Ё қиссаи як марди чорбоғӣ, ки беш аз 2000 ташналабро соҳиби об кард
Деҳаи хушманзару сарсабз ва хушбоду ҳавои Чорбоғ дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Истаравшан воқеъ гардида, маркази деҳоти «Чорбоғ» ба ҳисоб меравад. Аз 18000 нафар аҳолии деҳот зиёда аз 11 ҳазорашро аҳолии ҳамин деҳа ва 88 фоизи сокинони деҳаро ӯзбекон ташкил медиҳанд.
Чорбоғ, пеш аз ҳама, ҳамчун макони паҳлавонони машҳури шаҳр шуҳрат дорад. Мардум ҳоло ҳам корномаи паҳлавонони номии чорбоғӣ Шоим, Абдурашид, Мирсаид, Раҳмат ва дигаронро фаромӯш накардаанд. Дастпарварони деҳа Баҳодур Қурбонов, бародарон Сафарқул ва Бобо Тошмуродовҳо қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ гаштаанд. Шумораи паҳлавонони дорои унвони қаҳрамонии Осиёю ҷумҳурӣ дар ин деҳа хеле зиёд аст.
Дар замони шӯравӣ ин деҳаи овозадор чанд корманди номдори ҳизбию давлатиро ба воя расондааст, ки собиқ раиси Комиҷроияи вилояти Ленинобод Усмон Қосимов, вазири молияи кишвар, чор даъват депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Алиқул Алиев, роҳбари ҳизбӣ Бобоҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси варзида Бобо Ҳамзаев аз ҳамон қабиланд. Кадрҳои замони Истиқлолият генерал — майор, собиқ комиссари ҳарбии вилояти Суғд Аъзам Қосимов, шоири шинохта Ҷамшед Пиримов ва нависандаи машҳури Ӯзбекистон Шоим Бӯтаев низ зодагони ҳамин деҳаанд.
- Дар деҳаи Чорбоғ саховатмандоне, ки ба қавли мардум, ҳамеша «як дасташон хайр аст», кам нестанд. Масалан, дар ҳаққи ҷавонмарди чорбоғӣ Шуҳратҷон Бердиев чӣ қадар сухани нек гӯем, кам аст. Ӯ панҷ сол пеш дар қисмати навбунёди деҳа чоҳи амудӣ кофта, об баровард ва ба ин восита 500 хоҷагӣ ё зиёда аз 2000 сокини мавзеъро аз азоби обкашонӣ озод кард. Мардум боғу полезашонро обёрӣ ва обод карданд, дастурхонашон пурфайз, рӯзгорашон осуда гашт. Саҳми Шуҳратҷон Бердиев дар сохтмони дарвозаи деҳа, зеристгоҳи барқӣ, таъмиру таҷдиди масҷиду мактаб, ободии роҳи деҳа низ хеле калон аст. Ба изофа, Шуҳратҷон ҳамеша оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, собиқадорони меҳнатро дастгирӣ мекунад, — гуфт дар суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ» Ойбек Шарифов.
Шуҳратҷон Бердиевро, ки раиси хоҷагии деҳқонии «Шукур — бобо» будааст, дар сари замини хоҷагӣ пайдо кардем, ки ҳамроҳи 10 -12 коргар ҳосили сабзии коштаашонро меғундоштанд. Як гурӯҳи дигари коргарон сабзиҳоро ба ҷуволҳои калон ҷой мекарданду ду харидор, ки аз вилояти Хатлон буданд, онҳоро ба мошин бор мекарданд.
Раиси хоҷагӣ, ки марди миёнсоли миёнқади сабзинаи тануманде будааст, моро хуш истиқбол гирифт ва хандида гуфт:
- Имсол пиёзу сабзию картошка қариб бепул шуд. Ҳар килои сабзиро 80 дирамӣ фурӯхта истодаем, ки ҳатто хароҷотро намепӯшонад. Деҳқонӣ ҳам мисли тиҷорат будааст: ё месӯзӣ ё месозӣ!
Хоҷагии «Шукур — бобо» 15 гектар замин дар ихтиёр дошта, дар он 9 коргари доимӣ кор мекунад. Шумораи умумии коргарони мавсимӣ қариб 100 нафарро ташкил медиҳад, ки рӯзе ду маротиба бо хӯроки гарм таъминанд. Бурдану овардани коргарон низ аз ҳисоби хоҷагӣ аст.
