Кӯшише дар шинохти чеҳраи иҷтимоии муосир
Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ, профессори Донишкадаи давлатии Тошканд
Соли 1869 Армений Вамберӣ, олими шарқшиноси маҷористонӣ, зимни саёҳат дар кишварҳои мусулмонии Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна дар робита ба шароити зист, анъана, одот, хусусиятҳои равонии сокинони он ҷо мушоҳидоти бисёр ҷолиберо аз худ боқӣ гузоштааст. Тарзи ҳаёт, хислат ва таърихи халқҳои маскуни Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон аз назари ӯ дур намондаанд. Ӯ навиштааст: «Тоҷикон сокинони аввалини тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна ҳастанд… афсӯс, ки ин халқ, сарфи назар аз маънавиёти ғании гузашта ва азамати пешинаи худ ба чунин беқадриву хорӣ расидааст. Дар баробари ин, фарзандони Осиёи қадим – маҳди нажоди мо бисёр оҷиз ва бечора ба назар мерасанд».
Дар таҳқиқоти дигари худ А. Вамберӣ сифатҳои иҷтимоии тоҷикро аз қабили кордонӣ, меҳнатдӯстӣ, андешамандӣ баҳои баланд дода, миёни дигар миллатҳои Осиёи Миёна онҳоро «олиҷаноб» унвон кардааст. Аз миёни ин мушоҳидот ман диққати хонандаро ба каломе чун «оҷиз» ва «ҷаноб» ҷалб мекунам. Воқеан, дар ҳаёти иҷтимоии тоҷик таркиби муттазод, сифоти мухолиф омадааст: он ҳам «оҷиз» аст, ҳам «ҷаноб»-ест, ки ҳамзамон соҳиби иззату шарафи худ мебошад. Таърих ҳеҷ гоҳ ба тоҷик раҳм накардааст. Он сахтӣ, мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, ҳамчунин низомҳои сиёсиеро аз сар гузаронидааст, ки онҳоро дар таърихи дигар миллатҳои сайёра пайдо кардан душвор аст. Дар ин росто дигаре аз муҳаққиқони таърихи тоҷикон А. Шишов чунин менависад: «Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ба дасти лаҷомгусехтаҳо, ҷанговарони бераҳми ҷаҳонӣ бозича будаанд, ки дар натиҷа, дар мулки онҳо низоми ваҳшиёнаи шарқӣ ва истибдоди ҳокимон ҷорӣ буд, ки он аҳолиро ба даҳшат мубтало гардонид. Чун муддати мадиде зери зулми ҳуккоми ситамгар буданд, ба ояндаи худ бовариро гум карданд. Тарзи зист, оила, ҳаёти шахсӣ ва сифати ахлоқашонро, ки асолати онҳо буд, дар шакли аслӣ ҳизф карда натавонистанд, ҳарчанд эшон ҳаёти ором ва меҳнатқарин доштанд. Новобаста аз табаддулоти мухталиф, ба ҳар ҳол, тоҷикони тарсу султаи маънавиро дар худ ҳифз карданд».
Таърихи тоҷик пур аз фоҷиа ва воқеаҳои ғамангез аст. Ҳувияти он маротибаи аввал, вақте дар ҳоли азбайнравӣ қарор гирифт, ки маҷбур буд худро «ибн» ё «абу» кунад, бори дувум, бо роҳи ҷабр «-ов» ва «-ович» хондани худ. Тафовут дар он аст, ки дар ҳолати аввал фарҳанги он чун ҷанговарон нақши созанда — иртиботӣ, арзишманд-ташаккулӣ бозид ва дар ҳолати дувум фарҳанги он комилан аз фарҳанги умумиэронӣ (аҷамӣ) дар инҳисор гирифта шуда, чунин як фарҳанг нолозим, куҳна ва архаистӣ муаррифӣ гашт. Аз алифбои он намегӯем, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ (солҳои 1920-1940) ду маротиба мавриди тағйир қарор гирифт, ки он маънии зеҳни онро аз лиҳози равонӣ бозмондан дошт. Ғайр аз ин, таърихи тоҷик ба ҳадде таҳриф гашт, ки худи мафҳуми «зеҳни таърихӣ» барҳам хӯрда, ба устура табдил ёфт. Мисоли нисбатан барҷастаи ин гуфтаҳо афсонаи халқии «Ленин ва кучук-одам» аст. Ҳамчунин сурудҳои халқӣ дар бораи Ленин, Сталин, ҳизби болшевикон низ ба ин гуфтаҳо мисол шуда метавонанд.
