Туҳфа ба беморхонаи марказии Мурғоб

№58 (4478) 14.05.2022

ХАДЯ (1)Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мошини нави «Ёрии таъҷилӣ» таъмин гардид.

Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода гуфт, ки мошини «Ёрии таъҷилӣ» тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дастрас гардида, ба кормандони соҳаи тиб ва сокинони ноҳияи баландкӯҳ туҳфаи хубест, зеро пештар кормандони соҳа ва сокинон қаблан аз набудани нақлиёт танқисӣ мекашиданд.

Раиси ноҳия, зимнан, аз номи сокинони ноҳияи Мурғоб ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвас­таашон изҳори сипос кард.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»