Офат

Тундбод дар вилояти Суғд

№155 (3792) 28.12.2017

Ар1Тундбоде, ки шаби 26 ба 27 декабр аз соати 23.00 то 3.00 дар шаҳру навоҳии Хуҷанду Бӯстон, Истиқлолу Гулистон, Ашту Бобоҷон Ғафуров ва Панҷакенту Зафаробод бо қувваи 20-27 метр/сония вазид, мислашро дар ним асри гузашта касе ёд надорад.

Он аз ҳама бештар ба маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд зарар расонид. Аз шамоли сахт бомпӯши даҳҳо бинои истиқоматии баландошёна, иншооти иҷтимоию маишӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, тахтаҳои реклом, арчаҳои солинавӣ канда, ба замин яксон гардиданд. Тундбод ба табиати зинда низ тараҳҳум накард. Даҳҳо дарахти азимҷуссаро решакан намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд Шаҳзода Нуриддинзода иттилоъ дод.

Дар муроҷиатномаи МИМҲД-и шаҳри Хуҷанд ба сокинон, аз ҷумла омадааст: Бар асари офати табиӣ 40 сутуни хатти интиқоли барқ, якчанд бинои баландошёна, иншооти обрасон, ноқилҳои барқӣ, беморхонаву мактаб, кӯдакистон ва дигар иншооти ҳаётан муҳим хароб шуда, аҳолӣ бе неруи барқ ва қисме бе оби нӯшокӣ монд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест».

Ногуфта намонад, ки роҳбарияти вилояти Суғд таҳти сарварии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва МИМҲД-и шаҳри Хуҷанд субҳи барвақт ҷойҳои офатзадаи маркази вилоятро аз назар гузаронида, ҷиҳати барқарор намудани оқибатҳои офат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, ки офат дар баробари зарар расондан камбуди зиёдро низ ошкор намуд. Аз ҷумла, бесифат иҷро шудани корҳои сохтмонии иншооти ҳаётан муҳимро, ки намунаи онро мо дар мактаби хусусии «Файз», воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд дидем. Поя ва тиргакҳое, ки болои онҳо тунука насб гардида буд, аз ҷониби сохтмончиён комилан бемасъулиятона маҳкам карда шудааст, зеро шамол ҳар боми масоҳаташ то 15-20 мураббаъметрро пурра канда, ба замин парчин карда буд.

Инчунин, ошкор шуд, ки Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд барои ин рӯзҳо омода набудаанд, вагарна маълумоти пешакиро оид ба офат пешниҳоди ВАО мекарданд. Вақте ки бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ барои гирифтани маълумоти пешакӣ ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардем, чунин посух доданд: «Ҳанӯз чизе маълум нест. Мо барои муайян кардани вазъият алҳол ба маҳалҳо баромада истодаем». Вақти посухи ин савол ақрабаки соат 11-и рӯзро нишон медод. Тасаввур кунед, аз офати табиӣ 12 соат сипарӣ шудааст, аммо масъулон ба мо ҳатто маълумоти пешакиро пешниҳод карда натавонистанд.

Дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят навбатдор гуфт, ки ҳоло ҷаласаи ҷамъбасти солона бо иштироки роҳбарияти кумитаи соҳавӣ доир гардида истодааст. Ҳама дар ҷаласаанд!

Ба қавле, дар ин ҷо ҳам «тарбуз аз бағаламон афтод». Ниҳоят, баъди ҷустуҷӯву пурсиш ва зангҳои беохир, соати 16-и бегоҳ маълумоти мухтасарро бо кӯшишу эҳтимоми котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод ба даст овардем, ки фишурдаи он пешкаш гардид.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»