Тоҷик, бинобар дар гирдоби таърих қарор гирифтан, аксари анъаноти мусбати иҷтимоии худро, ки метавонистанд онро ба ҳадди миллатҳои соҳибтамаддуни муосир бирасонанд, аз даст дод. Оғози фарҳанги мутамаддини тоҷик барои муаррихони фарҳангҳо маълум аст: пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек. Агар аз нигоҳи тамаддуни муосир тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад, ба назар мерасад, ба ин миллат тамғаи «осиёӣ», консерватив, навнопазир, мутаассиб, кӯтоҳбин, қабилагаро, ҷоҳталаб, саҳлангор, бепарво, майл ба ихтилоф доштан задаанд. Аммо тоҷик комилан ин тавр нест. Ӯ дорои зарфияти имконот, неруи маърифат аст, ки имкон фароҳам меоранд, то ба ҳадди ҷомеаи мутамаддин бирасад, албатта, агар бигзоранд, ки ин миллат зинда бошад. Дар ин нақш тоҷик бо меҳнатдӯстӣ, туғёнҳои эҳсосӣ ба бунёдгузорӣ аз дигар мардуми мутараққӣ дар ростои муносиботи иҷтимоӣ фарқе надорад. Тоҷик, умуман, аз сифати иҷтимоӣ — расмӣ маҳрум нашудааст. Дар робита ба ин масъала уламо, сайёҳон, мубаллиғон, эммисарҳои ҳарбӣ, аз қабили Сюян-Тзан, А. Вамберӣ, А. Ф. Миддендорф, Г. Арандаренко, А. П. Хаников, А. П. Шишов, Н. Г. Богоявленский, М. С. Андреев, В. Навалкин, В. В. Бартолд, А. А. Семёнов ва дигарон иттифоқи назар доранд. Тоҷик табиатан моил ба навсозӣ, дарки лаззатбахши ҷаҳон, муносибати ҳасана бо ҳамсоягон ва дигар русуми динӣ мебошад. Агар ба таърих ва фарҳанги он назар афганда шавад, ба таври возеҳ асоси мутамаддини амалҳо ва меъёрҳои он ҳувайдо мешаванд. Ин миллат ҳеҷ гоҳ ба ҳамсоякишвари худ ҳуҷум накарда, замин ва шаҳрҳои бегонагонро ғасб, тарзи ҳаёт, забон, дини худро ба дигарон таҳмил накардааст, балки баръакс маъвои модарии ӯ ҳамеша дучори ҳуҷум ва тахриб будааст, аз ҷумла шурӯъ аз асри IX то асри XIX (аз ҷониби арабҳо, муғулҳо, туркҳо). Дини худро, ки бунёди моддиву маънавиаш буд, аз даст дод, забонашро, тарзи ҳаёту афкорашро махлут карданд. Ин миллат ба ҳадде мавриди омезиши шадид қарор дода шуд, ки дар аксари шаҳрҳои аҷдодии таърихиаш (Марв, Бухоро, Фарғона ва ғ.) худогоҳии миллӣ пурра барҳам зада шуд, чӣ расад ба асли калимаҳои худшиносӣ ва ҳувият. «Тоҷик табиатан ба корҳои мулкӣ иқдом карда, — менависад А. Вамберӣ, — ҳамеша моили заминдорӣ, саноат мебошад ва ҷангро чашми дидан надорад». Чунин майлон нишонаи калидии инсони мутамаддин аст. Заминдорӣ барои тоҷик ҳастии ӯ ва амали маъмулии ӯст. Феълан, тоҷик ҳар як ваҷаб заминро арзишманд меҳисобад, тасодуфӣ нест. Барои исботи ин гузаре ба деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон кардан ва ба он қавл, ки тоҷик хона ва иншооти худро дар санглохи ғайрикишт месозад, бовар намудан кофист. Ҳар як манзиле зери осмони боз тақрибан осорхонаест, ки аз заҳамоти сангин ва эҳтиром ба замин далолат мекунад. Дарёфти инсоне дар ҷаҳон, ки чун тоҷик ба замин эҳтирому муҳаббат дошта бошад, душвор аст. Ин хусусият аввалан, ба табиат – шароити вуҷуди тоҷик рабт дорад, ки дар кӯҳдоман як мушт хок на камтар аз тилло қимат дорад. Баъдан, заминҳои ҳосилхези тоҷикон ҳамеша аз ҷониби муғулҳои кӯчманчие, ки чунин фарҳанги заминдорӣ надоштанд, тахрибу касиф шуданд. Ишқи ӯ ба замин, хишти заррини бунёдии ҷаҳоншиносӣ ва фалсафаи тоҷик аст, ки дар ашъори шуаро ва ҳакимони зиёде васф мешавад. Ишқ ба замин дар фарҳанги тоҷик ба ҳадде амиқ реша давонидааст, ки гоҳе дурӣ аз деҳа, макони таваллуд ва он ҷое, ки ӯ аввалин қадами худро дар ҳаёт гузоштааст, фоҷиабор аст. Замин, Ватан барои тоҷик ин пеш аз ҳама ҷаҳони ботинии ӯст. Барои ҳамин тоҷик ба сурати пойдор ва маҳкам решапайванд бо замин аст. Дар гузашта чун тоҷикон барои дарёфти қути лоямут ба кишварҳои дур сафар мекарданд, дар рӯймолчае муште аз хоки Ватанро баста, онро ба худ мегирифтанд. Тасодуф нест, ки дар фолклори тоҷикон мо зарбулмасалу ҳикматҳои зиёдеро вомехӯрем, ки дар онҳо Ватан вобаста ба маънию тасвири бадеии худ нақши барҷаста дорад. Ба гунаи мисол, зарбулмасали «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» барҷастатарин далел аст. Ҳамчунин дар робита ба ин дар афкори эҷодкорон ва шуарои муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва афкори фалсафӣ — публисистии файласуфи машҳури тоҷик Акбари Турсон нуктаҳои ҷолиберо метавон пайдо кард. Ишқи тоҷик ба замин ба ҳар нафаре, ки дар замини санглохи ӯ будааст, асар гузоштааст. Ба қавли А. Серебреников ба ғайр аз сифати зотии меҳнатдӯстии тоҷик дилбастагии қобили таваҷҷуҳи ӯ ба зиндагии ором, ба замине аст, ки онро кишт мекунад ва баъзан меҳнати ӯ подоши дилхоҳ намедиҳад. Н. Энгелгарт тобоварии тоҷиконро дар робита ба меҳнати сангини деҳқонӣ таъкид менамояд.
Дар ин масъала онҳо танҳо бо чиниҳо қиёспазиранд. Ба ғайр аз заминдорӣ тиҷорат ҳамчун қисми муҳими фарҳанг, қисмати бунёдкорӣ, тараққии рӯзгори ӯро ташкил медиҳад. Зимнан ба маврид аст аз маҷаллаи «Природа и люди» («Табиат ва инсон»), нашри Санкт-Петербург дар солҳои 1880 иқтибос орем: «…тоҷик табиатан ба тоҷирӣ майл дорад. Ӯ ҳатто як лаҳзае тиҷоратро канор намегузорад, ҳарчанд фоидаи камтарин ҳам бинад. …аз як дирҳам пул месозад. Кораш барор гирад, дӯконеро боз менамояд». Тибқи адабиёти мардумшиносӣ, мушоҳидаи уламо ва сайёҳони асри гузашта, тоҷик ҳамеша оҳангар, кулолгар, наҷҷор ва соҳиби ҳунарҳои дигар васф мешавад. Он, ки тоҷикро гули сари сабади аҳолии қораи Осиёи Миёна гуфтаанд, тасодуфӣ нест (А. Ф. Миддендорф, А. Вамберӣ, А. П. Шишов, Н. Н. Остроумов).
