Пеш аз оғози соли нави хониш роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар аз омодагии мактабҳо ба соли нави таҳсил гузориш медиҳанд.
Аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ низ дар бобати ба истифода супоридани даҳҳо муассисаи наву замонавии таълимӣ хабару гузориш пахш мегарданд, ки аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар ба илму маориф дарак медиҳад.
Мутаассифона, ҳоло ҳам муассисаҳои таълимиеро дучор шудан мумкин аст, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, таҳсил дар се баст роҳандозӣ шудааст.
Сухан дар хусуси МТМУ № 36-и деҳаи Шӯрхоки деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода меравад, ки бинои асосиаш соли 1929 сохта шуда буд. Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, соле қабл аз ҷониби як соҳибкори ватанӣ барои бунёди бинои нави мактаб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат шудааст. Он вақт ба вай пешниҳод кардаанд, ки бо вазъи муассисаи таълимии рақами 36 шинос шавад.
Соҳибкор ба мактаб омада, сокинону омӯзгоронро бовар мекунонад, ки баробари бартарафсозии бинои куҳнаи мактаб фавран ба сохтмони бинои нав шурӯъ мекунад. Муаллимони мактаб бо дастгирии сокинони деҳа дар давоми ду рӯз бинои куҳнаро канда, барои бунёди бинои нав таҳкурсӣ омода карданд. Соли дуюм аст, ки мунтазири оғози корҳои сохтмонӣ ҳастанд. Аммо аз соҳибкор дарак набуда, омӯзгорону хонандагон дар ҳолати ногувор мондаанд.
Директори муассисаи таълимӣ Абдуқаҳҳор Қодиров иброз дошт, ки: «Аз вазъи мактаби мо шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр воқиф ҳастанд ва ваъда дода буданд, ки дар сурати пайдо шудани имконият камбудӣ бартараф хоҳад шуд».
Аз раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иттилоъ гирифтем, ки масъалаи мазкур дар мадди назари ӯ қарор дошта, бо шарикони рушд гуфтушунид идома дорад. Дар назар аст, ки дар ҳолати ба мувофиқа расидан дар деҳаи Шӯрхок бинои муассисаи таълимӣ сохта шавад.
Ҳоло муаллимон маҷбуранд ба шогирдон дар шароити ба ягон меъёр мутобиқнабуда дарс гӯянд, ки ба сифати таҳсил бетаъсир нахоҳад монд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки масъулияти калонсолон дар қабули қарорҳое, ки ояндаи насли наврас аз онҳо вобастагӣ дорад, то чӣ андоза муҳим аст.
Н. Сайидо,
«Садои мардум»