Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду адад техникаи муосири корӣ ҳамчун туҳфа тақдим намуд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Алишери Мирзонабот дар маросими тақдими нақлиёт ба Идораи хоҷагии манзилию коммуналии маркази вилоят аз номи сокинони вилоят ба Раиси палатаи болоии парлумон ва шаҳрдори Душанбе миннатдории самимӣ баён намуданд.
Зикр гардид, ки техникаҳои тақдимшуда барои вусъати корҳои ободонию созандагии шаҳр истифода мешаванд.
Бояд гуфт, ки муҳимоти техникӣ чанд сол пеш ҳам аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ тақдим гашта, феълан дар тавсеаи корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ нақши муҳим доранд.
- Бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли гузашта, ҳамчунин, ду майдончаи муосири варзишӣ дар маркази вилоят бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд майдончаи нави дигар сохта мешаванд, — изҳор дошт Ёдгор Файзов.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»