Тоҷик табиатан шаҳрнишин аст. Шаҳр ҷони ӯ, табиати ӯст. Тоҷик дар шаҳр зиндагии шоистаеро ба роҳ мемонад. Бинобар ин, тоҷикро на вобаста ба мансубияти қавмӣ, балки нисбат ба шаҳрҳо, макони зисташ тавсифу муайян менамоянд: самарқандӣ, бухороӣ, хуҷандӣ, фарғонӣ ва ғайра. Ин аз оғози ҳаёти мадании тоҷик ва хислати фарҳангофари ӯ башорат медиҳад. Дуруст аст, ки ин меъёр дар шароити ситамгорӣ, бюрократӣ ва худкомагӣ шакли дигар гирифта, заминаи бурузи кӯтоҳбинӣ, қабилагароӣ гашта, ҳоло аз байн рафтааст. Ҳанӯз Низомии Арӯзии Самарқандӣ (асри XI) мардумро нисбат ба макони зист ҷудо карда буд: биёбоннишин, ҷангалнишин, кӯҳнишин ва шаҳрӣ. Тоҷикон мутааллиқ ба мардуми шаҳрнишинанд. Фарҳанги шаҳрӣ ба рушду равнақи уламо, шуаро, сӯфиён, муғанниён, рассомон, хаттотон ва ғайра мусоидат кард. Бидуни онҳо зинда мондани тоҷикон имкон надошт.
Акнун барои бозгардонидани тоҷик ба ҳолати табиӣ ва таърихии он, аз ҷумла барои баргардонидани ҳамбастагии ӯ ба замин, тиҷорат, умури шаҳрдорӣ, бозгардонидани бовари ӯ ба неруи худ ва дур сохтани масъалаҳои камарзиш аз мафкураи вай на танҳо муносибати ҷамъиятӣ — иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – сиёсӣ, балки, умуман тарзи ҳаёташро тағйир бояд дод. Воқеан, боиси ҳайрат аст, вақте тоҷик дар шароити тоқатфарсои ҳукмронии кӯчманчиҳо ва ҳукуматҳои бадавӣ ба заминҳои камҳосили обёришаванда ронда шуд, боз ҳам тавонист худ ва оилаи худро бо ғизо таъмин кунад ва хироҷ ҳам диҳад. Вале дар замони мо, қарни тараққиёти илму техника, иттилоотикунонӣ ва компютеркунонии ҷомеа, ҳамоно аз қашшоқӣ, аз ҷустани қути лоямут, аз оворагардӣ дар мулкҳои бегона, аз фишори иҷтимоӣ — сиёсӣ, фасоди молӣ ва ғайра раҳо нашуд. Тоҷик аз эҳсоси ҳувияти худ, арзишҳои равонӣ ва фарҳангӣ бозмонд, зеро ба гастербайтер ва муҳоҷир бадал шуд. Ғайрифаъол ва беҳис шудани равони тоҷик, бепарвоӣ ба ислоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии ҳаёт сол то сол зуд ва бештар эҳсос мешаванд. Тараҳҳуми дурӯғин, найранги идеологии бошуурона ва бешуурона чун замони шӯравӣ ҳозир ҳам тоҷикро ба раҳгумӣ мебарад.
Муҳоҷират, аниқтараш гастербайтерӣ «тамға»-ест дар пешонии вуҷуди иҷтимоии тоҷики муосир. Касе, ки мушкилот ва «аҷобат»-и муҳоҷиратро таҷриба накардааст, ашки бари рухсораи тоҷикро надидааст, ҳеҷ гоҳ ҷойгоҳи ӯро дар раванди ҷаҳонишавӣ дарк карда наметавонад. Тоҷик тарки Ватан менамояд, то зинда монад, оилаашро бо ғизо таъмин кунад, ба душворию беҳуқуқӣ, паст задани шаъну эътиборашро чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва чӣ маънавӣ таҳаммул мекунад. Муҳоҷират ба ҳадди муайян урфу одати тоҷикро аз байн мебарад, баъзан дар ҷӯши нафрат ба тарзи ҳаёти сиёсию иҷтимоии муосир инро тоҷик ҳамчун бозии бади тақдир мепиндорад, ки одати таърихии ӯст. Аммо муҳоҷират чун «хокистари сӯзон» аст, то муҳоҷират накунӣ, дардҳои он – бехонагӣ, оворагӣ, ҷудоӣ аз Ватан, аз қавм, забон, равон ва ягонагии таърихиро намедонӣ.
