Туҳфа дар Рӯзи Президент

№ 13.11.2023

 16- уми ноябри соли 2023 дар ҳудуди варзишгоҳи «Ҷавонӣ»- и шаҳри Ҳисор дармонгоҳи замонавии сайёр ба фаъолият оғоз намуд

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ифтитоҳи дуюмин дармонгоҳи ройгони тиббиро дар шаҳри Ҳисор ки ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон рост омад, ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, иштирокчиёни чорабиниро ба ин муносибат муборакбод гуфт.

Дармонгоҳ тибқи барномаи «Фаёл Хайр»- и Филиали ширкати шоҳигарии норвегии «Нормека Интернешнел» роҳандозӣ гардид.

Дар дармонгоҳ табибону мутахассисони соҳибкасб бо истифода аз дастгоҳҳои тиббии муосир ташхисҳои лабороторӣ, томографияи компютерӣ, монография, систоскопия (амрози занона), гостроскопия (амрози бемориҳои дарунӣ), колоноскопия (рӯдаи ғафс), рентген, УЗИ, ҷарроҳиҳои хурди гуногун, аз ҷумла катарактаи чашмро амалӣ менамоянд. Инчунин, беморон 10 рӯз бо доруҳои зарурӣ ройгон таъмин мегарданд.

 

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»