-мегӯяд муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руслан Шодиков
- Туризм аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб меёбад ва роҳбарияти кишвар низ барои пайваста рушд намудани ин соҳа тадбирҳо меандешанд. Шумо, ки бевосита сарпарасти ин соҳа ҳастед, вазъи кунунии онро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
-Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидор ва захираҳое, ки дар соҳаи туризм дорад, онро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодии кишвар эълон намудааст. Дар ин самт аллакай Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», ки се маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019 ва «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014» қабул гардидаанд ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои соҳаро ба низом медароранд. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ вобаста ба фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, ки 13 декабри соли 2013 баргузор гардид ва дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, ба идораву муассисаҳое, ки бевосита ба соҳаи туризм сарукор доранд, равон шудааст. Имрӯз дар кишвар зиёда аз 90 ширкати туристӣ амал мекунад, ки 50 ададаш ба туризми воридотӣ ва боқимондааш ба туризми содиротӣ машғул аст. Вобаста ба он, ки 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа, пеш аз ҳама, туризми кӯҳнавардӣ, экосайёҳӣ, алпинизм, туризми фарҳангӣ, истироҳатӣ, таърихиву археологӣ, шикорӣ, эътиқодиву мазҳабӣ мебошад. Аз рӯйи таҳлилҳое, ки мо кардем, имрӯз бештари сайёҳон ба минтақаҳои ВМКБ ва Зарафшон таваҷҷуҳ доранд. Дар ин радиф, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се минтақаи кишвар ҳамчун минтақаи сайёҳӣ эълон гардидаанд, ки инҳо дараи Варзоб, Ромит ва Балҷувон мебошанд. Мушоҳида мешавад, ки пас аз ин тасмим рушди инфрасохтор ва ҷалбу ташрифи сайёҳон дар минтақаҳои мазкур хуб шуда истодааст. Ногуфта намонад, ки аз рӯйи маълумоти сомонаи байналмилалии Глубтс Фотс, ки дар соли 2014 таҳлилҳо гузаронидааст, Тоҷикистон дар гурӯҳи даҳгонаи давлатҳо аз ҷиҳати туризми саргузаштӣ дар ҷойи дуввум қарор дорад. Мо мушоҳида ва таҳлил кардем, ки қалъаву дигар иншооти таърихӣ дар дигар давлатҳо аз нав карда шудаанд, лекин он чизе, ки дар Тоҷикистон аст, табиӣ аст ва хусусиятҳои таърихии давраҳои пештараро дар худ дорад.
- Барои рушди соҳаи туризм ва дар ин замина ҷалби бештари туристон ба кишвар чӣ чораҳо андешида мешавад?
- Дар Паёми имсолаашон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид доштанд, ки туризм бояд ба иқтисоди кишвар фоида орад. Тоҷикистон аз соли 2007 аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ аст ва ҳамасола дар Намоишгоҳи байналмилалие, ки дар Берлин баргузор мешавад, иштирок мекунад ва гӯшаеро таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари туризм» дар масоҳати 40 метри мураббаъ ба намоиш мегузорад. Ба хотири он, ки соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии СҲШ-ро ба уҳда дорад ва имсол ҷаласаи он дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тасмим гирифтем имконият ва захираҳои туристиро муаррифӣ намоем. Ғайр аз ин, дар доираи СҲШ маводи махсус дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Аргументы и факты» тайёр карда истодаем, ки ҷойҳои таърихӣ, манзараҳои нотакрор ва имкониятҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Инчунин як гурӯҳи наворбардорон аз кишвари Голландия ният доранд, ки тамоми минтақаҳои кишварро навор гирифта, барои Аврупо филми махсус таҳия карда, намоиш диҳанд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаи сармоягузориро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор доранд. Мо кушиш мекунем, ки базаи Сафедораки Варзобро таҷдид намуда, дар шаҳри Хоруғ маркази иттилоотӣ ва дар ноҳияи Шӯрообод инфрасохтори хубро ташкил намоем.
- Соли гузашта дар шумораи №160(3145)-и рӯзномаи «Садои мардум» аз санаи 25 декабри соли 2013 таҳти унвони «Хизматрасониҳоро беҳбудӣ мебояд ва ё мушкилоти ҳамсони ду ширкати туристӣ» мавод нашр шуда буд. Дар ин мавод роҳбарони ду ширкати сайёҳӣ, ки яке аз ВМБК, дигаре аз водии Зарафшон буданд, аз мушкилоте чун муносибати нодурусти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ном бурданд. Барои рафъи ин мушкилот чӣ гуна чораҳо андешида шуд?