- Аз 15 гектар замин 5 гектарашро боғи себҳои навъи «5 – ситора» ва «Семиренко» ташкил медиҳад. Имсол дар майдони 1,5 гектар картошка, 1 гектар пиёз ва 1 гектар сабзӣ ва дар 6,5 гектар гандум коштем. Аз ҳар гектар 70 сентнерӣ ғалла рӯёнидем. Ҳосили боғ ҳам хуб аст. Зарари аз кишти сабзавот расидаро фоидаи гандуму боғ ҷуброн менамояд. «Шукур — бобо» фермаи чорвопарварӣ ҳам дорад.
Дар сари замини картошкаву пиёз занони зиёд ҷунбуҷӯл доштанд. Онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд, ки ин таваҷҷуҳи маро ҷалб кард.
Шуҳратҷон Бердиев инро пай бурда гуфт:
- Аксари коргарони хоҷагӣ тоҷикзанонанд. Дар деҳоти мо аҳолии як деҳа — деҳаи Найман, ки ҳоло «Файзи Истиқлол» ном гирифтааст, пурра тоҷик аст. Ғайр аз ин, аксари ин занонро сокинони деҳаи ҳамсояи Қалъачаи Гули Зард ташкил медиҳанд, — гуфт раиси хоҷагӣ ва идома дод:
- Бобои ман — Бердибой ӯзбеки чорбоғӣ ва модаркалонам Очаи Изолат тоҷики Сӯфӣ Орифӣ буданд. Аз ин рӯ, дар шарёни ман ҳам хуни тоҷикӣ ҷорист. Раҳматии падарам Шукурбой Бердиев, ки тамоми умрро бо меҳнати ҳалол гузаронида, 9 фарзандро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ба воя расонидаанд, ҳамеша моро насиҳат мекарданд, ки бо тоҷикон мисли гӯшту нохун бошем. Дар байни тоҷикону ӯзбекон кам одамоне ёфт мешаванд, ки бо ҳамдигар хешию таборӣ надошта бошанд. Бародарии тоҷику ӯзбек азалист, — мегуфт ӯ.
Шуҳратҷон Бердиев аз кумаку дастгириҳояш сухан гуфтанро ба худ раво намебинад.
- Кас хайри кардаашро миннат намекунад. Падари раҳматиам мегуфтанд, ки «некӣ куну ба дарё андоз», — мегӯяд ӯ.
- Бо вуҷуди ин, чӣ сабаб шуд, ки ба деҳа об баровардед? — мепурсам аз ӯ.
- Хонаи ман ҳоло дар мавзеи навбунёди деҳа, ки «Чорбоғи 2» ном дорад, ҷойгир аст. Соли 1993 аз ҳамин мавзеъ ба 500 хоҷагӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ доданд. Соли 1994 қисме аз одамон хонаҳояшонро сохта, кӯчида омаданд. Шароит бисёр вазнин буд, на об буду на барқ. Аз канали Басмандасойи ноҳияи ҳамсояи Деваштич оби полезӣ мегирифтем. Ҳамеша барои об ҷанҷол буд. Мардум оби нӯшокӣ надошт. Моҳи ноябри соли 2012 ба нияти об баровардан ба кофтани чоҳ сар кардем. Об моҳи сентябри соли 2013 баромад. Дар масофаи 4 километр лӯла хобонида, ба кӯчаҳо хати об кашидем. Чор километр роҳи деҳаро сангфарш кардем. Инак, 5 сол аст, ки сокинони 500 хоҷагӣ ҳам бо оби нӯшокӣ таъминанду ҳам бо оби полезӣ. Пагоҳӣ аз соати шаш то ҳашт ва бегоҳӣ аз соати шаш то ҳашт обро ба ҳавлиҳо сар медиҳем, дар вақти боқимонда мардум обро барои полезӣ истифода мекунанд. «Ташнаро об додан, савоб аст», — мегӯянд. Ана ҳамин савоб мукофоти амали ман аст, — гуфт ҳамсуҳбат.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»