Истилоҳи олмонии «гастербайтер» ба маънии вожаи «ғарибӣ» вориди фонди луғавии тоҷик гашт. Дар гузашта падидаи «ғарибӣ» ё дар натиҷаи таҷовузи ҳукумати маҳаллӣ ба кор бурда мешуд, ё зимни ба ҷустуҷӯи луқмаи бештаре ба ғурбат рӯ овардан. Ҳатто дар фолклори халқи тоҷик жанрҳое, ба мисли «Ғарибӣ» (шеърҳои ғурбат) ва «Фалак» — шикоят аз гунбади нилгун пайдо шуданд. Ин ҳама ба он хотир буд, ки тақдири сангин ҳамеша домангири тоҷик будааст. Аслан, истилоҳи «гастербайтер» чеҳраи иҷтимоии тоҷики муосир ва вазъи моддии ӯро муаррифӣ менамояд. Гастербайтерӣ паноҳгоҳи охирин аз наҳси иҷтимоӣ мебошад. Он рӯҳ ва эҳсосро фалаҷ месозад, ҳувият ва урфу одоти инсонро барҳам мезанад. Суоле ба вуҷуд меояд: магар гастербайтерӣ ғуломӣ бар сармоядории глобализатсияшаванда ва фиреби молии кордиҳандаҳои муосир, дар маънои васеаш сохтори давлатӣ нест? Бале, чунин аст, балки ба таври густурдатар ва дурушт. Фарқияти он аз ғуломии классикӣ дар он аст, ки аввалан, он на танҳо афродро ба сӯйи худ мекашад, балки кулли қавм, мардумро бо ҳукумату давлаташ ба худ ҷалб менамояд. Дувум, тавре яке аз муҳаққиқони муосири равандҳои сиёсӣ дар ҷаҳони глобализатсионӣ Агабен ба мушоҳида гирифтааст, гастербайтерӣ дар ҳоли «homosacer», яъне «ихроҷ»-и кас аз васоити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, марги одитарин ҳуқуқҳои кумаки иҷтимоӣ буда ва истифодаи муҳоҷирин дар корҳои вазнину номуносиб ба замони имрӯза ҷавобгарӣ надорад. Шояд ин хулосагирӣ ҳангомаи муаллифи мақола бошад, вале ба ҳар ҳол ҳақиқате дорад. Ман дар бораи беҳуқуқии тоҷик дар Россия ҳатто сухан намегӯям. Давлатҳои ғанӣ ва мутараққӣ бо теъдоди зиёди муҳоҷирин назди ҷомеаи ҷаҳонӣ неруи зеҳнӣ, бартарияти мутамаддини худро нисбат ба кишварҳои қашшоқу қафомонда ба намоиш мегузоранд. Ҳатто бештари гуноҳи иҷтимоӣ, сиёсии худро ба муҳоҷирин нисбат медиҳанд. Россия яке аз мисолҳои классикист. Баъзе аз аъзои Думаи давлатӣ, бале, шахсони мансабдори сохторҳои давлатӣ чунин як ақидаи русҳоро ба вуҷуд меоранд, ки дар нобарориҳои ҳолати иқтисодӣ муҳоҷирин – гастербайтерҳо гунаҳкоранд. Баъзан бо чунин мавқеъгирӣ чунин як айбро ба тоҷикон ё дигар миллатҳои Осиёи Миёна таҳмил мекунанд, ба ҳадде ки наздик ба гунаҳкори асосии нобарориҳо муҳоҷирон шуморида мешаванд. Кор ба ҷое мерасад, ки гӯё тоҷикон ва дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ русҳоро имконият намедодаанд, то бо Иттиҳоди Аврупо ворид шаванд ё кишварашон ба сохтори Шенген ворид гардад.
Бармегардем ба чеҳраи иҷтимоии тоҷик. Тоҷик дар замини худ ҳеҷ гоҳ бидуни тиҷорат назистааст, вале ҳамчунин ҳеҷ вақт ҳаёти роҳат надоштааст. Бо вуҷуди ин ҳамеша вонамуд менамояд, ки зиндагиаш хуб аст. Истилоҳи «ҳиҷронзада» ҳолати иҷтимоии ӯро бозгӯ менамояд. «Ҳиҷронзада» на танҳо ба насли ҷавон, ки берун аз Ватани худ дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд, балки ба падару модари тоҷике, ки фарзандони худро дар ғурбат аз даст додаанд, низ тааллуқ мегирад. Ин ҷо зарур намедонам, ки факту арқоми оморӣ ва иҷтимоӣ дар робита ба аз даст додани наздикони тоҷикон ё дар бораи ғаму андӯҳи ононе, ки наздиконашонро аз даст додаанд, пешниҳод шаванд, бале, баршумурдани миқдори ашк беадабист, аммо…
Дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои қатли як ё якчанд шаҳрванди ин ё он давлат мотам ва ё эътирози ҷиддӣ эълон карда мешавад. Ба ин гуфтаҳо қатли 20 мактаббача дар шаҳри Ню-Тауни ИМА ё Қонун дар бораи Дима Яковлев, ки аз ҷониби Думаи давлатӣ моҳи декабри соли 2012 қабул шуд, мисол шуда метавонад, вале марги тоҷик бар асари ҷароҳат ё куштан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва миллатгарои Россия, кам касонро ба ташвиш меорад. Ман дар бораи он тоҷиконе намегӯям, ки шаҳрвандии давлатҳои дуру наздикро дарёфт кардаанду он ҷо ба сар мебаранд. Ин гуна тоҷикон ҳам ҳастанд, ки ҳуқуқашон, забон ва фарҳангашон маҳдуд шудааст.
«Ҳиҷронзада» қисми таркибӣ ва ҷудонопазири амали иҷтимоии тоҷик аст, аммо дар гузашта зимни шикояти шоирон аз ҳаёт, тақдир, замон садо медод ва калимае шуморида мешуд, ки аз ҷониби Худо ато гаштааст. Имрӯз ин калима дарди мост, ки ба маънии хомӯшии афсунзада ё дарди ниҳонӣ, на танҳо ба ташаккули иҷтимоии ҳаёти тоҷик хатари ҷиддӣ дорад, балки ба ҳифзи арзишҳои равонии он таҳдид мекунад.
