Рӯзҳои охир ҳаракати «Толибон», ки як қисми Афғонистонро таҳти тасарруф даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе аз ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан, наҳзатиҳои ифротӣ, вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз «Толибон» тарс диҳанд.
Вале дар асл, ҳаракати «Толибон», ҳарчанд ки манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруф қарор додаанд, барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қиёс бо неруҳои дигари тундраву радикалӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, хатарнок нест. Ба ин мазмун, қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад дорад, ҳоло мушкилоти марзӣ, интизомӣ ва амниятӣ ба кишвар таҳдид намекунад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби ҳаракати «Толибон» ҳеҷ гуна таҳдиду хатареро эҳсос намекунем. Дигар ин ки Ҳукумати феълии Афғонистон дар доираи музокироти дуҷониба масоили баҳсиро бо «Толибон» расидагӣ хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имкон истифода бурда, тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ, иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Гузашта аз ин, неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии кишвар дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор дошта, дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоя карда метавонанд.
Аммо оворагардони ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки баъди содир кардани хиёнату ҷиноятҳо ба хориҷа гурехта, ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғуланд, душмани ягонаи миллати тоҷиканд. Онҳо то ҳанӯз аз террору қатли одамон ва ба кор бурдани усули зӯроварӣ даст накашидаанд. Ташкилоти террористии ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки қаноти ҷангии наҳзат аст, то ҳол дар шимоли ҳамсоякишвар бо амалҳои хунхорона даҳшатафканӣ дорад. Ҷинояти ваҳшатноки куштори тоҷикони Афғонистон, ки дар вулусволии Моҳимайи минтақаи Дарвози болои Афғонистон аз тарафи қотилони «Ансоруллоҳ» содир гардид, симои воқеии наҳзатиҳоро бори дигар собит кард ва душмани миллати тоҷик буданашонро аён сохт.
18-уми феврали соли ҷорӣ раиси мақомоти амнияти Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ дар доираи Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм таъкид кард, ки фаъолияти террористии «Ансоруллоҳ» дар шимоли ҶИА идома дошта, хатари ҷиддӣ ба амнияти минтақа дорад. Ин навъ мавқеъгирии расмии Ҳукумати Афғонистон гувоҳи он аст, ки симои созмони террористию экстремистии наҳзати исломӣ барои соири давлату кишварҳо, ки алайҳи терроризму экстремизми динию мазҳабӣ муборизаи дастаҷамъона мебаранд, ошкор шудааст.
Ҳоло мардуми кишвар амиқан медонанд, ки ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ душмани асосии давлат ва миллати тоҷик аст. Саркардаи фирории наҳзатӣ, аз вақте ки дар хориҷ паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст, мудом дар қолаби иддаофурӯшии пуч созмони хунхори худро бо рӯсиёҳӣ ба унвони ташкилоти мардумӣ ва дур аз ифроту тафриқгарӣ ташвиқу тарғиб мекунад ва алайҳи давлат тавтеаву дасисаҳои нав андохтанист. Ба масъалаи хатари ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ ба минтақа таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи муҳимро ироа менамоем.
1. Созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва шахсиятҳои барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ наҳзатро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил кардаанд. Барои намуна, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай 29 январи соли 2016, дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар давлатҳои аъзои СҲШ манъ аст, таҳти рақами 79 ташкилоти наҳзати исломиро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил намуд. СҲШ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ки 8 кишвари бузурги ҷаҳонро бо шумули 3,3 млрд. аҳолӣ дар бар мегирад, аз ҷониби ба масобаи ташкилоти террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ маънои ба воқеият гироиш пайдо кардани нимае аз давлатмардон ва ҷомеаи дунёиро далолат мекунад. Гузашта аз ин, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ҷаноби М. Ҷ. Шри Акбар 4 майи соли 2018 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуноматомез вазъияти минтақа ва таҳдиду хатарҳои муосирро дуруст дарк намуда, дар асоси мадорики зарурӣ таъкид карда буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи хатари ҷиддӣ — сари вақт аз саҳнаи сиёсӣ рондани гурӯҳҳои ифротгаро, хусусан ТТЭ ҲНИ, дастболо шудааст. Хатарро, қабл аз ҳама, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар наҳзати исломӣ дида, тазаккур дод, ки ин созмони террористӣ на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад.
