Трамвай — каммасрафтарин нақлиёти шаҳрӣ

№53 (4473) 30.04.2022

Ба воридсозии он низ имтиёз бояд дод

2502_26-11-10bДар бораи аҳамияти иқтисодию экологии нақлиёти барқӣ солҳои охир дар рӯзномаи «Садои мардум» силсиламақолаҳо, ба монанди «Аз ифлосшавии ҳаво ҳама рӯ ба нақлиёти барқӣ меоранд» (№3935, 22 ноябри соли 2018), «Электробус беҳтар ё троллейбуси бе ноқил?» (№3960, 24 январи соли 2019), «Истеҳсоли электромобилро ба роҳ бояд монд» (№4049, 17 августи соли 2019), «Ба нақлиёти барқӣ шину дар пешгирии гармшавии иқлим саҳм гузор» (№4169, 28 майи соли 2020), «Чаро дар истифодаи нақлиёти барқӣ таъхир мекунем?» (№4357, 22 июли соли 2021), «Давраи тиллоии нақлиёти барқӣ фаро расид» (№4428, 8 январи соли 2022) ва ғайра ба табъ расидааст. Зимнан, мехоҳем дар бораи дигар навъи нақлиёти барқӣ — трамвай низ каме иттилоъ диҳем.

 Трамвай дар миёни нақлиёти мусофирбар яке аз қадимтарину маъмултарин ва каммасрафтарину аз лиҳози экологӣ тозатарин маҳсуб меёбад. Масалан, як трамвай дар як вақт вобаста ба андозааш аз 150 – 300 то 500 — 600 нафар мусофирро мебарад, ки нисбат ба автобусу троллейбус 2-3 маротиба бештар аст. Саҳми трамвай дар рафъи тамбашавии нақлиёт низ арзанда аст. Агар автобусу троллейбус дар як соат 3-4 ҳазор нафарро ба манзил расонанд, ин рақам дар трамвай аз 7000 нафар зиёд аст. Суръати миёнаи автобусҳои дохилишаҳрӣ дар як соат 18 километр, вале дар трамвай 30 километр мебошад.

Аз лиҳози хароҷот низ трамвай нисбат ба дигар анвои нақлиёти шаҳрӣ каммасраф аст. Агар як автобуси шаҳрӣ ба ҳисоби миёна 10 сол ва троллейбус 15 сол хизмат расонад, трамвай 30 сол хизмат мерасонад.

Нақлиёти мавриди назар камшавқун ба ҳисоб рафта, яке аз ояндадортарин нақлиёти шаҳрӣ маҳсуб меёбад. Хароҷоти ба роҳ мондани системаи ҳаракати трамвай нисбат ба метро 20 маротиба камтар мебошад. Маҳз ҳамин бартариҳои ин навъи нақлиётро ба назар гирифта, чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки ҳаракати трамвайро дар шаҳри Тошканд дубора ба роҳ мемонад. Шаш сол пеш дар ин бузургтарин шаҳри Осиёи Марказӣ ҳаракати трамвай қатъ шуд.

Таърихи пайдоиши трамвай аҷиб аст. Бори нахуст аввали асри XIX дар шаҳрҳои ИМА ҳаракати «трамвай» — ҳои аспӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1881 дар Германия ширкати электротехникии «Вернер фон Сименс» нахустин трамвайи бо барқ ҳаракаткунандаро сохт. Он ба суръати 20 километр дар як соат ҳаракат мекард. Баъд аз чанд сол дар ИМА низ трамвайи барқӣ пайдо шуд.

Дар Россияи подшоҳӣ бори аввал трамвай соли 1892 дар шаҳри Киев ба ҳаракат даромад. То соли 1917 дар 35 шаҳри Россия трамвай ба мусофирон хизмат мерасонид. Чанде пеш дар шаҳри Москва 115 — солагии ҳаракати трамвайро ҷашн гирифтанд.

Ҳоло трамвайҳое истеҳсол шуда истодаанд, ки суръаташон дар як соат аз 75 километр зиёд аст. Дар шаҳрҳои Волгогради Россия, Нурсултони Қазоқистон Истанбулу Қунияи Туркия чунин трамвайҳо ҳазорон нафар мусофирро дар муддати кӯтоҳ ба манзил мерасонанд.

Трамвайҳои монорелса дар Япония, Хитой, Малайзия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва як қатор кишварҳои Аврупою Амрико самаранокиашонро нишон додаанд.

Дар Белгия, Австрия, Франсия, Чехия, Испания, Норвегия ва шаҳри Малатяи Туркия трамбус ном нақлиёти барқӣ ба мусофирон хизмат мерасонад, ки шаклан ба трамвай монанд буда, фаъолияташ мисли троллейбус аст. Ин нақлиёти дарозиаш 24 — метра дар вазъияти баландшавии нархи сӯзишворӣ самаранокиашро собит намуд.

Дар шаҳри Брюссел (Белгия) ва як қатор шаҳрҳои Германия трамвайи зеризаминӣ ҳаракат мекунад, ки нисбат ба метро камхарҷ мебошад.

Дар шаҳри Мелбурни Австралия барои ҳаракати трамвайҳо аз энергияи офтоб истифода мебаранд. Дар иёлати Виктория панелҳои офтобӣ 75 мегаватт неруи барқ истеҳсол мекунанд, ки нисфи он барои ҳаракати 400 трамвай сарф мешавад. Шабакаи хати трамвайи шаҳри Мелбурн тайи 20 соли охир дар ҷаҳон бузургтарин ба шумор рафта, дарозии он аз 250 километр зиёд аст. Дар он ҷо 536 вагони трамвай дар 30 хатсайр ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Трамвайҳои шаҳрҳои Нидерландия мисли қатораҳои ин кишвар бо қувваи барқи аз шамол тавлидшуда ҳаракат мекунанд. Дарозии хати роҳи оҳани Нидерландия 2,9 ҳазор километр мебошад. Чунин қатораҳои «офтобӣ» дар Англияву Ҳиндустон низ ба мусофирон хизмат расонида истодаанд.

Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ низ вусъат додани нақлиёти барқӣ айни муддаост. Солҳои охир афзудани теъдоди троллейбусҳои бо захираҳои барқ ҳаракаткунанда аз чанд ҷиҳат бартарии ин навъи нақлиёти барқиро нишон дод.

 Теъдоди троллейбусро дар хатсайрҳо зиёд намудан ба манфиати шаҳрдорӣ ва мусофирон аст, зеро хизматрасонӣ дар он арзон меафтад. Дар баробари ин, дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб низ ҳаракати троллейбусҳоро ба роҳ бояд монд. Кашидани хати троллейбус то шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ низ аз лиҳози иқтисодию экологӣ самаровар мебошад.

Дар баробари ин, нақшаи дар пойтахти мамлакат ба роҳ мондани ҳаракати трамвайи замонавии монорелсиро амалӣ кардан лозим аст. Дар ин самт истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои Истанбул ва Нурсултон ба манфиати кор хоҳад буд.

Чанде пеш Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул кард. Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридшуда, воситаҳои нақлиётии танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, яъне электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод шуданд. Ин иқдом боиси ба ҷумҳурӣ бештар ворид гардидани нақлиёти барқӣ мешавад. Хуб мешуд, ки дар қатори электромобилу электробус ва троллейбус ба кишвар трамваю трамбус, электроскутер, электрофургон ва дигар навъи нақлиёти барқӣ низ ворид шаванд. 

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»