Тоҷик табиатан хушбовар аст, одати башардӯстиаш ӯро ба асорат мебарад. Ин хусусияти иҷтимоӣ — равонии тоҷикро ҳатто мубаллиғон, сайёҳон ва мардумшиносони хориҷӣ низ қайд кардаанд. Дипломати англис Ний Илеяс менависад: «Дар ҳеҷ куҷои Осиё чун тоҷикони муқимии болооби Ому мардуми безарар, сулҳдӯст ва хуб ёфт намешавад… Онҳо куллан орӣ аз таассуб, дорои неруи кам, вале боғайратанд, ки ба осонӣ ба асорат меафтанд». Сарфи назар аз баҳснок будани ин андеша, бояд гуфт, ки мушоҳидаи Н. Илеяс на танҳо ба тоҷикони болооби Ому, балки хоси ҳама тоҷикон, сокинони кӯҳсор, водиҳои Зарафшону Вахш низ ҳаст. Чунин як хусусият ба тоҷикони сокини минтақаҳои таърихие чун Бухоро ва Самарқанд, Фарғона, Хуҷанд ва ғайра низ тааллуқ дорад. «Асорат» дар фонди луғавии тоҷик дувумин калимаи нафратовар аст, ки дар таърихи тоҷикон на садсолаҳо, балки ҳазорсола марокизи таърихӣ, фарҳангӣ, ҳувияти ӯро мавриди «шустушӯ» қарор додааст. Аз ҷумла ин мардумро ба тағйироти фарҳангию забонӣ, дурусттараш ба омезиш овардааст. Дар ибораи «тоҷику ӯзбак як мардуманд, аммо шеваи мухталифи гуфтугӯ доранд» (И. А. Каримов) ё сухани шоири шӯравии тоҷик Б. Раҳимзода «дигар халқҳоро аз якдигар фарқ кардан осон аст, аммо фарқ кардани тоҷику ӯзбак мушкил аст», ҳарчанд ба маънои ҳамсоягии ҳасанаи онҳо гуфта шудаанд, «омезиш» — и рӯирости тоҷик ба дигар нажод аст, ки натиҷаи ҳамон «шустушӯ» аст. Ба ин масъала ҳанӯз Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Носири Хусрав, Биноӣ, Аҳмади Дониш, Лоиқ Шералӣ ва дигар мутафаккирони гузаштаю муосири тоҷик посухи равшан додаанд.
Бидуни шак, асорат иллати асосии иҷтимоие буд, ки тоҷикро тарсончак карда буд. Тарс аз қадимулайём, ба қавли А. Ф. Миддендорф ва И. П. Шишов табиати сулҳдӯстӣ ва неки тоҷикро хароб кард. Тарси суми аспҳои арабу муғул, маҳви бераҳмонаи ӯ, ки дар дарозои садсолаи фарҳангӣ бунёд ёфта буд, ҳамеша тоҷикро ҳамроҳ будааст. Тарс набзи муқовимати тоҷикро алайҳи ноадолатии иҷтимоӣ заиф кардааст. Фарогири равонию физиологии ҳарос чунин аст, ки ба тарзи генетикӣ аз насл ба насл гузашта, дар рӯҳ ва эҳсоси инсон ҷо мегирад. Ҳарос дар шакли пӯшида ва ё дигар намуд неруи офарандагии инсон, тавоноии эҷодии иҷтимоии тоҷикро ба хотири аз даст надодани ҷойи кори худ, аз даст надодани луқмаи нон, ки ӯро ба нохушиҳои хонаводагӣ оварда мерасонад ва умуман, бинобар авомили дигар низ бозмедорад. Воқеан, ҳикмате ба ин маънӣ омадааст, ки чашмони тарс бузурганд. Дар фарҳанги тоҷик тарсе, ки аз тохтутози араб, турку муғул, репрессияи солҳои 1937-1939, Ҷанги дувуми ҷаҳон, ҷанги бародаркуши солҳои 1991 — 1993, ки бинобар баъзе авомил наметавон сабабҳояшро ном бурд ё ба қавли Мамардашвилӣ ба хотири «адами тафаккур», пирӯзии ҷаҳл, фаъолии иҷтимоии тоҷикро хароб кардааст. Ҳароси тоҷик хислати иҷтимоӣ — фарҳангӣ гирифт ва ин хусусият ба таври возеҳ дар ташвишҳо, иқдоми огоҳона ва ноогоҳонаи ӯ, тамоюлоти эҳтиёткории ӯ ба чашм мерасад. Бартараф кардани ин тарс бояд тавассути унсурҳои демократии ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани дарки сиёсӣ ва ҳуқуқии тоҷики муосир амалӣ гардад. Вагарна тоҷик наметавонад тавони дар баробари тарс истодагарӣ кардан, ҳоким будан ба иродаи худ, муборизи алайҳи беҳуқуқӣ, қашшоқӣ ва ваҳшоният бошад.