2. Саркардаи ТТЭ ҲНИ, баъд аз дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ бурдан, таҳти сарпарастии молиявии баъзе аз созмонҳои манфиатдори хориҷӣ қарор гирифта, тавассути сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию хабарӣ иғвогарию тавтеабозиро алайҳи давлат идома дод ва то ҳол ин масирро бешармона мепаймояд. Аз тариқи расона, сомона ва торнамоҳое, ки бо сармояи пуштибонони хориҷии наҳзат таъсис ёфтаанд, саркардаҳои созмони хунхор бо раҳбарии М. Кабирӣ шабонарӯзӣ ба парокандани дурӯғу фитна, таҳрифи воқеиёти рӯзи кишвар, нодидагирии дастоварду комёбиҳои мамлакат, тафсири ғайримантиқии ҳаводис, тавзеҳи муғризонаю яктарафаи рӯйдодҳо ва пахши иттилооти нодурусту душманона машғул аст. Баъзе аз сомона ва пойгоҳҳои наҳзатӣ ба хотири пахшу нашри иттилооту матолиби муғризона аз ҷониби созмонҳои марбутаи ғарбӣ масдуд шуданд.
3. Наҳзат, махсусан давоми зиёда аз як соли охир дар заминаи хурӯҷи коронавирус ва муноқишаҳои марзӣ ба иғвогарӣ ва дасисачинӣ даст зада, муртакиби хиёнатҳои ҷиддӣ гардид. Замоне ки кишварҳои муқтадири минтақаю ҷаҳон дар фикри ҳалли мушкилоти беҳдоштӣ ва маҳви коронавирус буданд, наҳзатиёни террорист дар робита бо паҳншавии вабо овозаю ҳангома паҳн карда, худро дар назди созмонҳои сарпараст ба истилоҳ, «ширин менамуданд». Охири моҳи марти соли гузашта роҳбари созмони ҷинояткори наҳзатӣ мусоҳиба анҷом дода, давлати Тоҷикистонро ба беаҳамиятӣ дар баробари коронавирус айбдор карданӣ шуд ва бо зоҳир кардани дурӯягӣ худро дар фазои маҷозӣ то муддате чеҳрасозӣ кард. Ҳол он ки давлат дар қиболи коронавирус ва ҷустани роҳкорҳои муассир тадбирҳои судманд андешида, то кунун ҷиҳати таҳкими раванди беҳдоштӣ аз тамоми имконот истифода мебарад. Воқеан, на он замон ва ҳатто на ҳоло фурсати риёкорӣ ва худпарастӣ набуду нест ва наҳзатиҳо, агар заррае хуни инсонӣ дар рагу шарёнашон ҳаракат мекард, бояд сари андешидани чораҳои зарурӣ дар қиболи ин вируси хатарбор тамаркуз менамуданд ва воқеияти замону ҳассосиятҳои кишварро нодида намегирифтанд. Аммо дар гумон аст, ки ин тоифаи худпараст ва риёкор аз аспи ҷаҳл фуруд оянд ва даст аз душманӣ бо мардум бардоранд. Ҳамин тариқ, роҳбари наҳзатӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар замони ҳассос миллатро пуштибонӣ накарданд, балки аз бемории хатарбор барои бадном кардани давлати Тоҷикистон ва тарғиб кардани худ суиистифода карданд, ки ин амалро ба ҷуз хиёнат чизи дигар гуфтан нашояд.