- Тавре зикр кардам, барои иҷрои Нақша-чорабиниҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фазои сармоягузорӣ оид ба рушди туризм тасдиқ шуд, ҳама мақомот масъул шуданд. Аз ҷумла фурудгоҳ, ки аллакай нақшаи мукаммали фаъолиятро дар ин ҷода таҳия кардааст. Дар фурудгоҳ гӯшаи иттилоотӣ барои сайёҳон ташкил мешавад ва туристон метавонанд аз он тамоми маълумотро вобаста ба сайёҳӣ дарёфт намоянд. Ғайр аз ин, мо як маълумотномаеро омода карда истодаем, ки дохили тайёраҳои ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» тақсим карда мешавад.
Мушкилоте, ки имрӯз садди роҳи рушди туризм шуда истодааст, кам будани мутахассисони соҳа мебошад.
Инчунин имрӯз инфрасохтори соҳа ба талаботи замон ҷавобгӯй нест. Роҳҳо ба самтҳои гуногуни кишвар аз нав бунёд шуда истодаанд ва бо итминон метавон гуфт, ки ин ба рушди соҳаи туризм такони ҷиддӣ мебахшад. Вақте ки роҳҳо хуб мешаванд, мо метавонем хатсайрҳое ташкил кунем, ки туристон сари вақт, бехатар ба ҳамон макон ворид шаванд.
- Муҳлати будубоши туристоне, ки ба воситаи нақлиёти шахсиашон ба кишвар меоянд, кам аст. Ҳол он, ки дар кишварҳои ҳамсоя ин фурсат бамаротиб зиёд муайян шудааст.
- Имрӯз шакли содакардашудаи гирифтани раводид барои 81 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Вақте ки туристон аз консулгарӣ ва ё сафоратхонаҳои Тоҷикистон раводид мегиранд ва ширкатҳои туристие, ки хизматрасонӣ мекунанд, метавонанд бо пешниҳоди ариза ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ муҳлати будубоши туристро дар Тоҷикистон тамдид кунанд.
- Дар ҳолати таври лозима хизматрасонӣ накардани ширкатҳои туристӣ ба сайёҳон чӣ чораҳо андешида мешавад?
- Барои додани иҷозатнома Комиссия амал мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи туризм, дар сурати ба хатоиҳо роҳ додани ширкатҳои туристӣ, ё сари вақт пешниҳод накардани ҳисобот, Комиссия масъаларо баррасӣ намуда, ба муҳлати се моҳ фаъолияти ширкати туристиро бозмедорад. Дар сурате, ки ширкат дар ин муддат ислоҳ нашуд ва бори дигар ба камбудӣ роҳ дод, иҷозатномаи он пурра гирифта мешавад. Мо ин таҷрибаро дорем ва давоми шаш моҳи соли равон фаъолияти чор ширкати туристиро боздоштем.
- Шашмоҳаи аввали соли 2014 сипарӣ шуд. Дар ин муддат ташрифи сайёҳон ба кишвар дар кадом сатҳ аст?
- Давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 92830 нафар шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки аз он 74002 нафарашон турист мебошад. Аз ин раванд ба кишвар 37 миллион доллари ИМА ворид гардидааст. Аз таҳлили фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бармеояд, ки нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба соли гузашта қариб якхела мебошанд. Имсол ин раванд дар тамоми ҷаҳон ба хотири баргузор шудани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Бразилия коҳиш ёфт.
- Оё дурнамое вуҷуд дорад, ки ҷалби теъдоди сайёҳонро барои солҳои оянда муайян намояд. Фарз кардем, ки агар шумораи туристон ба як миллион нафар расад, дар ин ҳолат инфрасохтори туристии мо барои хизматрасонӣ омодаанд?
-Аз рӯйи таҳлилҳои коршиносон то соли 2020 бояд шумораи туристон ба кишвар то як миллион нафар расад.
Оид ба қисми дуввуми савол гуфтаниам, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ширкатҳои зиёди туристӣ фаъолият доранд. Ғайр аз ин, ҳастанд шумораи зиёди сайёҳон, ки ба воситаи велосипед, мошини шахсӣ ва ғайра ба кишвар ворид мешаванд. Туристоне, ки истироҳат меоянд, бевосита аз хизматрасониҳои инфрасохтори мо истифода мебаранд. Туристоне, ки бо мошин ва велосипед ба саёҳат меоянд, аз хизматрасониҳо қадри даркориашон истифода мебаранд, ки аз чунин туристон камтар маблағ ворид мешавад.
Баргузории чорабиниҳои калон, аз қабили ҷаласаи СҲШ метавонад, ки шумораи зиёди сайёҳонро ба кишвар ҷалб намояд. Чемпионати ҷаҳон оид ба тэкван-до, ки бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва 600 нафар аз 52 давлат иштирок намуданд, низ ба рушди туризм мусоидат менамояд. Ҳар қадар, ки турист ба кишвар зиёд ворид шавад, инфрасохтор ҳамон қадар зудтар рушд меёбад.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»