Туҳфаи Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

№ 15.05.2023

САИДО3Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир мегардад.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода барои расонидани кӯмаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Алмосӣ ва Ҳисор ташриф оварда, ду иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Карим Рашид ва Раҷаб Исмоновро аёдат намуданд.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити зисту зиндагии ҷанговарон, ниёз ба кӯмаки тиббӣ ва дигар мушкилоти ҳаёти рӯзгорашон пурсон шуда, аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадом 18 000 сомонӣ тақдим намуд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам, дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи пайваста миннатдорӣ намуда, дар ҳаққи Роҳбари давлат дуои нек карданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»