Чанде пеш бо ибтикори Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳти раёсати раиси бахши миллии шӯро, вакили Думаи давлатии Россия Д.Б. Кравченко Конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди туризм дар шароити пандемия баргузор шуд. Дар он масоили истифодаи самараноктари имконият ва захираҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ, шиносоии бештари аҳолии кишварҳои аъзои созмон бо фарҳангу тамаддуни ҳамдигар баррасӣ шуданд.
Муншии умумии СҲШ Владимир Норов зимни баромадаш таъкид кард, ки якуним сол инҷониб ҷомеаи башарӣ бо сабаби паҳншавии коронавирус дар ҳолати на он қадар хуш қарор дошта, COVID-19 ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон зарар расонидааст. Тибқи баҳои таҳлилгарони Созмони ҷаҳонии сайёҳии Конференсияи СММ оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) яке аз соҳаҳои бештар зарардидаи иқтисодиёт соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он марбути меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, ташкили истироҳату фароғат ва соҳаҳои ҳамлу нақл аст.
- Семоҳаи аввали соли равон шумораи сайёҳони байналмилалӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 85 фоиз кам гардидааст,- гуфт В.Норов,- Ин маънои онро дорад, ки ба сабаби маҳдудиятҳо 260 миллион васоити нақлиёт сафарҳоро амалӣ накардаанд. Чунин вазъ ба соҳаи туризм имкон намедиҳад, ки аз буҳрони ба вуҷудомада берун барояд.
Кам гардидани сафарҳои хориҷӣ тибқи баҳои таҳлилгарон метавонад ба он боис гардад, ки теъдоди сайёҳони байналмилалӣ беш аз 1,1 миллиард нафар коҳиш ёбад. Ин ҳолат ба 1,3 триллион доллари ИМА камшавии даромад аз содирот боис мегардад, ки аз зарари буҳрони ҷаҳонии иқтисодии соли 2009-ум 11 маротиба зиёдтар аст.
Танҳо аз нав ба роҳ мондани соҳаи туризми ҷаҳонӣ ба ривоҷи туризми дохилӣ мусоидат менамояд, андеша доранд коршиносон. Зеро пас аз маҳдудиятҳои зиёд талабот ва ниёз ба истироҳат кардан дар зери осмони кушоду оғӯши табиат меафзояд. Аз ин рӯ, туризми дохилиро нисбат ба байналмилалӣ тезтар барқарор намудан мумкин аст.
Барқарор намудани тамоми соҳа танҳо пас аз бардоштани маҳдудиятҳо ва тадбирҳои карантинӣ ва ҷорӣ намудани чораҳои сахттарини таъмини амният ва солимии аҳолӣ имконпазир хоҳад шуд.
Ҳамоҳангсозӣ ва рақамисозии тадбирҳо ҷиҳати кам гардонидани хатари паҳншави COVID-19, ки бо сайру сайёҳатҳо алоқаманданд, ҳамчунин сертификатҳои санҷиш, эмгузаронӣ, истифодаи «шиноснома»-ҳои солимӣ шартҳои муҳими мусоидат намудан ба сайру саёҳати бехатар ва омодагӣ ба барқароркунии туризм гардида метавонанд.
Бо вуҷуди маҳдудиятҳои пандемия давлатҳои аъзои СҲШ ҳамкориро дар соҳаи туризм тибқи механизмҳои мавҷуда идома медиҳанд. Масалан, 22 майи соли 2020 дар видеоконференсияе, ки таҳти раёсати Россия баргузор шуд, вохӯрии сарварони идораву муассисаҳои сайёҳии давлатҳои аъзои созмон доир гардид.
Зимни он сарони ҳайатҳо муҳим будани тарғиби мероси таърихиву фарҳангии давлатҳои аъзои СҲШ ва тавсеаи имкониятҳои туризмро дар шаҳру минтақаҳояшон махсус таъкид намуданд.
В.Норов оид ба лоиҳаи «Ҳашт муъҷизаи СҲШ» сухан ронда, зикр кард, ки он силсилаи чорабиниҳоест, ки аз ҷониби Котиботи СҲШ пешниҳодгардида, ба мавзӯи сайёҳӣ алоқаманданд.
-Чорабинии нахустин моҳи июни соли 2019 баргузор гардидааст. Ҳадаф аз он тавассути муаррифии «муъҷиза»-ҳои миллии ҳамаи ҳашт мамлакат ба таври васеъ нишон додани захира ва лоиҳаҳои сайёҳӣ, маҳсулоти фарҳангиву эҷодӣ ва хусусиятҳои кишварҳоямон аст,- зикр кард В.Норов ва амалӣ намудани ташаббуси ҷониби Ӯзбекистонро оид ба «Пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии СҲШ» эълон гардидани давлати раисикунандаи созмон муҳим арзёбӣ кард. Айни ҳол санад дар ин бора аз ҷониби таҳлилгарон таҳия мегардад, таъкид намуд ӯ.
Моҳи июл дар пойтахти давлати раисикунанда дар СҲШ-шаҳри Душанбе ташкили вохӯрии идораву муассисаҳои сайёҳии давлатҳои аъзои созмон дар назар аст.
-Мо интизори баргузории ин вохӯрӣ ҳастем,- мегӯяд Владимир Норов, — Ҷониби Тоҷикистон, ки солҳои 2020-2021 дар СҲШ раисикунанда аст, пешниҳод намудааст, ки ҳамчунин моҳи июл Форуми сайёҳии СҲШ доир карда шавад. Изҳори умедворӣ менамоем, ки ин чорабинӣ ба барқароршавии ҳар чи зудтари туризм, болоравии некуаҳволӣ ва сатҳи зиндагии одамоне, ки дар соҳаи туризм шуғл меварзанд, саҳмгузор хоҳад шуд.
Дар конференсия таъкид гардид, ки мутахассисони Шӯрои ҷавонони СҲШ платформаи байналмилалии сайёҳии JoinPRO-ро ба вуҷуд овардаанд, ки имкон медиҳад, одамон аз манзилашон берун нарафта, сайри ҷаҳон намоянд ва таассуроти хуб бигиранд. Ташкилкунандагони ин сайру саёҳатҳо бошанд, тавассути муошират ва барномаҳои мустақим бо ҳамкасбонашон хеш табодули таҷриба намоянд ва аз ҷониби ҳаводорони сайру саёҳатҳо суд ҳам биёбанд.
Омӯзиши платформаи мазкур ва таҷрибаи мутахассисони Шӯрои ҷавонони СҲШ ҷиҳати ташкили сайру саёҳатҳои даврони навин ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ барои кишвари мо низ судманд хоҳанд буд.
Фароҳамсоз Н.НИЗОМӢ,
«Садои мардум»