Тибқи хислати иҷтимоӣ, тоҷик аз он табақаест, ки ба сарвату сарватманд нафрат дорад, хоса вақте мефаҳмад, ки каси ғанӣ дороияшро бо роҳи фиреб, макр, ҳаннотӣ ва ҳилла ба даст овардааст. Фарде, ки бо роҳи фиреб ғанӣ гардидааст, дар назари тоҷик чун хор аст. Ба онҳо нафрин мефиристад. Ин, албатта, решаи таърихӣ — иҷтимоӣ дорад. Ба ҷуз аз Хоҷа Аҳрори Валӣ (асри XV) касе дигареро мо намедонем, ки бо саховат, заковат ва ғамхории худ ба бебизоатону бечорагон маъруф бошад. Ағниёи сарзаминҳои тоҷикон асосан мардуми дигар (яҳудиҳо, арманиҳо, туркҳо) буданд. Нафрати равонӣ ба боигарӣ дар ниҳоди тоҷик тӯли асрҳо боз шакл гирифтааст. Намунаи барҷастаи онро дар аҳли тасаввуф, пир, шайху муршидҳо ва ғайра метавон дид, ки аслан фазои маънавии Шарқи Наздику Миёнаро то Ҳинд дар ихтиёр доштанд. Салтанати маънавии тоҷикон (дар маънии васеъ эрониён) то охири қарни XIX идома дошт. Ин фазилат тоҷикро аз маҳв шудан ва омезиш ёфтан бо дигар нажодҳо наҷот надод. Нафрат ба боигарӣ дар гузаштаи фарҳангии тоҷик вуҷуд дошта, дар шуури ӯ ҳифз шудааст. Ҳоло ҳам тамоми рафтори ӯро фаро мегирад. Он пояҳои бунёдиро, ки дар ғаризаи худдифоӣ мунъакис мешаванд, созмон дод. Тоҷик бо гузаштан аз феодализми «барбарӣ» боз ҳам тавонист ҳувияти худро ҳифз кунад. Вале он сармоядории «ваҳшӣ» — ро аз сар гузаронда, дар сусиёлизми «дурӯғин» қарор гирифт, ки орӣ аз принсипҳои демократии давлат, озодии баён, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба истифодаи арзишҳои умумимиллӣ буд. Дар натиҷа, шууре шакл гирифт, ки имкон намедиҳад, то рӯзи дигар ба худ эътимод дошта, шоистаи қобилияти худ, арзишҳои маънавии умумибашарӣ офарад. Тоҷик дар сатҳи нажодӣ ва шахсӣ ҳисси этникии ҷамъиятияшро ҳанӯз дар замони ҳукмронии Наср ибни Нӯҳ аз даст дод. Кӯшишҳои файласуф, олим, ходими барҷастаи дин Нахшабӣ ҷиҳати ба тарзи маънавӣ муттаҳид намудани мардум беҳуда, фоҷиабор анҷом ёфт. Кунун на як даҳсола зарур аст, то шуури воҳиди миллӣ шакл бигираду он аз кӯтоҳбинӣ, маҳалгароӣ, қабилагароӣ канор рафта, ҷаҳони миллӣ (на миллатгароӣ) — ро ташаккул бидиҳад. Нури ҷаҳони миллии тоҷик ҳоло ҳам ба таври кофӣ равшан нест. Ҷаҳони миллӣ, ки бояд асоси некуаҳволӣ, амнияти тоҷик бошад, нисбат ба воқеият бештар дар тасаввур аст.
Бидуни тарс аз суитафоҳум мехоҳам ҷиҳати баъзе буъдҳои вуҷуди миллӣ изҳори назар намоям. Ин андешаро набояд ба маънои маҳдуди миллатгароӣ фаҳмид, балки идроки васеътар зарур аст. Ҳастии миллӣ як бадани воҳиди худкофии мардумӣ вобаста ба вуҷуди таърихӣ аст. Ҷаҳони миллӣ ҳамчун асоси шинохти ҳувият дар ҳама соҳоти ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии ҳаёт мебошад. Шинохти ҷомеи этникӣ ҳуқуқи табиӣ — таърихӣ, иҷтимоӣ — сиёсии он ба муҳофизат аз принсипҳои вуҷуди умумибашарӣ мебошад. Тавассути ҷаҳони миллӣ рӯҳи мардум, принсипҳои олии ахлоқӣ — эстетикӣ, арзишҳои моддӣ ва маънавӣ буруз мекунанд. Ҷаҳони миллӣ рӯҳи абадӣ ва безаволи халқ аст, ки огоҳона масъулияти гузашта, ҳозира ва ояндаи ботинии мардумро ба уҳда мегирад. Миллат бо оғози боздоранда, ҳовӣ ва ҳомии моддию маънавӣ наметавонад устувор бошад, агар идораи давлат дар принсипҳои асримиёнагии ҳифозат ва вафодории шахсии ин ё он намояндаи ҳукумат ба роҳ монда шуда бошад. Мехоҳам аз китоби вазири фозили аҳди Сосониён Бузургмеҳр иқтибос орам: «Вазири фозилро пурсиданд: чӣ гуна шуд, ки импературии қудратманде, чун импературии Сосониён, ки Шумо яке аз вузарои фозил ва донишманди он будед, завол ёфт? — Он ду омили асосӣ дошт, — ҷавоб дод Бузургмеҳр ва афзуд, — аввалан, Сосониён иҷрои умури муҳими давлатиро ба ақориби худ ва шиносҳояшон, ба одамони бетаҷриба доданд. Дувум, Сосониён уламо, мутафаккирон ва касони хушсалиқаро аз хориҷи давлат харидорӣ накарданд». Ҳастии миллат дар заминаи фаъолияти озод ва фазои эҳтирому иззат ба шахс фароҳам меояд. Ҷаҳони миллӣ ғояи миллие нест, ки чун салла даври сари булфузулон печида буду акнун суханҳои арзишманде шуда бошад. Агар тухми ғояи миллӣ ҷавҳари миллӣ набошад, ғоя бекора аст. Ғояи миллӣ эҳтимол дорад, ки дар варта ё дар садамаи ин гуна ғоя сукут кунад. Бинобар ин ғояи миллӣ ҳамчун сохти мураккаби сиёсӣ ва идеологӣ ҳамеша наметавонад заминаи тараққии миллӣ бошад, алалхусус вақте он бо бюрократизм ва ифротгароӣ омехта шудааст. Ҷаҳони миллӣ, ҳамчун натиҷаи фаъолияти моддӣ ва маънавии мардум дар ин ё он давраи ташаккули таърихӣ асоси рушду равнақ мешавад. Надоштани ғояи солими миллӣ, миллатро ба нестӣ мебарад. Халқ дар ин ғоя решаи амиқ дорад, барои ҳамин