Туҳфа ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 17.11.2023

Нимаи дуюми рӯзи 16 — уми ноябри соли ҷорӣ, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯъмонзода ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз иҷрои  нақшаи истеҳсоли пахта дар соли 2023 муждагонӣ дода, аз ҷумла гуфт, ки ин туҳфаи хоксоронаи мардуми меҳнаткашу сарбаланди ноҳияи Спитамен ба ҷашни — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилои роҳбарияти ноҳия пахтакорони ноҳияи Спитамен соли  ҷорӣ дар майдони 5400 гектар пахта кишт карда, бо меҳнати шабонарӯзӣ ва кумаку дастгириҳои ҳашарчиёну кормандони соҳаҳои гуногун марраи муродро сарбаландона фатҳ карданд. Дар деҳоти ноҳия то санаи 16 – уми ноябри соли равон 14695 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки он баробари 100,2 дарсади нақша аст. Бояд гуфт, ки ноҳияи Спитамен дар миқёси вилояти Суғд баъди ноҳияҳои Ашт ва ба номи Бобоҷон Ғафуров сеюмин ноҳия аст, ки иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли «тиллои сафед» — ро  таъмин намуд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»