4. Мавқеъгирии саркардаи наҳзатиҳо дар қиболи мушкилоти марзӣ бори дигар хиёнаткорӣ ва душмании ӯро ба намоиш гузошт. Дар замоне ки миллат ва давлати Тоҷикистон дар атрофи масоили марзӣ, бавижа ҳифзи Ворух, муттаҳид шуд, наҳзатиҳо тарафи муқобилро пуштибонӣ карданд ва рӯирост хиёнаткор будани худро нишон доданд. Мавқеи зиддимиллӣ ва зиддимеҳании роҳбари наҳзатиро вобаста ба баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон миллат хуб дар ёд дорад. Дар он рӯзҳои ҳассос на танҳо тоҷикон, балки қирғизҳо ҳам тааҷҷуб карданд, ки давлати Тоҷикистон «мухолифон»-е доштааст, ки дар низои байни ду давлат алайҳи ватану миллат қарор гирифта, рӯирост тарафи давлати бегонаро мегирифтааст. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар робита бо масоили марзӣ президентҳои собиқи Қирғизистон Аскар Акаев ва Қурбонбек Боқиев, ки ҳар ду дар натиҷаи табаддулот аз қудрати президентӣ барканор шуда буданд, на танҳо аз тариқи баёнияву изҳорот ба ҳимояи давлаташон бархостанд, балки барои ҳарбиёни қирғиз маблағ фиристоданд. Онҳо аз лиҳози мавқеи миллию шаҳрвандӣ ба тарафдории давлати худ садо баланд карданд. Ин ду президенти сарнагуншуда зоҳиран бояд бар зидди ҳукумати имрӯзаи кишварашон, ки онҳоро ба ҳукми абад маҳкум кардааст, мебаромаданд. Аммо ҳисси ватандӯстӣ ва дарки миллию шаҳрвандии онҳо аз баҳсу манофеи сиёсӣ болотар истод. Вале наҳзатиён омода буданд ва ҳастанд, ки дар сафи неруҳои ғайр истода, ба муқобили давлат ва ватани худ ҷанг кунанд. Наҳзатиҳо дар ҷанги иттилоотӣ бидуни парда алайҳи мавқеъгирии миллат ва давлати Тоҷикистон қарор доштанд, ки онро бидуни мулоҳиза метавон хиёнати ошкоро номид. Ҳатто дар марҳилаи тозаи музокирот миёни ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки масоили марзӣ баррасӣ гардида, як навъ нармише ба амал омада истодааст, наҳзатиҳо бо тамоми неру талош меварзанд, ки музокирот ба натиҷаи дилхоҳ нарасад ва муносиботи ду давлат ҳамчунон тира боқӣ бимонад.
5. Хулоса, ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа таҳти сарпарастии баъзе аз созмонҳои манфиатдор фаъолияти зиддимиллӣ мекунад, барои Тоҷикистон ҳазорон маротиба хатарноктар аз ташкилотҳои дигари террористӣ аст.
«Толибон», дар маҷмӯъ, расидан ба қудрат ва барқарории аморати исломиро дар Афғонистон ба унвони ҳадафи стратегӣ пайгирӣ менамояд. Зимнан, роҳбарияти наҳзатӣ аз ҳаводиси ахири Афғонистон ва забткориҳои «Толибон» низ ба манфиат суиистифода мекунад, то ин ки аҳдофи нопокашро дар минтақа пиёда созад.
Наҳзатиҳо маъмулан, аз ҳар фурсату имконот ба манфиат истифода мекунанд ва барои айбдор кардани Ҳукумат ва давлат талош менамоянд. Ҳатто агар ягон ҳодисаи табиӣ ҳам дар Тоҷикистон рух диҳаду боис ба харобие шавад (масалан, боди сахте вазад ё сел ояд), наҳзатиҳо нашармида, аз ин ҳолат истифода мекунанду Ҳукуматро айбдор карданӣ мешаванд. Онҳо ҳатто аз бадбахтии мардум манфиат гирифтанӣ мешаванд.
Саркардаи наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони ӯ аз тариқи пахшу нашри мусоҳиба ва баёнияҳои ғайримантиқӣ ва муғризона мехоҳанд, ки тарсу ваҳшатро дар дили мардум ҷо созанд ва «Толибон»-ро ба сифати як неруи ғаддору тахрибкор, ки гӯё ҳадафи убур аз марзи Тоҷикистонро нақшабандӣ кардаанд, муаррифӣ намоянд. Дар сурате ки воқеият чунин нест ва «Толибон» ба ин гуна нақшабандӣ ниёз надоранд. Ин наҳзат аст, ки барномаи сохтани давлати исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардан мехоҳад ва барои ба ҳадаф расидан аз василаҳои машрӯъ ва номашрӯъ истифода мебарад. Хушбахтона, наҳзатиҳо дар Тоҷикистон пуштувонаи мардумӣ надоранд. Муҳимтар аз ин, давлати миллӣ иқтидор ва тавонмандии онро дорад, ки алайҳи неруҳои зиддимиллие мисли ТТЭ ҲНИ муваффақона мубориза барад, аҳдофи нопоки онҳоро нақше бар об кунад ва пеши роҳи хиёнаткорони наҳзатиро бигирад.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
ходими пешбари илмии АМИТ