метавон ба он такя кард ва аз он бо сари баланд ифтихор намуд. Бо ғояи миллӣ тоҷик аз маҳдудаи худ берун қадам ниҳода метавонад. Ҷаҳони миллӣ шиносномаи ғайрирасмии тоҷик аст, ки имконият медиҳад, дар ҳама ҷо ва ҳама гуна ҳолат чун тоҷик бимонад. Агар ба таври образнок гӯем, ҷаҳони миллӣ киштие аст, ки кулли мардум якҷоя тавассути он дар уқёнуси ҳаёт шино менамояд. Касоне ҳастанд, ки барои онҳо «ҷаҳони миллӣ» садои хушку холист. Барои онҳо ҷаҳони миллӣ танҳо як чарогоҳ аст, ки бо суҳулат ба он менигаранд. Талаботи меъдаи чунин афрод бештар аз талаботи маънавиашон аст. Баъзан мо барои дарёфти ҷавоби ин суол, ки «чаро солҳои 1991-1993 ба сари тоҷикон фоҷиа омад, майна об мекунем (Ҳол он ки фарҳангу маънавиёти қавӣ, тамаддуни шаҳрӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва анъанаҳои ахлоқӣ доштем?!»). Аз куҷое як ғазаби ноаён ақли тоҷикро дуздид, ки ӯро ба бародаркушӣ, ақлтирагӣ, кӯтоҳбинии фоҳиш оварда, ахиран, ӯро назди ҷомеаи башарӣ беэътибор сохта, қадреро, ки уламо, мардумшиносон, таърихнигорон бо ифтихор навиштаанд, ба замин зад. Акнун бидуни расидан ба иззати нафси ҳеҷ яке аз ин тарафҳо имконияти таҳлил ҳаст. Вале агар дар ин росто амиқтар равем, гуфтан мумкин аст, он чӣ ки ба сари тоҷик омад, рӯ задани дардҳои куҳна буд, ки асли он дар шикасти тӯлонии шахсияти миллат, шикасти садсолаҳо аст. Воқеан, тоҷик аз назарҳо афтида ва аз ҷараёни фарҳанги умумиэронӣ бегона карда шуда буд. Он чӣ дар солҳои 1991-1993 нисбат ба тоҷик рӯй дод, ба шаҳр надоштани тоҷикон дар зинаи муайян вобаста буд. Онҳо аз фарҳанги шаҳрии худ на танҳо баъд аз давлати Сомониён маҳрум шуданд, балки ахиран, дар аҳди шӯравӣ низ ин бадбахтӣ такрор шуд, ҳол он ки шаҳр, «сар»-у «ҷон»-и мардум аст. Ҷаҳони миллӣ, дар шаҳрҳо сохта шуда, шакл мегирад, на дар деҳот. Маънавиёти миллат, дарки ваҳдат, ҳамраъйӣ ва ҳувият дар шаҳрҳо ташаккул меёбад. Маънавиёти мардум танҳо дар шаҳрҳо хосияти созандагии воқеии худ ва қудрат пайдо мекунад. Шаҳрҳо дар давоми садсолаҳо, ҳатто ҳазорсолаҳо сохта мешаванд. Сохтани баландошёнаҳо, масоҷид, қасрҳо, манозили боҳашамати хусусӣ ҳанӯз сохтани миллати қавӣ, маданияти шаҳрӣ нест. Дар қаср зиндагӣ ва кор кардан мумкин аст, вале он маҳдудияти маданият ва қашшоқии маънавиро аз байн бурда наметавонад.
Зимни ташреҳи тарҳи чеҳраи иҷтимоии тоҷик беихтиёр суоле ба вуҷуд меояд: мақом ва шароит ё ҷойи тоҷик дар раванди ҷаҳонишавии муосир чӣ гуна хоҳад буд? Ӯро баъди вусъати муҳоҷирати ногузир ва сармоягузории шадиди маънавии рӯ ба коҳиши ахлоқ, арзишҳои анъанавӣ чӣ интизор аст? Комилан фаҳмост, ки тоҷик дар танҳоӣ наметавонад ба ин «дасиса» — и замона муқобилат намояд ва наметавонад талаботи моддӣ ва маънавии худро қонеъ гардонад. Бинобар ин, дар ин росто интегратсия ва заҳмати фикрии қавӣ лозим аст. Аммо интегратсия то интегратсия фарқ дорад. Бояд он тавре ба роҳ монда шавад, ки ба ғуломии ихтиёрӣ оварда нарасонад. Агар дар пасманзари мардуми соҳибтамаддуни ҷаҳон ба чеҳраи тоҷик назар дӯхта шавад, ба гунаи мисол, дар қиёси Амрико ва Аврупо, ҳатто дар муқоиса ба ҷумҳуриҳои қаблии бародарӣ, чӣ хеле дар аввали матлаб гуфтам, он бештар ғамангез ва бадбахтона аст. Тоҷик чизе дар бағал надорад ё тавре бузургон гуфтаанд, «ӯ чун шоҳин урён аст». Тоҷик танҳо як роҳ дорад. То усули истифодаи ганҷҳои кӯҳсори худро дарёфт накунад, ӯ аз раванди муҳоҷират, қашшоқӣ ва хорӣ ҷойи гурез нахоҳад ёфт. Барои ин зеҳн, ақл, истеъдоди эҷодӣ лозим аст. Онҳоро аз куҷо метавон гирифт? Барои ҳалли ин мушкил мо аз Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Носири Хусрав, Қозизодаи Румӣ… ёрӣ ҷуста наметавонем, ки ҷавонони муосирро дарси тарбияти тафаккури эҷодӣ диҳанд. Бародарон Яъқуб, Амир, Амр ибни Лайс барои он ки ислоҳоти сиёсӣ кунанд, марзҳои аз дастдодаашонро баргардонанд, бо хӯрдани кабудӣ ва моҳӣ қаноат карданд, ки мо ин қудрати ватанпарвариро дар хоби ширин ҳам дида наметавонем. Аз рӯҳи онҳо чӣ мепурсед? Рӯҳи эҷодии тоҷик аз костагии маърифати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ заиф гаштааст.
Равандҳои иҷтимоӣ — сиёсие, ки дар сатҳи бумӣ, маҳаллӣ ва глобалӣ ба амал меоянд, тоҷикро бовар мекунонанд, ки шуури ӯ бояд дар асорати андешаи ғуломӣ ва қолабҳои шахшуда бимонад. То он даме, ки тоҷик аз зери таъсири ин андеша раҳо наёбад, қафо мемонад. Имрӯз зарур аст, неру ва тавоноии табиии садсолаҳо дар ӯ хобидаро ба самти ҳаёти ҷӯянда ва офаранда, ки сайёҳон, мардумшиносон, муаррихони асрҳои XIX ва XX гуфтаанд, бедор кард.
