Тухмии босифат омили фаровонҳосилист

№ 19.05.2023

Legumes seed bean in sack bag on wooden background, top view. Dried food, Protein from plant, harvest concept.Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 3-юми апрели соли 2021 таҳти №117 «Дар бораи барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тадбирҳои саривақтӣ андешидаанд.

 Ин барнома ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» асос ёфта, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ роҳандозӣ гардидааст.

Алҳол, дар стансияҳои навъсанҷии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров 16 навъи пахта,   5 навъи гандум, 4 навъи ҷуворимакка барои дон, 8 навъи картошка, 2 навъи офтобпараст, 2 ­навъи нахӯд, 2 навъи юнучқа ва 3 навъи хурмо мавриди санҷиш қарор дорад.

Дар самти картошкапарварӣ низ дар вилоят як қатор корҳо ба сомон расиданд. Саҳми хоҷагиҳои тухмипарварии Кооперативи тиҷоратии «Хоҷаҳо», «Овчӣ — Ғончӣ» ва ба номи Ҳотам Қурбонови ноҳияи Деваштич, инчунин хоҷагиҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар самти таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо тухмӣ назаррас мебошад.

Дар вилоят се хоҷагии махсуси тухмипарварӣ — кооперативҳои тиҷоратии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара, «Нуробод» ва «Саид­қурғон»-и ноҳияи Спитамен барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо гандуми тухмии хушсифат саҳми босазо мегузоранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб­бой Аҳмадзода дар машварати корӣ масъулини соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки барои фаъолияти пурсамари хоҷагиҳои тухмипарварӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»