӣ гардидааст.
- Имсол муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия аз ҳавзаҳои ангишти «Камароб» ва «Назарайлоқ» бо ангишт таъмин карда шуданд. Танҳо ду муассисаи таълимӣ, ки системаи гармидиҳиашон тавассути буғхона аст, аз ангишти ноҳияи Айнӣ харидорӣ намуданд. Сӯзишвории дизелии захирагардида дар муасисаҳои таълимӣ барои гузаронидани дарсҳои технологияи иттилоотӣ пурра мерасад. Бо итминони комил иброз медорам, ки муассисаҳои соҳаи маориф мавсими зимистони дарпешистодаро бе ягон мушкилӣ сипарӣ менамояд, — гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия Зебо Ҳиматова.
Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти ошхонаҳои дохилӣ, беморхонаҳо ва кӯдакистонҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷамъияти матлубот 3 тонна пиёз, 30 тонна ангиштсанг, 5 тонна орд, 500 кг равған захира шудааст.
Дар ноҳия 115 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд аст, ки 25 километрашро роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 90 километрашро роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ташкил медиҳанд. Аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МДНРА-и ноҳия ба маблағи 282 ҳазору 331 сомонӣ маблағ ҷудо гашта буд, ки барои таъмиру нигоҳдошти роҳҳо, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ масраф шуд. Ҳамчунин, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ бо ин мақсад 188 ҳазору 430 сомонӣ ҷудо ва мақсаднок сарф гардид. Барои зимистонгузаронӣ 300 м3 қум, 3 тонна ангишт, 5 м3 ҳезум ва 3 тонна намак захира шудааст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»