Тоҷик табиатан муътақиду худотарс аст. Ба ибодат, ризоият миёни қабилаи худ эътибори ахлоқӣ пайдо менамояд, ки моҳиятан рафтори пурифтихор аст. Аммо баъзан бинобар ибодат худошиносиеро, ки дар бораи он Носири Хусрав тазаккур додааст, фаромӯш менамояд. Тавре маълум аст, барои худошиносӣ танҳо намоз хондан, ба масҷид рафтан, ибодат кардан кофӣ нест. Худошиносӣ аз инсоният неруи зеҳнии қавӣ талаб менамояд. Дин бидуни неруи зеҳнӣ ва мулоҳизаҳои ақлӣ аз таассуб, бародаркушӣ, порашавӣ, кӯтоҳбинӣ ва дигар аъмоли нопок ҷилавгирӣ карда наметавонад. Барои ҳифзи пойдорӣ ва оромии ҳаёти ҷамъиятӣ таркиби омехтаи ақида ва ақл лозим аст. Тасодуфӣ нест, ки таркиби дину ақл яке аз талаботи ахлоқии мутафаккирони бузурги гузашта буд. Абуҳомид Ғаззолӣ такрор кардани ин нуктаро дӯст медошт: як соат мулоҳиза кардан беҳтар аз ҳафтдаҳ сол масҷид рафтану он ҷо намоз гузоридан аст. Масҷид (чун калисо) роҳи кӯтоҳи расидан ба асоси тамаддуни муосир ва навсозию ғанисозӣ нест. Масҷид зарфияти тафаккурро навсозӣ намекунад, баръакс, онро завлона мезанад. Тасдиқ кардан душвор аст, ки саросар ба масҷид пайвастан ҳаёти иҷтимоии тоҷикро беҳтар месозад. Эҳтимол касоне ёфт шаванд, ки гӯянд: чунин як амал ба хотири солимгардонии ҷомеа ва мардум аст. Аммо ҳанӯз аз замони пеш маълум аст, ки муваффақияти маънавӣ бидуни муваффақияти моддӣ ва иҷтимоӣ сафсата аст.
Феълан мо наметавонем бигӯем, ки тоҷик давлат, Сарқонун, раисҷумҳури интихобшуда, мақомоти қонунгузору иҷроия, аҳзоби «мухолиф»-и худро надорад. Ҳамаи ин, албатта, ба шарофати фурӯпошии импературии шӯравӣ ба вуҷуд омад. Тоҷикистон чун порае аз ин импературии қудратманд буд, ки то ҳол қолабҳои шахшудаи умури давлатдории гузаштаи он ва муносиботи мутақобилаи мардумияш боқӣ мондаанд. Хусусиятҳои дар боло номбаршудаи ҷомеаи мутамаддини муосир, бешубҳа, на танҳо касбияти баландро тақозо доранд, балки толиби фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ низ ҳастанд, ҳарчанд тоҷик табиатан моил ба навсозии ҳаёт, тарзи тафаккур, эътирози дохилӣ алайҳи ноадолатӣ аст. Чӣ гуна фарҳанги сиёсию ҳуқуқии тоҷики муосирро шакл бидиҳем? Ин ҷо метавон даҳҳо усули ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқиро номбар кард.
Дар ҷамъбасти мулоҳизоти зерин, мехостам таъкид кунам, ки моҳияти масъала дар барқарор кардан ва баргардонидани обрӯи тоҷик аст, ки ҳамеша дар воситаҳои ахбори оммаи Россия бадном карда мешавад. Тоҷик фарҳангсоз, табиатан моил ба маънавиёти баланд аст. Ба ибораи дигар, тавре А. Вамберӣ иброз доштааст, «ҷалол ва ифтихор» — и Осиё бояд мақоми муҳтарами худро миёни ҷомеаи мутамаддин соҳиб шавад. Аммо ин, албатта, ба сабабҳои иҷтимоӣ — сиёсие вобаста аст, ки дар атрофи он сохта мешаванд ва ҷаҳонбинию ҷаҳондарккуниро ташаккул медиҳанд.
Юсуф Хос Ҳоҷиб, шоир ва мутафаккири асри XI, дар асари машҳури худ бо номи «Кутадғу билиғ» («Донише, ки хушбахтӣ меорад») нақши мутамаддини тоҷикро дар минтақа бисёр дақиқ гуфтааст: «Агар тоҷикон таърихро наменавиштанд, мо дар бораи таърих чизе намедонистем».
Имрӯз барои он ки тоҷик аз масири таърихи ҷаҳонӣ канора намонад, барои ба тартиб даровардани роҳу майдончаҳои шаҳрҳои бегонагон ба ҷорӯбу бел «мусаллаҳ» нашавад, шароити иҷтимоӣ — сиёсӣ, демократияи воқеӣ сохтан ногузир аст, на фазои хаёлӣ. Ин як сухани пуч нест, балки зери худ решаҳои воқеии таърихӣ дорад, ки далели он импературии маънавӣ, зеҳнию бадеӣ — эстетикие аст, ки тоҷик дар гузашта сохта буд. Албатта, ҳар он чӣ дар боло гуфта шуд, танҳо як тарҳ аст. Вазифаи ман ҳалли масъала нест, балки масъулияти ман масъалагузорӣ ва нишон додани аҳамиятнокии он аст. Он чӣ ба ҳалли масъала вобаста аст, онро бояд якҷоя ҳал кунем. Агар ин тарҳрезиҳои ман эҳсосу андешаи касеро такон дода бошад, пас ман ба мақсадам расидам.
Тарҷумаи Муҳаммаднабӣ Баёнӣ
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»№№ 85 (22647) — 86 (22648)