Соли 1942, баробари дигар фарзандони диловари Ватан, Муҳаббат Раҳмоншоев низ ба фронт сафабар гардид. Курси омодагии ҳарбиро дар шаҳри Тошканд гузашта, ба полки тирандозии 692 фиристода шуд. Ҳанӯз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамчун тоҷикписари бебоку ҷасур шинохта шуд, зеро шуҷоату далерии бемисл нишон дод.
Соли 1942 полки тирандозӣ дар набардҳои хунин бо душман истодагарӣ мекард ва барои ҳар ваҷаб замин муборизаи беамон мебурд. Охирҳои ҳамон сол ҳангоми бозгашт аз амалиёти ҳарбӣ дастаи пешгарди полке, ки Муҳаббат дар ҳайати он буд, ба муҳосираи душман афтода, дар муҳорибаи нобаробар асир мегардад.
- Моро аввал дар як лагери хурд ҷой доданд, — ёдовар мешуд номбурда. — Пас аз як моҳи шиканҷа асиронро дар иҳотаи сагон ва аскарони мусаллаҳ бо қатораи боркаш ба Германияи фашистӣ фиристоданд. Онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, гурӯҳи моро ба лагери Бухенвалд бурданд. Дар бораи он лагери воҳимаафкани фашистӣ маълумот надоштем. Асиронро дар байни симхорҳо зери офтоби сӯзон тӯда-тӯда нигоҳ медоштанд. Ҳар як гурӯҳ ном дошт: гурӯҳи сиёсӣ, озмоишӣ, корӣ, кӯдакон, занҳо ва яҳудиён. Гирди ҳар гурӯҳ аскарон бо сагҳо давр мезаданд. Хӯрокамон як буридаи нону каме об буд, ки он ҳам баъзан ба дастамон намерасид. Чунки буридаҳоро чун ба сагон ҳавола медоданд. Асирон дар пайи нон болои ҳам афтода, ҷон медоданд.
Хушбахтона, мо чанд асирро дар як ҷой макон доданду ҳамеша ба ҳамдигар ёрӣ мерасонидем. Аз рӯзи аввали вориди лагер шудан нақшаи гурехтанро кашидем, аммо ҳеҷ муяссар намешуд. Фашистҳо лагерро шабонарӯзӣ дар як ҳолат нигоҳубин мекарданд. Рӯзҳо ҳамин тавр дар маҳбаси мудҳиш пушти сар мешуданд. Ҳар рӯз дар пеши чашми мо тӯдаи мурдаҳоро ба даруни лагер мебурданд ва дар печҳои махсус месӯзонданд. Қисми дигари асиронро барои озмоиши тиббӣ гузаронидан дар ҷои дигар нигоҳ медоштанд. Онҳо пас аз озмоиш ба монанди ҳайвон рафтор менамуданд. Мо дарк намудем, ки дар лагер тамоми озмоиш дар инсон санҷида мешаванд.
Зиндони Бухенвалд 138 лагери хурдтар дошт, ки аз он ҷо маҳбусонро ворид мекарданд. Аз Бухенвалд маҳбусонро ба дигар лагерҳо барои корҳои истеҳсолӣ мебурданд. Соли 1943 моро аз Бухенвалд барои кор ба лагери Равенсбрюк бурданд. Соли 1944 боз ба Бухенвалд баргардониданд.
Ҳар рӯз маргро интизорӣ мекашидем. Зеро аз соли 1943 дар лагер гузаронидани таҷрибаҳои тиббӣ васеъ ба роҳ монда шуд. Печҳои лагер ба таври шабонарӯзӣ кор мекарданд. Маълум буд, ки мурдаҳоро месӯзонанд. Ниҳоят, моҳи апрели соли 1945 дар лагер таҳлука ва бесаранҷомӣ ҳис мешуд. Мо — як гурӯҳ асирон, ки каме мадори роҳ рафтан доштем, нақшаи гурехтанро кашидем. Ҳангоми аз камераҳо ба берун баровардан ману ҳамяроқам Андрей ба фашист дарафтода, автоматашро ба даст овардем ва чанд тан фашисти дар майдонбударо паррондем. Дигарон низ яроқнок шуданд. Дар лагер ҷанг сар шуд. Дарвозабононро парронда берун шудем. Дар наздикӣ ҷангал намудор буд, ки ягона паноҳгоҳ гардид. Аз пушт борони тир меборид. Дар нишемане камин гирифта, роҳи сагҳо ва пиёдааскаронро гирифтем. Нахуст сагҳоро нобуд кардем. То фаромадани торикӣ аз асирони гуреза се тан зинда монда, дар торикӣ ба ҷангал паноҳ бурдем. Ду ҳафта аз решаи дарахтону алаф тановул кардем. Кор ба ҷое расид, ки аъзои баданамон варам кард. Таваккал карда, аз ҷангал баромадем. Дар баландие фашистҳо роҳро назорат мекарданд. Моро ишораи гузаштан карданд ва нидо доданд, ки «Америка, Америка». Пас аз ду соати афтону хезон роҳ рафтан аскарони амрикоӣ моро дида ба сӯямон омаданд ва фарёд карданд: «Бухенвалд, Бухенвалд». Аскарон моро рӯи даст бардошта, ба маркази фармондеҳӣ бурданд. Ҳама ба ҳоли мо мегиристанд. Мо устухонпораҳоеро мемондем, ки танҳо пӯст доштанду халос.
Моро ба госпитали саҳроӣ бурданд. Чанд муддат кам — кам хӯрок медоданд, То ин ки каме ба ҳуш омадем. Дар бораи лагер маълумоти дақиқ додем. Амрикоиҳо нияти муҳосираи шаҳрро доштанд. Маълум гардид, ки мо нахустин асирони аз «лагери марг» раҳоёфта будаем.
Пас аз ин 11 апрели соли 1945 асирон исён бардошта, лагерро ба даст гирифтанд. Армияи Америка бошад танҳо 13 апрел лагерро пурра аз фашистон озод карданд.
Баъди ҷавоб шудан аз госпитал пурсуҷӯи мо сар шуд. Ҳар як тафтишотчӣ ба таври худ моро тафтиш мекард. Аз ҷонамон безор шудем. Ниҳоят, Андрей ба Москва ариза навишту мо имзо кардем. Аз марказ намоянда омада, бо мо вохӯрӣ кард ва супориш дод, ки тафтишот манъ шавад. Барои идомаи табобат ба госпитал баргардонданд. Супориш доданд, ки барои вазн гирифтан кори мо танҳо хӯрдану хоб рафтан бошад. Пас аз Ғалаба ба Ватан баргаштем.
Дар ин ҷо низ тафтишоту пурсуҷӯй сар шуд. Ба номи Сталин мактуб ирсол карда, дар он тамоми моҷароро баён кардам. Пас аз се моҳ аз номи Сталин ҷавоб омад. «Раҳмоншоев Муҳаббат тоҷикписари бебокест, ки дар Бухенвалд муборизаи беамон бурда, баҳри озодии худ ва дигарон исён бардошта, раҳоии худ ва дигар асиронро таъмин намудааст. Бинобар ин, аз тамоми тафтишот озод карда шуда, бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шавад». Пас аз ин мактуб каме нафаси озод кашидам…
Муҳаббат Раҳмоншоев то охири умр ранҷ кашид. Ҳатто дар вохӯриҳо ҳам сухан гуфта наметавонист. Ранҷу азоб ва рӯзгори мудҳиши Бухенвалд то лаҳзаҳои охири умр ӯро азият медод ва бо ҳамин ранҷ оламро падруд гуфт.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»